Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қадима боз вакил шуданианд


Рӯзе пайи таҳқиқи мавзӯе бароям лозим шуд, ки акси чанд зани вакили то ҳанӯз исмашон маъруфро пайдо кунам. Пайи дарёфти китоби ба тозагӣ чопкардаи парлумони Тоҷикистон рафтам. Ҳаҷми китоб сабаб шуд, ки ман онро дар утоқи дӯстам панҷ соат варақгардон кунам.

Албатта, ман фурсати панҷ соат варақгардон кардани китобро надоштам, чун корҳои дигарро низ бояд анҷом медодам. Вале аксҳои панҷу шаш маротиба дар сафҳаҳои китоб ҷойгиршудаи бархе аз вакилон маро водор кард, ки ин китобро то саҳифаи охирин варақ занам.
Китоби ғафси калон акси беш аз 1000 вакили даврае аз соли 1937 то 2009-ро дар бар мегирад. Ҳарчанд хостам ки барои эҳтиром исми ин вакилонро наорам, аммо касбият тақозо мекунад. Яъне ин вакилон собиқаи 20-солаи парлумонӣ доранд: Сафаралӣ Раҷабов, Сайдулло Хайруллоев, Сафар Сафаров, Давлатали Давлатзода, (номзади навбатии ҲХДТ) Зууракан Давлаталиева, Шодӣ Давлатов, Абдуҷалил Салимов, Юсуфҷон Аҳмадов...

Ба истисное, ки як каме дар ин байн «ҳавогирӣ»- рафта будан ба мансабҳои дигар, вале боз ҳам баргаштанд ба парлумон. Вале суоли матраҳ ин аст ин вакилони собиқадор тӯли ин солҳо барои интихобкунандаи хеш чӣ кореро анҷом доданд.

Ду аср дар парлумон будан кори содаву осон нест. Охири асри бист ва аввали асри бисту як, кафолати намояндаи мардумӣ будан, кори саҳлу ва бозӣ нест.

Албатта Шодӣ Шабдолов, Юсуфҷон Аҳмадов, ва номзадҳои соли 2005 инҷониб Муҳиддин Кабирӣ, Акрамшо Феълалиев инҳо вакилҳое буданд, ки воқеан аз вакилии хеш нақш гузоштанд. Яъне «паланги» беша буданд.

Ин навбат ҳам бархе аз ин вакилони дуасра боз довталаби парлумон ҳастанд. Ба мисли Сафаралӣ Раҷабов, Давлаталӣ Давлатзод, аз ҲХДТ. Бо вуҷуди бархе аз ин вакилони дорои собиқаи аз 10 то 20-сола то ҳанӯз барои мардум ноошно аст, аҷиб аст ки боз ҳам номзад ҳастанд. Ва боз ҳам «камари ҳиммат» баста ба назди интихобкунандагон мераванд ва боз ҳам мегӯянд, ки барои ман раъй диҳед. Ва ман ба дарди ШУМО мехӯрам.

Сафи вакилони ду асраро низ, ҳамтоёни дигарашон ин навбат ҳам пур карданӣ ҳастанд, яъне нафароне ки аз соли 2005 ин сӯ вакил набуданд ҳамакнун боз номзад ҳастанд ва аз ҲХДТ. Айб он нест ки вакилон 20-30 сол мешавад, ки вакил ҳастанд. Чун дар Амрикову Африқо нафароне ҳастанд, ки собиқаи 50-солаи сенат ё конгрессҳоро доранд. Вале ҷойи суол аст, ки тӯли собиқаи дароз вакилон парлумони мо чӣ кореро барои мардум анҷом додаанд. Ба қавле аз дасташон чӣ омад.

Ман дар чанд вохӯрии вакилони собиқадор иштирок намудам. То аз наздик бинам ки онҳо дар бораи кадом корҳои анҷомдодашон ҳисобот медиҳанд ва нақшаи иҷрои кадом хостаҳои мардумро доранд. Вале ҳамааш мегуфтанд, ки “кишвари мо, шукри истиқлол, пешрафт дорад, мардум нонша меёбаду мехӯрад, биноҳо сохта шуда истодаанд, Рогун сохта мешавад. Ҳаёту мамот ҳама хуб аст, ва ғайра”.

Пас агар ҳама хуб аст, пас барои чӣ боз вакил мешавед? Вақте ин суолро ба яке аз номзадҳо додам, гуфт: “ягон давлат бе парлумон намешавад, медонӣ Тоҷикистон шарманда мешавад, агар парламент ва вакил надошта бошад,”

Фаҳмидан душвор аст, ки парлумони Тоҷикистон, ниҳоди қонунгузор ва сарнавиштсоз аст ва ё ҷойи ваъдахилофон ва романтикҳо, вакилӣ барои тағйир додани ҷаҳону зиндагист аст ё ба маҳзи курсинишинӣ ва доштани парлумон. Вакилон бештар ҳавасманди онанд, ки ному акси худро дар китоби ғафсу бузургҷуссаи парлумон ҷой кунанд ва ё дар китоби таърих?
XS
SM
MD
LG