Ҳавзаи Файзобод яке аз ҳавзаҳои баҳсбарангез дар интихоботи парлумонӣ унвон мешавад. Дар ин ҳавза 5 номзад, азҷумла додситон Меҳроҷиддин Ҳакимов, номзади ҲНИТ Якоша Кабирӣ, узви ҲХДТ Саймуддин Дӯстов ва ду номзади инфиродӣ, вориди сабқат шудаанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки се номзади ин ҳавза шонси баробар доранд ва натоиҷи интихобот дар ин ноҳия метавонад ғайричашмдошт бошад.
Якоша Кабирӣ, номзад аз ҲНИТ, дар мунозира гуфт, беҳсозии соҳаи маориф ва вазъи занон дар Тоҷикистон аз нуқтаҳои аслии барномаи ӯст. Вай афзуд, «имрӯз бахши маорифи кишвар рисолати худро анҷом намедиҳад ва ба ҷои таълим додан ба тарбияи хонандагон машғул аст. Ҳоло он ки тарбияро оила медиҳад, на мактаб. Бояд ки дар баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ мактабҳо ва донишгоҳҳои хусусӣ таъсис дода шавад, то дар соҳаи маориф рақобат ба вуҷуд ояд ва кадрҳои замонавӣ ва ба талабот ҷавобгӯ омода карда шаванд».
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, агар ваъдаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ амалӣ гардад, баранда хоҳад шуд.
Саймуддин Дӯстов, номзади инфиродӣ ва узви ҲХДТ, гуфт, маҳаки асосии барномаи ӯ ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва пойин бурдани синни нафақа дар кишвар аст.
Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, «агар парлумон ҷоест, ки дар он намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа бояд ворид шаванд, пас мебояд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳам намояндаи худро дар ин ниҳод дошта бошанд. Имрӯз муҳоҷирони кории тоҷик қишри бештари ҷомеаро ташкил медиҳанд ва аз ҳама қишри фаъол ҳастанд. Пас чаро ин қишр дар парлумон намояндаи хешро надошта бошад».
Порчае аз ин мунозираро метавонед дар ин видео бубинед.