Дар ин бора дар нишасти ҳайатҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон, ки 3 уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, интишор ёфт.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, оғози намоишҳои телевизиони муштарак яке аз ҳамкориҳои муҳими Эрону Тоҷикистон дар бахши фарҳанг хоҳад буд: «Боиси хушнудист, ки ниҳоят пас аз қариб се соли фосила телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ба кор шурӯъ мекунад ва тавассути ин телевизион мардумони мо аз расму оин, таъриху тамаддун ва пешрафтҳову дастовардҳои ҳамдигар бештар огоҳ мешаванд ва як равобити густардаи фарҳангӣ миёни ин се кишвари ҳамзабон ба вуҷуд меояд.»
Дар ин нишаст ходимони Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон аз мизони ҳамкории феълии ду кишвар дар бахши фарҳанг изҳори ноқаноатмандӣ карданд ва тасмим гирфтанд, дар ояндаи наздик равобити фарҳангӣ ва ҳунариии дуҷонибаро боз ҳам густариш диҳанд. Ба қавли онҳо дар назар аст, нашри як рӯзномаи сиёсию иқтисодию фарҳангии муштарак низ роҳандозӣ шавад ҳам ва дар бахши синамо барномаи вижае рӯи даст гирифта шавад.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар робита ба телевизиони мушатарки фарҳангии кишварҳои форсизабон гуфт: «Радиову телевизион беҳтарин пули равобит аст миёни мо. Ва ин фосилае, ки ҷой афтода буд, дар роҳандозии телевизиони муштарак, бо сабаби омода набудани ҷониби Афғонистон буд, ки иншоллоҳ, ҳалли худро пайдо кардааст ва дар Наврӯз мардуми кишварҳои мо ин телевизионро хоҳанд дид.»
Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле дар бораи оғози кори телевизиони муштарак хабар доданд, ки ҳанӯз тарафи севум Афғонистон изҳори назар накардааст.
Гузашта аз ин ҳанӯз дар масъалаҳои таъмионти фаннии таҳияи барномаҳои ин телевизион муштарак миёни ниҳодҳои масъул гуфтугӯе сурат нагирифтааст. Ва ин дар ҳолест, ки то иди Наврӯз каме бештар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст.