«Миллат» таҳти унвони «То интихобот 10 рӯз монд» дар сафҳаи аввали худ аксҳоеро аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакил дар МН, Амир Қароқулов, раиси ҲАТ ва Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ ҷо ва сӯҳбатҳои онҳоро дар робита ба интихобот мунташир кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар сӯҳбаташ гуфтааст, ки дар сафи ин ҳизб намояндагони тамоми ақшори ҷомеа узвият доранд. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҲНИТ-ро дигар ҳизбе барои як минтақа набояд шинохт. Истиқболи гарми мардум ҳам дар Хуҷанд ва ҳам дар Кӯлоб шоҳиди он будааст, ки мардум ба ин ҳизб алоқамандии зиёд доранд, ҳарчанд ин таваҷҷӯҳ нороҳатии баъзе аз масъулин дар маҳалҳоро ба вуҷуд меоварад, гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
Дар ҳоле, ки Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲСДТ, аз мудохилаи масъулони ҳукумати шаҳри Конибодом шадидан изҳои нигаронӣ карда ва бар мунсифона доир шудани интихобот тардид кардааст, аммо Амир Қароқулов, раиси ҲАТ, гуфтааст, ба баргузории интихоботи шаффоф шубҳа надорад.
«Фараж», нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ба додгоҳ кашида шудани барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ-и Русияро мавзӯи сафҳаи аввали худ қарор додааст. Нашрия номаи саркушодаи Ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони кории тоҷик» алайҳи ин барномаро мунташир кардааст. Дар ин нома барномаи «Наша Раша» яке аз омилони аслии рехтани обрӯ ва коҳиши нуфузи тоҷикон дар Русия арзёбӣ шудааст.
«Тоҷикистон» танишҳои лафзии миёни мақомоти Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғунро аз нигоҳи коршиносони умури экологӣ ба баррасӣ гирифтааст. Холназар Муҳаббатов, экологи тоҷик, ба далоили зиёд собит сохтааст, ки ба хушкшавии баҳри Арал на камобӣ ва ё сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоикистон, балки истифодаи аз меъёр зиёди оби дарёҳо аз сӯи Ӯзбакистон боис шудааст.
Зимнан, дар ин робита нашрияи «Пайкон» номаи гурӯҳе аз ӯзбактаборони Тоҷикистон ба унвони Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистонро мунташир кардааст, ки дар он аз Каримов даъват мешавад, ки ба сохтмони Роғун мухолифат накунад ва шароит диҳад, ки гази табии ин кишвар ба Тоҷикистон низ ворид шавад.
Роҳи раҳоӣ аз вазъи ба вуҷудомада миёни ду кишвари ҳамсоя суолест, ки нашрияи «Озодагон» бо ҷамъе аз соҳибназарон матраҳ кардааст. Бештари пурсидашудагон гуфтаанд, ки роҳи ягона нишастани роҳбарони сатҳи авал дар сари мизи музокирот аст ва танҳо худи роҳбарони ду кишвар метавонанд ин масъаларо байни ҳам ҳал кунанд.
«Азия-плюс» дар робита ба баҳсҳои бархоста миёни се додрас ва се нашрияи мустақили кишвар дар заминаи чопи як номаи саркушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев матлаберо бо қалами ҳуқуқшинос Ҷунайд Ибодов ба нашр расонидааст. Оқои Ибодов мавқеъгирии додрасҳоро нодуруст хонда, гуфтааст, муқобил гузоштани ҳокимияти сеюм, яъне, додгоҳ бо ҳокимияти чаҳорум, яъне, васоити ахбори омма ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон латма мезанад. Ин ҳам дар ҳолест, ки чопи номаи адвокат Ҷӯраев дар доираи қонун сурат гирифтааст.