Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ алайҳи иҷораи замин ба Чин


Беш аз ду ҳазор нафар мухолифин дар Қазоқистон бо баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ норозигии худро дар масъалаи иҷора додани 1 миллион гектар замини ин кишвар ба Чин изҳор карданд.

Ширкатдорони ин гирдиҳамоӣ, ки дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, таъкид карданд, ки онҳо комилан мухолифи ба хориҷиён ба муддати дарозмуддат иҷора додани замин ҳастанд ва ин тасмим ба амнияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар таҳдид мекунад.

Аз ҷумла Булот Абилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии «Озод», гуфт, ки тайи 18 соли истиқлолият ҳукумат бисёре захираҳои кишвар, мисли нафту газро ба ихтиёри хориҷиҳо гузоштааст ва акнун навбат ба замин расидааст.

Ба гуфтаи оқои Абилов, имрӯз ҳукумат аз ҷумҳурии мардумии Чин 13 миллиард доллар қарз гирифта, мехоҳад, ки онро бо замин бипардозад. Вай мегӯяд, «мо ҳукуматамонро хеле хуб мешиносем ва ин ҳукумат чун пештара вом мегирад ва баъди чанд сол мо ҷавоб хоҳем дод. Аз ин хотир ҳизби мо чунин пешниҳод мекунад, ки як пораи заминамон ҳам ба хориҷиён дода нашавад. Чун дар кишвар миллионҳо бекорон мавҷуданд, замин танҳо ба мардуми кишвар ва ба онҳое дода шавад, ки дар он кор карда тавонанд».

Гулжон Ергалиева, сардабири ҳафтаномаи «Свобода слова», ин суханони Булот Абиловро ҷонибдорӣ карда афзуд, «агар 1 миллион гектар замин ба ихтиёри Чин бигзарад, онҳо ба Қазоқистон миллионҳо нафар коргарон, кишоварзон, манзилсозонро меоранд ва тарабхонаву ошхона месозанд ва нуқтаҳои тиҷоратиро зери даст мегиранд ва албатта ҳамаи ин кишварро зери хатари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад».

Дар гирдиҳамоӣ бештари сухангӯён дар кӯшиши ба кироя додани замин Карим Масимов - нахуствазири кишварро айбдор дониста истеъфои ӯро талаб карданд. Яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ журналист Эрмурод Бапӣ чунин меҳисобад, ки агар замин ба чиниҳо супорида шавад, боиси норозигии шадиди мардум хоҳад гардид .

Оқои Бапи мегӯяд, «бо манфиатҳои мардум набояд бозӣ кард. Алъон ҳукумат мардумро аз ҳама имконоти сиёсӣ маҳрум кард ва дар ихтиёри мардум танҳо замин мондааст ва он манофеи миллӣ аст ва агар аз он манофе ӯро маҳрум карданӣ бошанд, мардум шадидан муқобилат хоҳанд кард».

Баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ва аз майдон рафтани сарварони аҳзоби мухолифин гурӯҳе аз ашхоси номаълум гирдиҳамоиро идома доданд ва талаби истеъфои Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури кишварро ба миён гузоштанд ...
Гирдиҳамоӣ анқариб як соат идома кард ва он оромона гузашт. Вале баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ва аз майдон рафтани сарварони аҳзоби мухолифин гурӯҳе аз ашхоси номаълум гирдиҳамоиро худсарона идома доданд ва талаби истеъфои Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури кишварро ба миён гузоштанд. Пулис 13 нафари онҳоро боздошт намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба масъалаи ба Чин иҷора додани замин намояндагони аҳзоби мухолифин моҳи декабри соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ назари мухолифи хешро баён карда буданд. Вале ҳукумати Қазоқистон бо пахши баёние чунин овозаҳоро бепоя хонда, гуфта буд, ки замини кишвар ба Чин дода нахоҳад шуд.

Ҳоло бошад,тавре намояндангони мухолифин дар гирдиҳамоӣ таъкид карданд, чунин ба назар мерасад, ки овозаҳо дар бораи ба Чин додани як миллион гектар замин имкон дорад ба воқеият табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG