Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва раҳоии таблиғгарони ҲНИТ


Занҳои узви ҲНИТ
Занҳои узви ҲНИТ

Ду бонуи мубаллиғи ҲНИТ аз ҷониби як корманди ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, танҳо бо дахолати масъулини ҳизб раҳо шудаанд.

Мубаллиғони маъракаи интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳангоми тақсим кардани варақаҳои интихоботии ҳизб дар назди биноҳои истиқоматӣ, як корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино боздошт кардаааст.

Ба гуфти ҳамоҳангсози ситоди интихоботии ҲНИТ Қосиддин Воҳидхон, ду нафар аз таблиғгарони ҲНИТ - Бибиробия Сангинова ва Саломат Халиловаро дар рафти таблиғ намудани варақаҳои интихоботӣ дар маҳалли 33-юми ноҳияи Синои пойтахт корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки худро Маҳмуд Назаров гуфтааст, боздошт кардааст. Сипас ин корманди ҳифзи ҳуқуқ бо телефонии мобилии яке аз хонумҳои таблиғгар ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар додааст, ки таблиғгарони ҲНИТ-ро доштааст.

Саломат Халилова, яке аз ин боздоштшудагон, мегӯяд:
«Мо чаҳор нафар будем. Ду нафарамон дар подйезди дигар ва мо дар як подйезди дигар. Акаи милиса ба хонааш омад. Аз мо пурсид, ки чӣ кор мекунед? Аз мо пурсид, ки барои корҳои таблиғотӣ чӣ қадар пул ба Шумо медиҳанд? Аз кай ба ин корҳо оғоз кардед? Бояд Шумо барои ин коратон аз мо ҳуҷҷат мегирифтед. Бояд ки номзадҳоятон худашон таблиғ кунанд»

Хонум Саломат мегӯяд, ҳангоме ки ӯ ва дугонаашро кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мавриди суолу ҷавоб қарор доданд, тарсиданд. Ӯ мегӯяд, ба ҳайси як донишҷӯ мехоҳад ба ҲНИТ кӯмак намояд.

Яке аз таблиғгарон тариқи телефони мобилӣ ба муовини раси бахши шаҳри душанбегии ҳизб SMS мефиристад, ки онҳоро боздошт кардаанд. Чун намояндагони ҲНИТ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино мераванд, дар он ҷо боздоштшудагонро намеёбанд. Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидхон, пас аз занг заданҳо ба Маҳмуд Назаров хонумҳо озод карда шуданд.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино мавриди боздошт қарор додани хонумҳои таблиғгарро рад карданд.

Мирзоалӣ, Болтуев, раиси Комиссиони марказии интихобот, дар робита ба ин қазия мегӯяд, онҳо низ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино тамос гирифтаанд ва дархост карданд, то ба рафти корҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ монеа нашаванд.

Қосиддин Воҳидхон гуфт, ҲНИТ барои чунин амал ба додгоҳ шикоят мебарад.
XS
SM
MD
LG