Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт соли зиндон ба узви ал-Қоида


Додгоҳи олии Тоҷикистон як шаҳрванди 33-солаи ин кишварро бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии ал-Қоида ба мӯҳлати 8 сол зиндонӣ кард.

Абдуҳаким Мирзоев, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки муҳокимаи парвандаи ин нафарро бар ӯҳда доштааст, гуфт, сокини ноҳияи Ҷилликӯл Маҳмадсаид Мирзоев ба ҳангоми иқомат дар ҳиҷрат шомили ал-Қоида шуда, то чанд вақте дар як мактаби вижаи ин созмон бо номи Форуқи шаҳри Хусти Афғонистон таълими низомӣ дидааст.

Бар пояи маълумоти мақомоти тафтишот, Маҳмадсаид Мирзоев дар соли 1992 замони муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишвар ҳамроҳ бо дигар аз шаҳрвандон Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк мекунад. Ӯ дар соли 1996 ба як мактаби махсусе, ки аз сӯи фармондеҳони афғон ва устодони арабӣ ташкил шудааст, ҷалб мешавад. Ба қавли муфаттишони қазия, баъди ду сол, яъне дар соли 1998, дар ҷараёни яке аз машқҳои низомӣ Мирзоев ба мина бархӯрда, захмӣ мешавад ва сипас ба ватан бармегардад. Ӯ аз соли 1998 то соли гузашта дар зодгоҳи худ зиндагӣ мекард. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар моҳи августи соли гузашта боздошт намуданд.

Бар пояи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли гузашта 11 нафар аз сокинони ин кишвар бо иттиҳоми узвият дар созмони байналмилалии террористии ал-Қоида дастгир шудаанд. Афзоиши мавориди боздошт ва маҳкумияти сокинони Тоҷикистон бо ҷурми узвият дар ин созмони террористии байналмилалӣ як чунин суолеро пеш овардааст, ки оё ин созмон то куҷо ба амнияти Тоҷикистон метавонад таҳдид дошта бошад? Ин ҳам дар ҳолест, ки барои мақомоти амниятии ин кишвар мубориза бо афроду пайравони созмонҳои дигари мазҳабии мамнӯъе чун Ҳизбуттаҳрир, Ҷамоати таблиғ ва Салафия дарди сар эҷод кардааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, аъзо ва пайравони шабакаи террористии ал-Қоида аз шумори шаҳрвандони тоҷик метавонанд дар оянда барои тахриби субот ва эҷоди ноамнӣ истифода шаванд. Вале азбаски Тоҷикистон бо кишварҳои муҳимми узви Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон иртибот ва алоқаҳоро густариш додааст, метавонад чунин нафаронро ошкор ва аз вуқӯъи ҳар гуна хатароти эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунад.

Вале бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки то кунун аз сӯи аъзои ин созмон дар Тоҷикистон кадом ҷинояти мушаххас содир нашудааст, наметавон гуфт, ки онҳо омода ва ё мунтазир ба иҷрои дастур ва ё супориши роҳбарони ал-Қоида бошанд. Ба эҳтимоли қавӣ ин афрод фиребхӯрдагоне ҳастанд, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ғайриихтиёри худ ба доми ин созмон афтода бошанд.

Маҳмадсаид Мирзоев, нафари муҷрим дар узвият ба ал-Қоида, иттиҳоми худро эътироф карда, аз ҳукми додгоҳ низ шикоят накардааст. Дар моҳи августи соли гузашта чаҳор сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии ал-Қоида аз сӯи Додгоҳи олии ин кишвар барои аз 8 то ба 15 солӣ равонаи зиндон шуда буданд. Ин нафарон низ ҳамагӣ сокинони Ҷилликӯл буда, дар Афғонистон дар макотиби низомии ал-Қоида таълими ҷангӣ дидаанд.
XS
SM
MD
LG