Вай гуфт, аз ташхиси Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон нагузаштани лоиҳаи терминали нав сабаби аслии мутаваққиф шудани сохтмони он шудааст.
Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон афзуд, «албатта мушкиле нест. Фақат тарафҳо, яъне ҷониби Тоҷикистон аз нуқтаи назари қавонини ин кишвар ва ҷониби Фаронса бар асоси қавонини хеш ба ин лоиҳа таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҷониби Фаронса иддао дорад, ки Тоҷикистон маблағи 400 ҳазор евроро бояд пешпардохт кунад ва онҳо корро оғоз хоҳанд кард. Аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин маблағ пардохта хоҳад шуд, вале қабл аз он, бояд лоиҳа аз ташхиси давлатӣ гузарад, то дар раванди иҷрои лоиҳа тағйироте ба вуҷуд наояд. Маблағ аст, лоиҳа вуҷуд дорад, аммо ташхиси давлатии он анҷом нашудааст. Ин як тарафи масъала. Дуввум, ҷониби Фаронса бояд рӯйхати таҷҳизоти воридкарда барои иҷрои лоиҳаро пешниҳод намояд, то онҳо аз андоз озод карда шаванд. Вале аз ташхис нагузаштани лоиҳа монеи ин кор шудааст. Ба ин хотир дар ин мулоқот зимни баррасии ин мавзӯъ ба хулосае омадем, ки мо ба ҷониби Фаронса бовар дорем, ки онҳо лоиҳаро аз ташхис мегузаронанд ва Тоҷикистон ба раванди ташхис нигоҳ накарда маблағи талабкардаи онҳоро тахсис хоҳад дод ва кори лоиҳа дома хоҳад ёфт».
Суол: -Ташхиси лоиҳаро кадом тараф анҷом медиҳад?
Олимҷон Бобоев: -Ҷониби Фаронса бояд лоиҳаро барои ташхис ба Агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон пешниҳод кунад. Танҳо дар сурати мавриди қабул дониста шудани лоиҳаи терминали нави Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути ин ниҳоди давлатӣ, иҷрои он суръат хоҳад гирифт.
Суол: -Пас то ҳол ҷониби Фаронса ин лоиҳаро пешниҳод накардааст?
Олимҷон Бобоев: -Бале, то ҳол лоиҳа аз сӯи Фаронса ба Агентии сохмтон ва меъмории Тоҷикистон пешниҳод нашудааст.
Суол: -Аммо қаблан ин мавзӯъ матраҳ шуд, ки мушкил бар сари истифодаи навъи семент дар иҷрои корҳои сохтмонии терминали нав аст. Пас маълум мешавад, мушкил на аз барои истифодаи навъи семент, балки бар сари маблағ ва лоиҳа аст, оре?
Олимҷон Бобоев: -Маблағ тайёр аст. Имрӯз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои ин захираи молӣ дорад ва пештар 1 миллион ва 500 ҳазор евро низ тахсис додааст. Сабаби то ҳол маблағи 400 ҳазор евро ихтисос наёфтан низ боз ҳам ба ташхис нашудани лоиҳа марбут аст.
Суол: -Аммо ҷониби Фаронса, ки 20 миллион евро ваъда карда буд, оё маблағе барои иҷрои ин пружа пардохт кардааст?
Олимҷон Бобоев: -Бале, барои баъзе корҳои лоиҳакашӣ, корҳои тадқиқотӣ ва заминӣ маблағ ҷудо кардааст.
Суол: -Бо таваҷҷӯҳ ба мушкили пешомада оё лоиҳа дар замони таъиншуда ба анҷом хоҳад расид?
Олимҷон Бобоев: -Тибқи лоиҳа бунёди терминали нави Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бояд дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, яъне моҳи сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор бигирад. Дар ин мулоқот низ ин суолро ба ҷониби Фаронса матраҳ кардам ва онҳо низ гуфтанд, ки бар асоси нақшаи корӣ лоиҳа дар мӯҳлати муқараршуда анҷом хоҳад шуд. Зеро, ҳамакнун қисмати бештари корҳои заминӣ дар ин лоиҳа анҷом шудааст.
