Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози чопи баргаҳои интихоботӣ


Чопи баргаҳои раъй барои интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлиси вакилони маҳаллии Тоҷикистон дар чопхонаи «Шарқи Озод» шурӯъ шудааст.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, гуфт, дар маҷмӯъ 16 миллион баргаи раъй дар ин чопхона ба нашр хоҳад расид. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳудуди 12 миллион баргаи раъй чоп шуда буд.

Ҷаноби Болтуев гуфт, баргаҳо панҷ навъ хоҳанд буд. Вай афзуд, «баргаҳои раъй барои аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ дараҷаҳои муҳофизатӣ доранд, ки ҳар навъ тақаллуб ҷилавгирӣ мекунад. Баргаҳои раъй барои вилоёту шаҳрҳо, ноҳия ва ҷамоатҳо бо рангҳои сурх, кабуд ва зард чоп мешавад, то ки дар ҳисоби овозҳо мушкил пеш наояд».

Ба гуфтаи масъулони Кумиссиюни марказии интихобот, ба ҳар раъйдиҳанда дар рӯзи интихоботи 28 феврал панҷ баргаи раъй, яъне баргаҳои раъйи аҳзоби сиёсӣ, номзади ҳавзаи инфиродӣ, номзадҳои вилоятҳову шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоату деҳот, дода хоҳад шуд.

Евгений Слобада, раҳбари нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, гуфт, «нозирони мо дар раванди шурӯи чопи баргаҳои раъй ширкат карданд. Ман чунин меҳисобам, ки ин кор дар чаҳорчӯби қонуни интихоботи Тоҷикистон ва бар асоси барномаи тарҳрезикардаи Кумиссиюни марказии интихобот сурат мегирад. Дар ҳама кишварҳое, ки интихобот баргузор мешавад, ҳатман баргаҳои раъй дар дохили кишвар чоп мешаванд».

ШУБҲА ДАР ШАФФОФИЯТИ ЧОПИ БАРГАҲО

Аммо Шодавлат Шонусайриев, коршиноси масоили интихоботӣ, бар ин назар аст, ки чопи баргаҳои раъй дар чопхонаи давлатӣ шаффофияти мизони чопи онҳоро зери суол мебарад.

Ба гуфтаи Шонусайриев, таҷрибаи интихоботҳои қаблӣ ҳокист, ки баргаҳои райъ бештар аз мизони муқарраршуда чоп шуда ва тавассути афроди алоҳида ба нафъи ҳизбу номзадҳои давлат дар қуттиҳои райъ андохта мешаванд. Вай бар ин назар аст, ки баргаҳои раъй бояд дар як чопхонаи мустақил ва таҳти назорати вижаи нозирони байналмилалӣ интишор шавад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонун, Комиссиюни марказии интихобот масъулияти баргузории интихоботи парлумониро дорад. Афзун бар ин масъулони ин комиссиюн мегӯянд, чопи баргаҳои раъй дар чопхонаи «Шарқи Озод» ба хотири мавҷуд будани таҷҳизоти зарурии чопӣ ва аз сӯи дигар ба ҳадафи сарфакории маблағҳо сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони Комиссиюни марказии интихобот, барои чопи баргаҳои раъй дар чопхонаи «Шарқи Озод» маблағи як миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG