Сино Тоҳирзода, яке аз ширкаткунандагони конфронс, мегӯяд, заминларзаи шадид дар Ванҷ ва обшавии пиряхи Федченко аз нишонаҳои таъғирёбии иқлим дар кишвар аст, ки дар муқобили он набояд бетараф буд. Ба андешаи Сино, бояд ҳар як наврас барои тозагии табиат масъулият эҳсос кунад.
Дар конфронс ҷавонон дар баробари мавзӯъҳои мухталифи муҳитзистӣ, таъсири инсон дар тағйири иқлимро низ баррасӣ намуданд.
Саёҳат Султонова, раҳбари клуби мубоҳисони маркази муҳитзистии пойтахт, мегӯяд, мо мехоҳем аз ҷавонон даъват намоем, ки рафторашонро нисбат ба табиат иваз кунанд.
Саёҳат гуфт, «мо хулосаҳои дар натиҷаи баҳсҳоро бо пешниҳоди роҳҳали он ба ҳукумат ва ҷомеаи байнулмилалӣ ирсол хоҳем кард.»
Дар ин конфронс ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои захоири алтернативии энержӣ, истифодаи босамари об ва таъсири инсон ба муҳити зист маърӯза хонданд.
Комрон Асозода, донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишоҳи славянӣ, гуфт, Тоҷикистон дорои ҳамаи захираҳои табиӣ, назири об, бод, нерӯи офтоб аст, ки барои истеҳсоли барқ мусоидат мекунад. Ба гуфти ӯ, «барои Тоҷикистон аз ҳама муфид сохтани нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ аст. Аммо дар баробари ин мо набояд дар хусуси сарфаи барқ фикр накунем».
Мушкили дастраси ба об ва ифлосшавии ҳавзу дарёҳо мавзӯи гузориши Зевар Давлатмамадова, як хонанадаи мактаби миёнаи 55–уми пойтахт, буд. Вай бо омӯзиши ин мавзӯъ ба хулосае омадааст, ки бо сабаби фарсуда шудани лӯлаҳо об он наметавонад то ба манзилҳо бирасад.
Зевар афзуд, «дидани ҳоҷатхонаҳо дар баъзе аз деҳот, дар назди дарё хеле аламовар аст. Дар ин ҳол то ҷорӣ шудани оби дарё ба якчанд километр набояд обашро истифода кард. Ин мушкили ҷиддӣ аст ва бояд мубориза бурд».
Конфронс тайи се рӯз давом дошт ва ширкатдорон баъди баррасӣ ва муҳокимаи мушкилоти доғ ва роҳҳали он дурнамои яксолаи худро таҳрезӣ карданд.