Суол: -Аммо ҷаноби вазир бархеҳо бар ин назаранд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонии терминали нав, мавзӯи фасоди молӣ ба вуҷуд омадааст ва ҷониби Фаронса низ дар эътироз ба чунин амалкард, корҳоро мутаваққиф кардааст?
Олимҷон Бобоев: -Иҷрои корҳо дар лоиҳа шаффоф аст. Зеро дар ин лоиҳа паймонкор аз ҷониби ширкатҳои Фаронса аст ва сохтмонро низ онҳо бар ӯҳда доранд. Фақат субподрядчикҳо аз тарафи Тоҷикистон ҳастанд, ки корҳои муайянеро иҷро мекунанд. Бештарини маблағ низ аз сӯи Фаронса ихтисос меёбад ва худи онҳо сохтмонро анҷом медиҳанд. Бинобар ин мавзӯи фасод дар ин пружа ҷо надорад.
Суол: -Мавзӯи дигаре, ки барои ҷомеаи расонаӣ хос аст ва муддати чанд моҳи ахир нигарониҳоеро ба бор овардааст, мушкил бар сари мавҷи пахши барномаҳои шабакаи мустақили «Симои Мустақили Тоҷикистон» ё «СМТ» аст, ки дар ин мавҷ барномаҳои шабакаи ОРТ–и Русия низ пахш мешавад. Чаро ин қазия то ҳол ҳалли ниҳоиро пайдо накардааст?
Олимҷон Бобоев: -Воқеан мушкил сари он аст, ки шабакаи ОРТ–и Русия бояд литсензия ё муҷаввизи фаъолиятро аз ширкати «Тоҷиктелеком» дарёфт кунанд ва вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барои онҳо мавҷ ҷудо хоҳад кард. Ҳоло қазия дар ин марҳала қарор дорад, дар ҳоле, ки ҷудо кардани мавҷ ҳеҷ мушкилӣ надорад. Аммо мавҷи мазкур марбут ба шабакаи «Симои Мустақили Тоҷикистон» аст.
Суол: -Пас чаро вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барномаҳои шабакаи ОРТ–и Русияро дар ин мавҷ қатъ намекунад?
Олимҷон Бобоев: -Комиссияи давлатӣ дар ин замина ташкил шуда ва қарор аст, Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоърасонӣ рӯзи душанбеи 22 феврал аз натоиҷи фаъолият дар ин робита ба вазири нақлиёт ва коммуникатсия гузориш хоҳад дод. Ба ин хотир пас аз баррасии ин масъала ва алалхусус мушаххас кардани заминаҳо ва сабабҳои мушкили ба вуҷуд омада, дар ҷаласаи назди вазир дар ин масъала тасмим гирифта хоҳад шуд. Аммо бояд бигӯям, ки мактуб аз ҷониби Русия омада буд ва Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба онҳо посух дода навишта буданд, ки дар ҷудо кардани мавҷ мушкиле вуҷуд надорад, танҳо дарёфти муҷаввиз барои фаъолият аз сӯи «Тоҷиктелеком» роҳи ҳал аст.
Суол: -Манзур номаи Дмитрий Медведев, раисиумҳури Русия, ба ҷониби Тоҷикистон аст?
Олимҷон Бобоев: -Бале, ин нома ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ворид шудааст ва комиссия низ ба ин хотир таъсис шуда, ки масоилро омӯхта ба сардори давлат дар ин замина гузориш хоҳем дод.
Суол: -Пас, метавон гуфт, ки мавзӯъ на танҳо бар сари пахши барномаҳои шабакаи ОРТ–и Русия, балки дар мавриди дигар шабакаҳои ин кишвар, ки қаблан дар қаламрави Тоҷикистон пахш мешуданд, бастагӣ дорад?
Олимҷон Бобоев: -Сухан дар бораи ҳам шабакаи ОРТ ва ҳам РТР–и Русия меравад. Вале рафти омӯзиш нишон хоҳад дод, ки чи корҳоеро ҷониби Тоҷикистон ва чи иқдомотеро ҷониби Русия бояд анҷом диҳад.