Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев роҳро барои писараш ҳамвор мекунад?


Пешниҳоди раисҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар мавриди таъсиси як ниҳоди мутанаффази давлатӣ, ки ҳаққи таъйини раиси муваққати ин ҷумҳуриро ҳам дошта бошад, дар ҷомеаи Қирғизистон вокунишҳои мухталифе барангехтааст.

Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон пешниҳоди таъсиси Шӯрои раёсатҷумҳуриро рад кард. Акнун дар иваз пешниҳод шудааст, ки Шӯрои давлатӣ таъсис дода шавад. Аммо мухолифини давлат ҳадс мезананд, ки шояд ин иқдоми Қурмонбек Боқиев қадами дигаре дар амри ҳамвор кардани роҳи фарзандаш Макс Боқиев ба сӯи қуллаҳои олии қудрат дар Қирғизистон бошад.

Феълан, маҷмӯаи ислоҳот ба Қонуни асосии Қирғизистон дар дасти баррасии кумитаҳои Жогорку Кенеш, парлумони он кишвар, қарор дорад ва бино ба охирин хабарҳо, ин кумитаҳо ва ҳамин тавр, вакилони парлумон аз ҳизби ҳокими Оқ Жол ва ҳизби коммунист аз ин тарҳи ислоҳот пуштибонӣ кардаанд.

Қаблан, Додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон маҷмӯъаи пешниҳодии ислоҳот ба ин Қонунро ба сурати умум тасвиб кард, вале ба истиснои як банди асосиаш, ки марбут ба салоҳиятҳои Шӯрои раёсатҷумҳурӣ, як ниҳоди ҷадиди машваратӣ дар сохтори давлати Қирғизистон аст. Бар асоси пешниҳоди раисҷумҳур Боқиев, ин Шӯро бояд салоҳияти таъйини раиси муваққати ҷумҳурӣ дар сурати корношоямии раисҷумҳури фаъолро медошт. Аммо Додгоҳи Қонуни асосӣ дар ҳафтаи гузашта зимни баррасии масъала ба чунин натиҷа расид, ки Шӯрои раёсатҷумҳурӣ як ниҳоди машваратист ва ба ин далел, ҳаққи таъйини раҳбари аввали кишварро соҳиб шуда наметавонад.

Дар пайи ин қарори Додгоҳ мушовирони Қурмонбек Боқиев бо як андоза таҷдиди назар дар ин тарҳи ислоҳот, акнун таъсиси як Шӯрои зисалоҳи давлатиро пешниҳод кардаанд, ки салоҳиятҳои фавқулоддае, аз ҷумла ҳаққи таъйини раисҷумҳури муваққати Қирғизистонро дар ҳолоти истисноӣ хоҳад дошт.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби мухолифи Ота-Макон, мегӯяд, давлатдорони кунунӣ аҳдоф ва ғаразҳои хоси худро дунбол мекунанд ва ин аст, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ва дар ҳар либоси мумкин – хоҳ дар ҷомаи Шӯрои раёсатҷумҳурӣ ва хоҳ дар пироҳани Шӯрои давлатӣ - ба ин аҳдофи худ бирасанд: “Онҳо худ сардаргум шудаанд, ки чӣ кор кунанд. Аввал хостанд Шӯрои раёсатҷумҳурӣ таъсис бидиҳанд, ки тавре маълум шуд, ҳаққи таъйини раҳбари муваққатро дошта наметавонад. Ва агар раисҷумҳур дар воқеъ корношоям шавад, ин ниҳод маълум нест, ки чӣ хоҳад кард. Ба ҳамин далел, акнун ҷиҳати таъсиси Шӯрои давлатӣ иқдом кардаанд.”

Аммо ҷонибдорони давлат ислоҳоти Қонуни асосиро дар шароити кунунии Қирғизистон як амри лозим хонда, мегӯянд, таъсиси Шӯрои давлатӣ ҳарчанд корест хеле муҳим, вале танҳо як ҷузъи ислоҳоти куллии Қонуни асосист.

