Ин гузориш вазъи озодии баёнро дар кишварҳои зиёд интиқод карда мегӯяд, соли гузашта дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон 110 журналист ва корманди расонаҳои хабарӣ ҳангоми иҷрои вазифаи худ кушта шуданд.
Гузориш ҳокист, ки аз миёни кишварҳои саркӯбгари озодии баён ва садои журналистон исми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри феҳрасти давлатҳои муҷозот ва зиндоникунандаи журналистон дар соли гузашта сабт шудааст. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот, мақарраш дар Вена, дар гузориши худ менависад, дар аҳди раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманаӣ Эрон чандин сиёсати саркӯбкунандаи озодии матбуот пиёда шуда буд, вале соли гузашта дар Эрон дар давоми як сол беш аз сад рӯзноманигор ва корманди матбуот, блогнависҳои маҳаллӣ дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии ин кишвар зиндонӣ ва ҳатто кушта шуданд. Яке аз сардабирони таҳқиқоти марбут ба вазъи озодии баён дар ҷаҳон Энтони Миллз мегӯяд, дар соли гузашта Эрон аз давлатҳое буд, ки тамаркузи хеле ҷиддиро дар заминаи пахши озодии баён ба худ ҷалб кардааст:
“Ҳукумат ҳама шаклҳои ироаи иттилоот, радду бадали блогнависҳову журналистҳо ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки бо табодули маълумот оид ба интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии моҳи июн машғул буданд, саркӯб кард. Ин намунаи ҳукуматест, ки аз роҳи хафакунии гузоришҳои мустақил машғул аст, то ки ҳеҷ як хабар, ба шакли навишта ё видеоӣ оид ба рӯйдодҳое, ки ба таҳаввулоти ахири кишвар таъсири хеле зиёд доштааст, берун наравад”.
Илова ба ин, гузориши мазкур оид ба бекор шудани муҷаввизи бархе аз нашрияҳои ислоҳталабон ва иҷборан аз чоп мондани онҳо хабар додааст.
Яке аз муҳимтарин бахшҳои гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот ба ҳодисаҳои куштори журналистон ва кормандони матбуот ихтисос ёфтааст. Дар соли 2009 дар саросари ҷаҳон 110 журналист дар ҷараёни иҷрои вазифа ва ё ба хотири журналист буданашон кушта шуданд. Ин баёнгари он аст, ки дар давоми даҳ соли охир соли гузашта барои журналистон пурхушунаттарин будааст.
Дар тӯли даҳ соли гузашта дар саросари ҷаҳон 735 журналист ба хотири иҷрои вазифаашон кушта шуданд, аз ин кушторҳо 170 мавридаш дар Ироқ ба қайд расидааст. Дар давоми даҳ соли гузашта Ироқ ба пурхатартарин маконҳои кору фаъолияти журналистон дар ҷаҳон табдил шуд. Энтони Миллз бо зикри ин ҳама мегӯяд, дар ин муддат боз як тамоюли нави нигаронкунанда ба мушоҳида мерасад:
“Даҳсолаи гузашта аслан аз марҳилаҳои пешин як тафовути ҷиддӣ дорад, ки ин ҳам куштори махсус ва ҳадафмандонаи журналистон дар давлатҳои мисли Ироқ, Афғонистон, Сомалӣ ва ё Покистон мебошад. Ингуна як гардише симои низоъҳои хунини ин кишварҳоро аслан дигар карда, пайгирии рӯйдодҳоро дар ин давлатҳо коҳиш додааст. Ва аз ҳамин хотир ҳам дар дарки комили таҳаввулоти ин кишварҳо дар ниҳоят як халое ба миён омадааст”.
Дар миёни давлатҳои дигаре, ки вазъи журналистон аз лиҳози хатари кор ва таҳдид ба куштор дар онҳо хеле баланд аст, Русия ҷои намоёнро касб кардааст. Ин кишвар дар миёни давлатҳое, ки баландтарин мизони куштори журналистон дар он ба қайд мерасад, дар мақоми панҷум қарор дорад.
Дар тӯли солҳои 2000 то 2009 дар Русия 35 журналист кушта шуданд ва панҷ нафари онҳо дар соли гузашта барои иҷрои вазифаҳои касбии худ ҳадаф қарор гирифтанд. Энтони Миллз мегӯяд, як нуктаи муҳими нигаронкунанда дар мавриди Русия ин аст, ки ҳамакнун тамоюли нокушода мондани парвандаҳои ҷиноӣ, бетаҳқиқ ва бемуҷозот мондани қотилон ба қазияҳои журналистон ҳам асар кардааст.
Нуктаи ҷолиби дигари ин гузориш ба арзёбии вазъи озодии баён ва шароити кори журналистон дар Қазоқистон ихтисос ёфтааст. Дар ин давлате, ки ҳоло раҳбарии давраии САҲА-ро ба ӯҳда дорад, нишондодҳои озодии баён дар соли гузашта хеле поин рафта, фишор болои матбуоти мустақил афзоиш ёфтааст.
