Таҷлили чунин як рӯзи вижа махсусан барои қадрдонӣ аз забонҳои камистеъмолу хурд ва ба хотири пешбурди гуногунзабонӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ интихоб шудааст. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 6700 забон бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ буда, аксари онҳо эҳтимолан то охири қарни ҷорӣ пурра аз байн раванд.
Забони кетӣ охирин намунаи забонҳоест, ки аз оилаи забонҳои енисеӣ боқӣ мондааст. Шумори умумии гӯяндаҳои ин забон ҳоло ҳамагӣ 200 нафарро ташкил медиҳаду халос. Донишмандон мегӯянд, бо вуҷуди чунин камистеъмол шуданаш, забони кетӣ дар асли худ хосса аст: ин забон дорои хазинаи ғании луғавии феъл буда, таърихи аксар вожаҳояш аз суннатҳои ғании ин мардум сарчашма мегирад. Аз нигоҳи забоншиносон, дар сурати комилан аз байн рафтани ин забон як хомӯшии амиқ ба миён хоҳад омад. Грегорӣ Андерсон донишманд ва раиси пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаву дар ҳоли нобудшавӣ аст. Ӯ истилоҳи хомӯширо чунин тавзеҳ кард:
“Агар шумо бо авлодҳои гузаштаи худ дар хобатон гап занед, ин муоширати шумо ба забони англисӣ сурат намегирад. Пас шумо ба кадом забон бо онҳо гап мезанед? Дар миёни онҳое, ки ба забонҳои серистеъмоли мисли англисиву испаниву русӣ сӯҳбат мекунанд ва шумову таърихи ғании шумо - як фосилаи хеле амиқу воқеӣ вуҷуд дорад”.
Оқои Андерсон мегӯяд, забон на танҳо василаи муошират ва пули мухобирот бо гузаштаҳо аст, балки ҳамчунин баёнгари таърихи хеле ғании инсонӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ бошад, хатари азбайнравии забонҳои хурду камистеъмол бо суръати бештар афзоиш ёфта, тибқи ҳисобҳо, ҳамакнун, дар фосилаи ҳар 14 рӯз як забон аз байн меравад. Арзёбиҳои донишмандони забоншинос ҳокист, ки то соли 2100 дар саросари ҷаҳон тақрибан 3500 забон комилан аз байн хоҳад рафт. Ин шумор нисфи забонҳои имрӯз истеъмолшавандаро ташкил медиҳад. Маконҳои аз ин лиҳоз пурхатар Гвинеяи Нав, манотиқи Қафқоз ва Сибир мебошанд. Дар чунин шароит донишмандон талош доранд, ки бо роҳҳои илмӣ барои зинда нигоҳ доштани забонҳо тавассути ҳуҷҷатнигорӣ умри ин забонҳоро дароз кунанд. Ҳарчанд талоши гурӯҳи донишмандон дар муқобили чолиши азими азбайнравии ин забонҳо амалан натиҷа нахоҳад дод. Марк Турин забоншиносе дар бахши инсоншиносии донишгоҳи Кембриҷ ва раиси як созмони адабиёти шифоҳии ҷаҳонӣ аст. Вай мегӯяд:
“Мо ҳоло танҳо дар бораи 5 ё 10 дарсади забонҳои ҷаҳон маълумот дорем. Ҳуҷҷатнигории тозаву давомдор ва хеле дақиқ, ки бо маводи аудиоиву видеоӣ ҳамроҳ анҷом шуда бошад, танҳо дарсади хеле ночизи корро дар ин самт таъмин мекунад. Тамоми фоҷеа дар ин ки агар 5 дарсади забонҳо ба ин шакл сабту муҳофизат шаванд, 95 дарсади онҳо аз мадди назар дур мемонанд”.
Аз сӯи дигар, агар ҳифзу нигаҳдошти адабиёти катбиву шифоҳӣ ва ҳуҷҷатнигории забонҳои дар ҳоли мурдан як бахши муҳими кори илмии донишмандон бошад, аммо ҳеҷ як донишманд наметавонад пеши роҳи нобудшавии забонро бигирад: бо кам шудани намояндаҳои як мардум забони он ҳам аз истеъмол меравад ва боиси ба забони таҳти хатари нобудшавӣ табдил шудани он мегардад. Ҳоло аз рӯи ҳисобҳои донишмандон, 28 дарсади забонҳои камистеъмоле, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд, на бештар аз ҳазор гӯянда доранду, халос. Масалан, забони тираҳии Афғонистон бо 100 гӯяндааш ва ё ломаврени Арманистон бо 50 гӯяндаи охиринаш ба гурӯҳи ин гуна забонҳо шомил мешаванд.
Муҳаққиқон мегӯянд, забонҳои хурд дар бисёр ҳолатҳо хазинаи ғании вожаву ибораҳои тиббиву муҳитзистии миллати худро ташкил медиҳанд. Вале оё сабабҳои аз истеъмол мондани забон дар чист? Доктор Андерсон мегӯяд, ки ин ҷо сабаб зиёд аст:
“Фаъолиятҳои иқтисодӣ бар аксар забонҳову гӯишҳо бартарият доранд, аз ин рӯ, рушду инкишофи забонҳо ба таври мустақим бо таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва шукуфоии ҷомеа вобаста аст. Мардум нисбат ба таҳаввулоти иқтисодӣ хеле ҳассосанд ва дар сурате, ки ба хотири дастёбӣ ба манфиатҳои бештари иқтисодӣ барояшон зарур бошад, ки як забонро ба хотири забони дигар қурбон кунанд, бисёриҳо ба ин чиз роҳ медиҳанд”.
Дар сурате, ки ин гуна тағйирот ба таври огоҳона анҷом наёбад, фишорҳои иҷтимоӣ метавонад ин вазифаро иҷро кунад. Дар чунинҳолатҳо, мегӯяд Андерсон, беҳтар аст, ки бо ҳадафҳои корӣ бо истифода аз забони дар ҳоли мурдан ва забони серистеъмол як забони махлут истифода шавад, то ки ҳадди ақал ба ин шакл забон комилан аз байн наравад. Дар натиҷа, дорандаҳои забонҳои хурду камистеъмол ба хотири анҷоми кор ба омӯзиши забонҳои серистеъмол ё асосии кишвари худ пардохта, забони модарии худро ҳифз мекунанд.
Барои азбайнравии забонҳои хурд бисёр вақт омилҳои сиёсӣ ҳам сабаб мешаванд. Гоҳо ба хотири рушду инкишофи як забони миллӣ ҳукуматҳо доираи истифодаи забонҳои хурду камистеъмолро маҳдуд мекунанд. Дар Сибир бартарияти забони русӣ боиси азбайнравии забонҳои хурди зиёд шудааст. Дар Осиёи Марказӣ масалан, баъди таҳкими мақоми забонҳои миллии мисли қирғизиву ӯзбакиву тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, ҷои забонҳои хурди дигар танг шуд.
Забонҳои помирӣ як намунаи ин вазъ буда метавонад. Дар яке аз дастурҳои мақомоти вилояти Бадахшон ду соли пеш ба хотири татбиқи забони давлатӣ дар миёни кормандони сохторҳои давлатӣ дар дохили идораҳои ҳукуматӣ муошират ба забонҳои помирӣ манъ шуда, танҳо сӯҳбат ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ расм шуд. Забонҳои помирӣ дар мактаби миёна таълим дода намешаванд ва аз ин хотир, доираи истеъмолашон танҳо дар ҳудуди хонаву кӯча боқӣ мондаасту халос.
Забони кетӣ охирин намунаи забонҳоест, ки аз оилаи забонҳои енисеӣ боқӣ мондааст. Шумори умумии гӯяндаҳои ин забон ҳоло ҳамагӣ 200 нафарро ташкил медиҳаду халос. Донишмандон мегӯянд, бо вуҷуди чунин камистеъмол шуданаш, забони кетӣ дар асли худ хосса аст: ин забон дорои хазинаи ғании луғавии феъл буда, таърихи аксар вожаҳояш аз суннатҳои ғании ин мардум сарчашма мегирад. Аз нигоҳи забоншиносон, дар сурати комилан аз байн рафтани ин забон як хомӯшии амиқ ба миён хоҳад омад. Грегорӣ Андерсон донишманд ва раиси пажӯҳишгоҳи забонҳои зиндаву дар ҳоли нобудшавӣ аст. Ӯ истилоҳи хомӯширо чунин тавзеҳ кард:
“Агар шумо бо авлодҳои гузаштаи худ дар хобатон гап занед, ин муоширати шумо ба забони англисӣ сурат намегирад. Пас шумо ба кадом забон бо онҳо гап мезанед? Дар миёни онҳое, ки ба забонҳои серистеъмоли мисли англисиву испаниву русӣ сӯҳбат мекунанд ва шумову таърихи ғании шумо - як фосилаи хеле амиқу воқеӣ вуҷуд дорад”.
Оқои Андерсон мегӯяд, забон на танҳо василаи муошират ва пули мухобирот бо гузаштаҳо аст, балки ҳамчунин баёнгари таърихи хеле
Дар ҷаҳон беш аз 6700 забон бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ буда, аксари онҳо эҳтимолан то охири қарни ҷорӣ пурра аз байн раванд.
“Мо ҳоло танҳо дар бораи 5 ё 10 дарсади забонҳои ҷаҳон маълумот дорем. Ҳуҷҷатнигории тозаву давомдор ва хеле дақиқ, ки бо маводи аудиоиву видеоӣ ҳамроҳ анҷом шуда бошад, танҳо дарсади хеле ночизи корро дар ин самт таъмин мекунад. Тамоми фоҷеа дар ин ки агар 5 дарсади забонҳо ба ин шакл сабту муҳофизат шаванд, 95 дарсади онҳо аз мадди назар дур мемонанд”.
Аз сӯи дигар, агар ҳифзу нигаҳдошти адабиёти катбиву шифоҳӣ ва ҳуҷҷатнигории забонҳои дар ҳоли мурдан як бахши муҳими кори илмии донишмандон бошад, аммо ҳеҷ як донишманд наметавонад пеши роҳи нобудшавии забонро бигирад: бо кам шудани намояндаҳои як мардум забони он ҳам аз истеъмол меравад ва боиси ба забони таҳти хатари нобудшавӣ табдил шудани он мегардад. Ҳоло аз рӯи ҳисобҳои донишмандон, 28 дарсади забонҳои камистеъмоле, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд, на бештар аз ҳазор гӯянда доранду, халос. Масалан, забони тираҳии Афғонистон бо 100 гӯяндааш ва ё ломаврени Арманистон бо 50 гӯяндаи охиринаш ба гурӯҳи ин гуна забонҳо шомил мешаванд.
Муҳаққиқон мегӯянд, забонҳои хурд дар бисёр ҳолатҳо хазинаи ғании вожаву ибораҳои тиббиву муҳитзистии миллати худро ташкил медиҳанд. Вале оё сабабҳои аз истеъмол мондани забон дар чист? Доктор Андерсон мегӯяд, ки ин ҷо сабаб зиёд аст:
“Фаъолиятҳои иқтисодӣ бар аксар забонҳову гӯишҳо бартарият доранд, аз ин рӯ, рушду инкишофи забонҳо ба таври мустақим бо таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва шукуфоии ҷомеа вобаста аст. Мардум нисбат ба таҳаввулоти иқтисодӣ хеле ҳассосанд ва дар сурате, ки ба хотири дастёбӣ ба манфиатҳои бештари иқтисодӣ барояшон зарур бошад, ки як забонро ба хотири забони дигар қурбон кунанд, бисёриҳо ба ин чиз роҳ медиҳанд”.
Дар сурате, ки ин гуна тағйирот ба таври огоҳона анҷом наёбад, фишорҳои иҷтимоӣ метавонад ин вазифаро иҷро кунад. Дар чунин
Мардум нисбат ба таҳаввулоти иқтисодӣ хеле ҳассосанд ва дар сурате, ки ба хотири дастёбӣ ба манфиатҳои бештари иқтисодӣ барояшон зарур бошад, ки як забонро ба хотири забони дигар қурбон кунанд, бисёриҳо ба ин чиз роҳ медиҳанд