Зайниддин Қурманов, раиси Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон, мегӯяд, Шӯрои давлатӣ як василаи дигари иртиботи беҳтар миёни давлат ва ҷомиа шуда, ҳатман ба таъмини хубтари шаффофияти кори раҳбарони кишвар мусоидат хоҳад кард: “Ин Шӯро барои он лозим аст, ки раисҷумҳур танҳо худаш қарор қабул накунад, балки тасмимҳо бояд бар пояи машварат тасвиб шаванд ва шаффоф бошанд. Ин Шӯро лозим аст, то ки ба мақомҳои муҳими давлатӣ афроди дар воқеъ шоиста интихоб ва таъйин шаванд. Ба Шӯрои давлатӣ нафақат раиси парлумон, раисиҷумҳури сарвазир, раиси дастгоҳ ва бархе аз вазирон шомил хоҳанд шуд. Ин Шӯро намояндагони ҷомиаро низ дар бар хоҳад гирифт. Ин аст чизе ки мо мехоҳем. Ин аст мақсаде, ки мо пеш гузоштаем ва ба сӯяш ҳаракат мекунем.”

Тибқи Қонуни асосии феълии Қирғизистон, дар ҳолоти истисноӣ, масалан, дар сурати маризӣ ваё марги нобаҳангоми президент салоҳиятҳои ӯ бар дӯши раиси парлумон гузошта мешаванд. Ва агар раиси Жогорку Кенеш ҳам натавонад ин салоҳиятҳоро иҷро кунад, раҳбариро сарвазир бар ӯҳда мегирад.

Мухолифини қирғиз мегӯянд, як ғарази аслии истода дар паси ин ҳама ислоҳоти ахири Қонуни асосӣ талоши ҳамвор кардани роҳ ба сӯи қудрат ба фарзандони раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев аст, ки дар ҳолоти истисноӣ маҳз онҳо битавонанд ба курсии падари худ бинишинанд.

Ба назари мухолифин, маҳз ба ҳамин далел мақомоти Бишкек мехоҳанд салоҳияти таъйини раҳбари муваққати кишварро ба як ниҳоди ғайримунтахаб эъто кунанд. Муқар Чолпонбоев, яке аз раҳбарони Ҷунбиши мардумӣ, як ташаккули тозабунёди мухолифини қирғиз, мегӯяд, Бишкек бо ин иқдоми худ қадами дигаре ба сӯи ақиб мегузорад: “Акнун чӣ хоҳад шуд? Бидуни шакк, парлумон ислоҳот ба Қонуни асосиро тасвиб хоҳад кард ва Шӯрои давлатӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ва мо амалан ба даврони хонигарии Қӯқанд бармегардем, чунки ҳама заминаҳо барои аз падар ба фарзанд таҳвил додани қудрат фароҳам мешавад.”

Максим Боқиев, фарзанди 32-солаи раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, се моҳ пеш раиси Ожонси давлатии сармоягузорӣ таъйин шуд. Таҳлилгарон билофосила ба дунболи интисоби Боқиеви хурдӣ ба ин мақоми баланди давлатӣ баҳси оғози омодагии Бишкек ба таҳвили қудрат аз падар ба писар ба монанди Озарбойҷонро доман заданд.

Ба назари онҳо, таъсиси Шӯрои давлатӣ эҳтимоли дар сурати ба иллате аз саҳна рафтани Қурмонбек Боқиев ба курсии ӯ нишастани яке аз ақрабояш, барои мисол, фарзанди ӯ Максим Боқиевро хеле бештар мекунад. Бахусус ба ин далел, ки салоҳияти таъйини раҳбари муваққати кишвар акнун ба як ниҳоди ғайримунтахаб, яъне Шӯрои давлатӣ дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG