Баъзе таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки сабаби чунин тасмими Виктор Янукович ин буд, ки вай аз теззабониву ҳозирҷавобии рақибаш - Юлияи Тимошенко ҳарос дорад, чунки худи ӯ дар баёни фикру андешаҳояш гоҳҳо ба иштибоҳҳо роҳ медодааст.
Аммо бо ин вуҷуд номуайяниҳо дар пешорӯи ин интихобот ва шонси бурдани курсии президентӣ аз ҷониби ин ё он номзад ҳамоно зиёд аст, ки бори дигар ба пешгӯинашаванда будани интихоботи Украина таъкид мекунад.
Дар ин замина мо бо Инна Кузнетсова, як хабарнигори сиёсии украинӣ, ки дар Киев ба сар мебарад, сӯҳбати телефонӣ анҷом додем ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки то куҷо саркашии Янукович аз ҳозир шудан дар дебат метавонад барои худи ӯ пайомадҳои номатлуб дар пай дошта бошад?
Инна Кузнетсова: “Аз назари ҳуқуқӣ таҳаввулоти ахир ҳеҷ асаре дар обурӯи Янукович нахоҳад гузошт, чунки қонун ҳузури ихтиёрии номзадро дар дебати телевизионӣ дар назар мегирад. Янукович дар ҳамон лаҳзаҳои дар дебат танҳо ҳозир шудани Тимошенко дар барномаҳои телевизионии дигар ширкат дошт, ва ин як таҷрибаи роҳуфтода дар Украина мебошад. Медонед, агар Янукович дар муқобили Тимошенко пайдо мешуд, он вақт обурӯи вай хеле мерехт, чунки ҳунари суханпардозии хонум Тимошенко як сару гардан баландтар назар ба рақибаш аст. Агар забони ин хонум хеле тез бошад, ҷаноби Янукович аз як сӯ одами вазнин ва аз сӯи дигар суханрони бесалиқа аст. Масалан, вай метавонад хеле содда исми Ахматоваро бо Ахметов ё нависанда Артюмовскийро Артёмовский иштибоҳ кунад. Яке аз машҳуртарин ва охирин иштибоҳҳои вай ин буд, ки нависандаи рус Антон Павлович Чеховро шоири украинӣ номида буд. Вале дар ниҳояти амр бояд гуфт, ки шумори тарафдорони Янукович аллакай мушаххас шудааст ва эҳтимол аст, ки ба ҷонибдории вай нафарони бештар овоз диҳанд”.
Озодӣ: -Аз рӯи иттилое, ки мо дорем, Инна, дар Украина 15 рӯз пеш аз интихобот баргузории ҳама гуна назархоҳиҳо манъ аст ва аз ҳоло гуфтани ин ки кадоме аз номзадҳо пешрафта аст ва ё маҳбубияти кадоме аз онҳо дар назари мардум бештар аст, кори осон нест? Ҳамин тавр не?
Инна Кузнетсова: “Ҳоло гап дар чизи дигар аст: таҳлилгарону технологҳои сиёсӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб сарнавишти интихоботро дар ниҳоят додгоҳ ҳал хоҳад кард. Маълум аст, ки рақобат хеле тунд мешавад ва иттиҳоми роҳ ёфтани тақаллуб ҳам шояд хеле зиёд шавад. Инчунин дирӯз як хабари ҷолиб ба даст расид: шӯрои олӣ ҳукм кард, ки қарори чор-панҷ соли пеши худ оид ба таъини Василий Онопенко ба ҳайси раиси суди олии Украина бекор шавад. Ин шахс аз муттафиқони наздики Тимошенко мебошад ва ҳоло аз вазифа барканор шудани ӯ ба мавқеи нахуствазир зарбаи шадид мезанад. Манзур ин ки агар кор то баррасиҳои додгоҳӣ расад”.
Озодӣ: -Шумо сокини Украина ҳастеду ҳамарӯза аз таҳаввулоти пешазинтихоботӣ назорат мекунед. Ба фикри шумо, ҳоло шонси кадоме аз номзадҳо барои пирӯзӣ дар интихобот баландтар аст?
Инна Кузнетсова: “Ба ин савол ҳоло ҳеҷ кас посух дода наметавонад. Бисёр чиз аз ҳузури раъйдиҳандагон дар рӯзи интихобот, аз захираҳои боқимондаи номзадҳо ва ҳатман аз мизони тақаллубкориҳо вобаста хоҳад буд. Ҳоло бисёриҳо ҳарос доранд, ки тақаллубу сохтакориҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ ҷой хоҳад дошт”.