Бино бар имтиёзоте, ки мақомоти Тоҷикистон ба ин бонк қоил шудаанд, ин бонк аз ҳар навъ хатар дар ҳоли таҷдиди назар шудан дар қонунҳои бонкии Тоҷикистон осебнопазир аст.
Мақомоти давлати Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистонро ба унвони намояндаи худ дар Шӯрои ин бонк ва Абдуғаффор Раҳмонов, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатиро бу унвони муовини ҷаноби Наҷмиддинов дар ин Шӯро таъин кардааст.
Тоҷикистон дар ин бонк 500.000 доллар саҳм дорад ва ҳаҷми умумии дороиҳои ин бонк ҳудуди 1,5 миллиард доллар аст.
Фаъолияти ин бонк, ё ниҳоди сармоягузории байнулмилалӣ дар Тоҷикистон дар замоне мумкин шуд, ки давлати Тоҷикистон дар қонунҳои бонкӣ маҳдудият дар фаъолияти бонкҳои хориҷиро лағв кард. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳузури бонкҳои хориҷӣ бахусус бонкҳои дорои ҳувияти байнулмилалӣ ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст ва фаъолияти онон аз сӯи Бонки миллӣ танзим мешавад.
Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, низ ба ҳамин назар аст ва ба гуфтаи ӯ, Бонки рушди Авруосиёӣ барои рушди иқтисоди кишварҳои узваш ташкил шудааст ва ҳадафаш иҷрои барномаҳои уқдаи иқтисодӣ мебошад. Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, фаъолияти ин бонк дар Тоҷикистон ба поин овардани қарзҳои бонкӣ ва ба соҳибкорони хурду миёна дастрас шудани вомҳо ёрӣ хоҳад расонид.
Бонки рушди Авруосиёӣ дар соли 2006 аз сӯи Русия, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон барои тавсеаи бозори озоди иқтисодӣ ва рушди иқтисодии ин кишварҳо ташкил шуда буд.