Ин нахустин зуҳури ӯ дар мазҳари ом аз замони эълони пирӯзии рақибаш Виктор Янукович дар интихоботи рӯзи 7 феврал буд.
Азбаскӣ Янукович дар даври ниҳоии раъйгирӣ бо фарқи андаке бар Тимошенко баранда эълон шуд, кишвар акнун гӯшбақимор шудааст, ки қадами баъдии хонум Тимошенко кадом хоҳад шуд? Оё ӯ пирӯзии Януковичро хоҳад пазируфт ва ё натоиҷи эълоншударо ба чолиш хоҳад кашонд ва тавре ҳам, ки вакилони ҳизбаш дар парлумон таҳдид карда буданд, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Набуди ӯ чунон тӯл кашид, ки дар кӯчаҳои Киев, пойтахти Украина, ҳатто шӯхӣ мекарданд, ки ӯ дар ягон толори ороиши мӯй банд мондааст ва акнун, барои кокулҳои пуровозааш ягон алтернативаи баъдазинтихоботӣ меҷӯяд.
Аммо дар нахустин мавриди дигарбора дар мазҳари ом зоҳир шуданаш, яъне дар ҷаласаи кобинаи вазирони Украина, сарвазир Юлия Тимошенко аз ифшои билофосилаи барномаҳои баъдиаш худдорӣ варзид. Баръакс, ӯ ибтидо бо аъзои кобина масоили марбут ба сиёсати ҳифзи сиҳҳат ва масоили дигари иҷтимоиро баррасӣ кард ва танҳо баъд ба айбдор кардани рақибаш Виктор Янукович дар тақаллуби раъйҳо пардохт. Хонум Тимошенко гуфт, “ин рӯшан аст, ки касе аз тими Янукович дар фикри беҳбуди меъёрҳои иҷтимоӣ нест, ин ҳама таблиғоти пешазинтихоботӣ буд. Аллакай баъди интихобот, сӯҳбати тақаллуб дар ҷараёни маърака рӯ зад ва мардум бояд зимни иттихози тасмимҳои баъдии сиёсии худ ин нуктаро дар назар бигиранд.”
Кумиссиюни марказии интихоботи Украина бар асоси шумориши кулли оро Виктор Януковичро барандаи муқаддамотии даври дуввум эълон кард. Бино ба натоиҷи ин шумориш, Янукович 48,95 ва Тимошенко ҳудуди 45, 47 дарсади ороро ба даст овардаанд. Янукович амалан назар ба рақибаш ҳамагӣ 888 0000 раъйи зиёдтар гирифтааст, ки барои Украинаи дорои 46 миллион ҷамъият, албатта, фарқи андак аст.
Натоиҷи ниҳоии интихобот бояд то 17-уми феврал эълон шавад, вале Виктор Янукович рӯзи чоршанбе аз рақибаш Юлия Тимошенко даъват кард, бохташро эътироф кунад ва аз мақоми сарвазирии Украина истеъфо диҳад: “Ман расман аз Тимошенко даъват мекунам, ки истеъфо дода, ба мухолифат гузарад. Ман ҳамчунин аз аъзои эътилофи ҳоким даъват мекунам, ки ин эътилофро пароканда кунанд, то ки ман битавонаш музокиротро бо фирқаҳои мухталиф пиромуни ташкили давлати ҷадид шурӯъ кунам.”
Борис Колесников, яке аз раҳбарони маъракаи пешазинтихоботии Янукович гуфт, агар Тимошенко истеъфо надиҳад, ӯро аз мақом барканор хоҳанд кард ва Янукович сарвазири навро пайдо хоҳад кард.
Аммо вакилони парлумон аз эътилофи Юлия Тимошенко иддао доранд, ки интихобот бо тақаллуби фаровон сурат гирифт ва сарвазир натоиҷи эълоншудаи даври дуввуми раъйгириро тавассути додгоҳ ба чолиш хоҳад кашонд. Серҳий Власенко, як вакил аз эътилофи Тимошенко гуфтааст, ин эътилоф шумориши дубораи оро дар тамоми ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар вилоятҳои Донетску Луганск ва Қрим – пойгоҳҳои аслии Янукович дар шарқи Украинаро тақозо хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки нозирони байналмилалӣ ва САҲА интихоботи Украинаро шаффоф ва одилона номидаанд.
Қарор буд, ки Тимошенко дар рӯзҳои аввали баъд аз даври дуввум иқдомоти баъдии худро тавассути як паёми вижа ба мардум эълон кунад, ки то кунун накардааст. Ба дунболи нишасти имрӯзи кобинаи вазирон, яке аз мушовирони наздики Тимошенко – муовини сарвазир Олександр Турчинов гуфт, кобинаи Тимошенко кадом барномаи довталабона ба истеъфо рафтанро надорад.