Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Сурия худро аз Эрон канор бикашад"


Раҳбарони Аҳмадинажод боз ба дидори ҳамтои суриягияш меравад.
Раҳбарони Аҳмадинажод боз ба дидори ҳамтои суриягияш меравад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон зимни суханронӣ дар назди қонунгузорони кишвар гуфт, ИМ талош мекунад, то Сурия худро аз Эрон канор бикашад ва аз таъмини ҷунбиши Ҳизбуллоҳ бо силоҳ худдорӣ кунад.

Ин изҳороти Клинтон як рӯз қабл аз сафари расмии раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Сурия садо дод.

Интизор меравад, Аҳмадинажод ҳамроҳ бо ҳамтои суриягиаш Башир Асад дар маросими таҷлили мавлуди Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ширкат варзад. Ҳафтаи гузашта Димишқ ишора карда буд, ки мехоҳад дар музокироти Эрону кишварҳои Ғарб оид ба барномаи баҳсбарангези хастаии Теҳрон миёнарав бошад.

Хонум Клинтон инчунин гуфт, аз Сурия даъват кардааст, то ба мудохилааш ба умури дохилии Лубнон хотима дода, бо ҳукумати Ироқ ҳамкорӣ кунад ва гуфтушунидҳояшро бо Исроил аз сар бигирад. Ӯ гуфт, тасмими раисҷумҳур Барак Обама дар бораи таъини сафири фавқулодда ва худмухтори Амрико дар Сурия маънои онро надорад, ки ҳама нигарониҳо дар баробари ин кишвари Ховари Миёна ҳалли худро пайдо кардааст. Ба гуфтаи хонум Клинтон, имкони кӯмаки Сурия ба гурӯҳҳои ошӯбгари Ироқ ва дигар кишварҳо, мудохила ба умури Лубнон ва робитаи наздикаш бо Эрон мояи нигаронии Вашингтон боқӣ мемонад.

Обама ба мақоми сафир дар Димишк дипломати ҳирфаӣ Роберт Фордро пешбарӣ кардааст. Ҳилларӣ Клинтон афзуд, таъиноти сафир баёнгари каме беҳбуд ёфтани равобит бо Сурия аст.

Соли 2005 замони раёсати Ҷорҷ Буш бо нишони эътироз аз мудохилаи Сурия ба умури Лубнон баъд аз сӯиқасд ба нахуствазири вақти Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ Амрико сафирашро аз он кишвар фаро хонд. Ҷонибдорони Рафиқ Ҳарирӣ Димишқро дар тарҳрезии сӯиқасд айбдор карда буданд.

Кохи сафед пайваста Димишқ ва Теҳронро дар пуштибонии гурӯҳҳои ошӯбгари минтақа, аз ҷумла Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос айбдор мекунад. Ҳам Сурия ва ҳам Эрон иддао доранд, ки ба Ҳизбуллоҳ фақат кӯмаки маънавӣ мерасонанд ва онро бо силоҳу муҳимот таъмин намекунанд. Вашингтон борҳо гуфта буд, ки Сурия аз убури ғайриқонунии ҷангиён аз марзи Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG