Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари нерӯгоҳи Роғун гармтар мешавад


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Ҳафтае, ки мегузарад, баҳсҳо атрофи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки дар Тоҷикистон чун “сохтмони аср” муаррифӣ шудаааст, гармтар кард.

Баъди ҳушдори ахири нахуствазири Ӯзбакистон аз паёмадҳои сохтмони ин нирӯгоҳи азим изҳороти намояндагони дипломатии якбора ду кишвари муттафиқи Тоҷикистон – Русия ва Қазоқистон оид ба омодагӣ дар саҳмгузории бунёди Роғун дар чашми бархе дар Душанбе умедеро ба миён овард, ки Тоҷикистон ниҳоят тавонистааст атрофиёнашро барои бунёди ин тарҳ мутақоид созад.

ПУШТИБОНӢ ВА ШАРТИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар изҳороти ахири сафири Қазоқистон дар Душанбе Абдулатиф Ахмедов аз ҳақи Тоҷикистон барои бунёди ин тарҳ пуштибонӣ шуда, изҳори омодагӣ мешавад, ки Остона метавонад ҳам дар арзёбии фаннӣ ва ҳам сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун саҳмгузорӣ кунад.

Ҳамчунин ҳафтаи ҷорӣ намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев гуфт, ки ширкатҳои азими кишвараш “ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла нирӯгоҳи Роғун тавсеа медиҳанд”. Оқои Яковлев гуфтааст, ки чанд ширкати русии дигар барои ширкат дар сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кардаанд.

Аммо таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳамаи инро бояд мӯҳтотона қабул ва ҷудогона арзёбӣ кард, ба вижа мавқеи Қазоқистон ва Русияро.

Вай меафзояд, “мо на мавқеи ҳукумати Русия, балки бештар мавқеъ ва хоҳиши ширкатҳоеро мебинем, ки дар ин соҳа кор мекунанд. Изҳороти ин ширкатҳои хусусӣ маънои онро надорад, ки ҳукумати Русия мавқеи худро дигар кардааст”.

Қазоқистон, мегӯяд коршинос, бештар бо сабаби дар як мавқеи рақобат бо Ӯзбакистон қарор доштанаш аз Душанбе пуштибонӣ мекунад. Аммо ин пуштибонӣ ҳам шарт дорад, ки он пеш аз ҳама анҷоми арзёбии фаннии ин тарҳ аз ҷониби тарафи сеюм ва бетараф мебошад.

САДДИ АСЛӢ ДАР РОҲИ СОХТМОНИ РОҒУН

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, дар сурати пуштибонии Остона ва Маскав аз Тоҷикистон, дар оянда аз Ӯзбакистон бояд ҳар гуна иқдомҳои ғайри қобили пешбиниро интизор шуд. Вай мегӯяд, “Ӯзбакистон метавонад рафти сохтмонро хеле мураккаб созад. Ин мавқеи Ӯзбакистон ба ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад”.

Таҳлилгар ва хабарнигори ҳафтаномаи “Независимая газета”, чопи Маскав Виктория Панфилова мӯътақид аст, ки мавқеи ҳамсоякишвари “ҷамъияташ 27 миллионнафара” набояд нодида гирифта шавад ва талабот барои арзёбиҳои байналмилалии фаннӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори фоҷеаи нирӯгоҳи Саяно-Шушенски Русия тақозои замон ва шароити имрӯз аст.

Хонум Панфилова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин тарҳи азимро танҳо бо ҳашари ҳамагонӣ сохтан мумкин нест. Худи Тоҷикистон ин қадар пулро дар ихтиёр надорад”. Ба гуфтаи ӯ, “ин тарҳ аллакай аз як проекти иқтисодӣ ба як тарҳи сиёсӣ табдил шудааст. Ва ҳоло роҳ фақат ин аст, ки ҳама сари мизи гуфтушунид нишинанд ва баҳсу баррасии зиёду тӯлонӣ кунанд, то ки ба як натиҷае даст ёбанд”.

Вай мегӯяд, мавқеи Маскав дар нисбати ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд ҳамонгуна аст, ки буд ва тағйир наёфтааст.

ИМТИҲОНИ ҶИДДӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои солҳои 1970-уми шӯравӣ шурӯъ шуда, вале бо далелҳои фанниву молӣ анҷомношуда монд.

Мутахассисони фаннӣ ин пружаро хеле мушкил ва серхарҷ арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мекунанд, ки ҳоло мушкилоти Тоҷикистон барои анҷоми пурраи ин тарҳ ҳатто дар сурати набуди мухолифатҳои ҷонибҳои дуюму сеюм дар пеш аст. Чунки дар баробари пулу харҷи зиёд, ин нирӯгоҳ ба мутахассисони касбӣ ниёзманд аст.

Зимнан, дар мулоқоти ахири раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон бо раисиҷумҳури ин кишвар дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонӣ аз мавқеи Душанбе барои сохтмони Роғун таъкид шудааст, ки ҳукумат бояд дар фикри “тарбияи мутахассисони баландпояи касбӣ дар бахши энержӣ” бошад.
XS
SM
MD
LG