Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайат нозирони дарозмуддати интихоботӣ ҳастанд ва интизор меравад, то чанд рӯзи дигар теъдоди куллия нозирони интихоботӣ аз кишварҳои ИДМ ба 150 нафар расад. Додоҷонов гуфт, фаъолияти ҳайати нозирони интихоботии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил нахуст аз дидору мулоқот бо масъулони давлатӣ, КМИР, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорон оғоз хоҳад шуд. Сипас, ба гуфтаи Додоҷонов, нозирон раванди баргузории интихоботро то поёни ин тадбири муҳим назорат карда, аз ҳавзаҳо ва марокизи райъ дидан мекунанд ва дар рӯзи интихобот бевосита иштирок хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи иттилоъи КМИР, ҳашт нафар аз намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳод, ки умдатан намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон шаҳодатномаи нозириро дарёфт карда ва машғули назорат ба раванди баргузории интихобот ҳастанд.
Вуруди ҳайати нозирони интихоботӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Душанбе дар ҳолест, ки ҳудуди ду ҳафта боз миссияи нозирони интихоботии БДИПТЧ ва САҲА дар Тоҷикистон ҳастанд ва ба гуфтаи масъулони ин ҳайат раванди баргузории интихоботро назорат доранд.
Ҳамчунин, интизор меравад, гурӯҳе аз нозирони интихоботӣ аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ ба Тоҷикистон биоянд.
Бад ин тартиб, тибқи иттилоъи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, интихоботи парлумонии ин кишвар аз сӯи 400 нозири байнулмилалӣ назорат хоҳад шуд.