Санади мазкур зимни боздиди раисҷумҳури Абхазистон Сергей Багапш аз Маскав имзо шуд. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда Абхазистон ба Маскав иҷозат дод, то дар қаламраваш пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Аз нигоҳи таҳлилгарон, ин иқдом танишҳо миёни Русияву Гурҷистонро афзоиш хоҳад дод.
Баъд аз гуфтушунидҳо дар Кремл санадро дар ҳузури раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои абхазаш Сергей Багапш вазирони дифои ҳар ду кишвар имзо карданд.
Хабаргузории русии Интерфакс навиштааст, тибқи қарордод Русия ҳақ пайдо мекунад, ки ҳам аз бинову муассисоти пойгоҳи низомии мавҷуда истифода барад ва ҳамзамон гурӯҳҳои муштараки неруҳоро созмон диҳад. Гуфта мешавад, мақарри пойгоҳ дар шаҳри бандарии Гадаута воқеъ хоҳад буд ва ин пойгоҳ аллакай 1700 корманд дорад.
Созишнома 49 сол эътибор дошта, бо тамом шудани мӯҳлаташ ҳар дафъа метавонад боз ба панҷ сол тамдид шавад.
Дар арафаи расми имзои созишнома вазири дифои Абхазистон Гарри Купалба гуфт, дар пойгоҳ ҳадди ақал 3 ҳазор сарбозу афсари русӣ, аз ҷумла, нерӯҳои марзбонии хадамоти амниятии Русия мустақар хоҳанд шуд.
Баъд аз расми имзои созишномаи мазкур ва дигар санадҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба Медведев гуфт, ин қарордодҳо ба ӯҳдадориҳои байнулмилалии Русия ҷавобгӯянд. Сегрей Багапш, ки дар паҳлӯи Медведев меистод, сипосашро ба Русия баён намуд.
Ин нахустин сафари расмии Багапш ба хориҷа баъд аз савганд хӯрданаш барои дуввумин даври раёсатҷумҳурӣ мебошад. Багапшро баъд аз интихоботи моҳи декабр баранда эълон намуданд, аммо Ғарб ин интихоботро ба расмият нашинохт.Қудратҳои Ғарб ва паймони НАТО такроран изҳори нигаронӣ намуданд, ки Русия бо ташкили пойгоҳи низомӣ дар Абхазистон ба якпорчагии Гурҷистон таҳдид мекунад.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Темур Якобашвилӣ, вазири Гурҷистон дар умури истиқрори муҷаддад, нақшаи тозаи Русияро ғайриқонунӣ хонд.
Ба думболи ҷанги кӯтоҳмуддат бо Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ дар моҳи августи соли 2008 Маскав Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт. То айни замон танҳо Венесуэла ва Никарагуа ба Русия пайравӣ карданд ва аммо аксари кишварҳои ҷаҳон истиқлоли ин ду минтақаи ҷудоиталабро қабул надоранд.