Муаллифи китоб гуфт, ҳадаф аз нашри ёддоштҳо баёни ҳақиқати ҳодисаҳои соли 1990 мебошад, ки як давраи сарнавиштсози миллати тоҷик аст.
Вай афзуд, «солҳои охир дар нашрияҳои кишвар дар бораи ҳаводиси оғози 1990 маводҳое чоп мешаванд, ки аз воқеият дуранд. Ва ман маводҳоро дар заминаи далелҳои таърихи ва собиткунанда нашр кардам».
Дар саҳифаи аввали китоб муаллиф навиштааст, ки ин асар ба хотири қурбониёни баҳманмоҳи хунини соли 1990 бахшида мешавад. Дар он мақола ва мусоҳибаҳои Абдулло Ҳабибов гирд оварда шудаанд, ки хонандаро бо воқеияти на чандон дури ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ошно мекунад.
Моҳи феврали соли 1990 пойтахти Тоҷикистонро мавҷи эътирозҳои мардумӣ фаро гирифта буд. Даҳҳо ҳазор нафар ҷонибдори бозсозӣ бо тақозои истеъфои раҳбарони ҷумҳурӣ дар рӯ ба рӯи бинои марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд. Аз тири нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин гирдиҳамоӣ даҳҳо ҷавони тоҷик кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
Аммо раҳбарони Тоҷикистон бо эълони истеъфои қалбакӣ мардумро пароканда намуда, сипас афроди зиёдеро ба ҳабс гирифтанд. Дар байни онҳое, ки аз вазифаҳояшон барканор шуданд, генерал Ҳабибов низ буд, ки тақозои эътирозгаронро дарк мекарданд.
Саттор Турсун, нависандаи маъруф, нашри китоби навро аз нигоҳи холисона рӯ овардан бо воқеаҳои таърихӣ маънидод карда, гуфт, замоне фаро расидааст, ки бояд ҳодисаҳои февралии солҳои 90-уми асри бист барои наслҳои баъдӣ ва имрӯз ифшо шавад. Ва ин аввалин қадами Абдулло Ҳабибов дар баёни ҳақиқати таҳаввулоти солҳои ахири шӯравӣ ва баҳманмоҳи соли 1990 мебошад.
Муаллифи асар яке аз иштирокчиёни раванди таҳаввулоти сиёсӣ дар он давра будааст. Абдулло Ҳабибов ҳам яке аз мансабдорони он замон буд, ки ибтидо муттаҳам вале баъдан бегуноҳ дониста шуд.
Ҷаноби Турсун гуфт, «ман он воқеаҳоро як фоҷеаи миллӣ меномам, зеро касоне ки қурбон шуданд, фарзандони миллати тоҷик буданд ва миллати мо набояд онҳоро фаромӯш кунад».
Ислом Юсуфӣ, нависанда ва мураттиби китоб мегӯяд, ин асар аҳамияти на танҳо таърихӣ, балки ҳамчунон сиёсӣ низ дорад.
Дар ин китоб ҳаводиси сиёсии солҳои 90-ум ҳам дар шакли мусоҳибаҳо гирдоварӣ шуда, назари наверо перомуни он рӯйдодҳо маҳтраҳ мекунад.
Солҳои шӯравӣ Абдулло Ҳабибов дар мансабҳои баланди ҳукумативу ҳизбӣ ифои вазифа кардааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол вай муддате мувоини вазири мудофиа ва вакили мардумӣ низ будааст.
Ман он воқеаҳоро {Баҳманмоҳи соли 1990} як фоҷеаи миллӣ меномам, зеро касоне, ки қурбон шуданд, фарзандони миллати тоҷик буданд ва миллати мо набояд онҳоро фаромӯш кунад ...