Дар дигар манотиқи Осиёи Марказӣ, мегӯяд ин гузориши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот, ҳамлаҳои хушунатомез болои журналистон ҳам ба хотири пуштибонӣ аз андешаҳои зиддидавлатӣ ва ҳам ба шакли ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ хеле фаровон ба қайд расидааст. Дар охири сол дар Қирғизистон журналисти мухолифи давлати Қазоқистон Геннадий Павлюк кушта шуд, ки идомаи силсилаи кушторҳои кормандони матбуот арзёбӣ мешавад.
Ҳарчанд дар ин гузориш оид ба вазъи озодии баён ва кори журналистон дар Тоҷикистон арзёбии махсусе анҷом нашудааст, вале бар тибқи иттилои гурӯҳҳои мудофеи озодии баёни байналмилаливу маҳаллӣ, мисли Freedom House (Хонаи Озодӣ, мақарраш Амрико) ва Анҷумани расонаҳои миллӣ (НАНСМИТ), соли 2009 вазъи ин кишвар аз лиҳози озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ бетағйир монда, Тоҷикистон ҳамоно як давлати ноозод боқӣ мондааст. Freedom House мегӯяд, ин кишвар “дар миёни давлатҳои дорои нишондодҳои пасттарин қарор дошта, ба ҳеҷ пешравии назаррасе даст наёфтааст”.
Вале бо назардошти парвандаҳои пурсарусадои додгоҳиву даъвоҳои бархе сохторҳои давлатӣ бо матбуоти озод дар оғози имсол бисёр таҳлилгарон мегӯянд, эътибори Тоҷикистон хеле коста хоҳад шуд. Дар моҳҳои январу феврали имсол нигаронии созмонҳои мудофеи озодии баёнро даъвоҳои додгоҳии сохторҳои давлатӣ бо нашрияҳои мустақили мисли “Азия-плюс”, “Миллат”, “Озодагон”, “Пайкон”, “Фараж” аз фишор ва кӯшиши бештар маҳдуд сохтани озодии баён дар Тоҷикистон афзун кард.
Дар Покистон соли 2009 ҳашт журналист кушта шуданд. Иллати ин дар идомаёбии амалиёти зиддишӯришиён дар манотиқиқабиланишини таҳти нуфузи Толибон аст, ки боис ба маҳдуд шудани имконияти берун шудани маълумот аз дохили ин кишвар гаштааст. Аз миёни ин шумори журналистон панҷ нафарашон дар вилояти Вазиристони Шимолӣ ва водии маъруфи Свот ҳангоми иҷрои вазифа ё ба хотири журналист буданашон кушта шуданд.
Ва ниҳоят Афғонистон – давлате, ки дар он оташи хушунатҳо ҳамоно хомӯш нашудааст, аз маконҳои дигари пурхатари кор барои журналистон арзёбӣ мешавад. Дар ин ҷо соли гузашта се журналист, аз ҷумла як хабарнигор ва тарҷумон Султон Мунодӣ ҳангоми кӯшиши озодкунии ҳамкораш аз нашрияи амрикоии New York Times ҷони худро аз даст дод.
Эрон – зиндони журналистон
Гузориш ҳокист, ки аз миёни кишварҳои саркӯбгари озодии баён ва садои журналистон исми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри феҳрасти давлатҳои муҷозот ва зиндоникунандаи журналистон дар соли гузашта сабт шудааст. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот, мақарраш дар Вена, дар гузориши худ менависад, дар аҳди раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманаӣ Эрон чандин сиёсати саркӯбкунандаи озодии матбуот пиёда шуда буд, вале соли гузашта дар Эрон дар давоми як сол беш аз сад рӯзноманигор ва корманди матбуот, блогнависҳои маҳаллӣ дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии ин кишвар зиндонӣ ва ҳатто кушта шуданд. Яке аз сардабирони таҳқиқоти марбут ба вазъи озодии баён дар ҷаҳон Энтони Миллз мегӯяд, дар соли гузашта Эрон аз давлатҳое буд, ки тамаркузи хеле ҷиддиро дар заминаи пахши озодии баён ба худ ҷалб кардааст:
“Ҳукумат ҳама шаклҳои ироаи иттилоот, радду бадали блогнависҳову журналистҳо ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки бо табодули маълумот
Соли гузашта дар Эрон дар давоми як сол беш аз сад рӯзноманигор ва корманди матбуот, блогнависҳои маҳаллӣ дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии ин кишвар зиндонӣ ва ҳатто кушта шуданд.
Илова ба ин, гузориши мазкур оид ба бекор шудани муҷаввизи бархе аз нашрияҳои ислоҳталабон ва иҷборан аз чоп мондани онҳо хабар додааст.
Ироқ – хатарноктарин макон
Яке аз муҳимтарин бахшҳои гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот ба ҳодисаҳои куштори журналистон ва кормандони матбуот ихтисос ёфтааст. Дар соли 2009 дар саросари ҷаҳон 110 журналист дар ҷараёни иҷрои вазифа ва ё ба хотири журналист буданашон кушта шуданд. Ин баёнгари он аст, ки дар давоми даҳ соли охир соли гузашта барои журналистон пурхушунаттарин будааст.
Дар тӯли даҳ соли гузашта дар саросари ҷаҳон 735 журналист ба хотири иҷрои вазифаашон кушта шуданд, аз ин кушторҳо 170 мавридаш дар Ироқ ба қайд расидааст. Дар давоми даҳ соли гузашта Ироқ ба пурхатартарин маконҳои кору фаъолияти журналистон дар ҷаҳон табдил шуд. Энтони Миллз бо зикри ин ҳама мегӯяд, дар ин муддат боз як тамоюли нави нигаронкунанда ба мушоҳида мерасад:
“Даҳсолаи гузашта аслан аз марҳилаҳои пешин як тафовути ҷиддӣ дорад, ки ин ҳам куштори махсус ва ҳадафмандонаи журналистон дар давлатҳои мисли Ироқ, Афғонистон, Сомалӣ ва ё Покистон мебошад. Ингуна як гардише симои низоъҳои хунини ин кишварҳоро аслан дигар карда, пайгирии рӯйдодҳоро дар ин давлатҳо коҳиш додааст. Ва аз ҳамин хотир ҳам дар дарки комили таҳаввулоти ин кишварҳо дар ниҳоят як халое ба миён омадааст”.
Русия ва Осиёи Марказӣ - фишорҳои афзоянда
Дар миёни давлатҳои дигаре, ки вазъи журналистон аз лиҳози хатари кор ва таҳдид ба куштор дар онҳо хеле баланд аст, Русия ҷои
Дар тӯли даҳ соли гузашта дар саросари ҷаҳон 735 журналист ба хотири иҷрои вазифаашон кушта шуданд, аз ин кушторҳо 170 мавридаш дар Ироқ ба қайд расидааст.
Дар тӯли солҳои 2000 то 2009 дар Русия 35 журналист кушта шуданд ва панҷ нафари онҳо дар соли гузашта барои иҷрои вазифаҳои касбии худ ҳадаф қарор гирифтанд. Энтони Миллз мегӯяд, як нуктаи муҳими нигаронкунанда дар мавриди Русия ин аст, ки ҳамакнун тамоюли нокушода мондани парвандаҳои ҷиноӣ, бетаҳқиқ ва бемуҷозот мондани қотилон ба қазияҳои журналистон ҳам асар кардааст.
Нуктаи ҷолиби дигари ин гузориш ба арзёбии вазъи озодии баён ва шароити кори журналистон дар Қазоқистон ихтисос ёфтааст. Дар ин давлате, ки ҳоло раҳбарии давраии САҲА-ро ба ӯҳда дорад, нишондодҳои озодии баён дар соли гузашта хеле поин рафта, фишор болои матбуоти мустақил афзоиш ёфтааст.
Дар дигар манотиқи Осиёи Марказӣ, мегӯяд ин гузориши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот, ҳамлаҳои хушунатомез болои журналистон ҳам ба хотири пуштибонӣ аз андешаҳои зиддидавлатӣ ва ҳам ба шакли ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ хеле фаровон ба қайд расидааст. Дар охири сол дар Қирғизистон журналисти мухолифи давлати Қазоқистон Геннадий Павлюк кушта шуд, ки идомаи силсилаи кушторҳои кормандони матбуот арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистон – «ҳеҷ пешравие нест»
Ҳарчанд дар ин гузориш оид ба вазъи озодии баён ва кори журналистон дар Тоҷикистон арзёбии махсусе анҷом нашудааст, вале бар тибқи иттилои гурӯҳҳои мудофеи озодии баёни байналмилаливу маҳаллӣ, мисли Freedom House (Хонаи Озодӣ, мақарраш Амрико) ва Анҷумани расонаҳои миллӣ (НАНСМИТ), соли 2009 вазъи ин кишвар аз лиҳози озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ бетағйир монда, Тоҷикистон ҳамоно як давлати ноозод боқӣ мондааст. Freedom House мегӯяд, ин кишвар “дар миёни давлатҳои дорои нишондодҳои пасттарин қарор дошта, ба ҳеҷ пешравии назаррасе даст наёфтааст”.
Вале бо назардошти парвандаҳои пурсарусадои додгоҳиву даъвоҳои бархе сохторҳои давлатӣ бо матбуоти озод дар оғози имсол бисёр таҳлилгарон мегӯянд, эътибори Тоҷикистон хеле коста хоҳад шуд. Дар моҳҳои январу феврали имсол нигаронии созмонҳои мудофеи озодии баёнро даъвоҳои додгоҳии сохторҳои давлатӣ бо нашрияҳои мустақили мисли “Азия-плюс”, “Миллат”, “Озодагон”, “Пайкон”, “Фараж” аз фишор ва кӯшиши бештар маҳдуд сохтани озодии баён дар Тоҷикистон афзун кард.
Толибон – душмани журналистон
Дар Покистон соли 2009 ҳашт журналист кушта шуданд. Иллати ин дар идомаёбии амалиёти зиддишӯришиён дар манотиқи
Freedom House мегӯяд, Тоҷикистон “дар миёни давлатҳои дорои нишондодҳои пасттарин қарор дошта, ба ҳеҷ пешравии назаррасе даст наёфтааст”