“Кабӯтарҳо маро ба зиндагӣ дилгарм мекунанд ва бо тамошои болафшониашон дар осмони нилгун ҳама дарду ғами дунёро фаромӯш месозам” мегӯяд ӯ. Дар як моҳ барои нигоҳубини 50 кабӯтараш Шавкат бар ивази 100 сомонӣ гандуму ҷуворимакка мехарад. Ҳарчанд, манбаи даромади асосӣ надорад, бо фурӯши чӯҷаҳои парваришкардааш барои ғизои дигар кабӯтаронаш маблағ ба даст меорад. Аз миёни кабӯтарони рангоранг Шавкат кабӯтарҳои сафедашро бештар меписандад ва ӯ ҳамон як кабӯтари сапсафеди тоҷдорашро ба аввалин намоиши кабӯтарҳои тоҷикӣ овард.
Намоишгоҳи кабӯтарони Тоҷикистон бо ташаббуси як гурӯҳ дӯстдорони он барои нахустин бор дар пойтахт баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ беш аз 500 кабӯтар ва паррандагони хушхон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа пешниҳод шуданд. Аксари кабӯтарон намуди зоҳирии назаррабо дошта, чун духтарони соҳибҷамол ба бинандагони аз зебоии онҳо ба ваҷҳ омада, бо виқор менигаристанд. Алихон Латифӣ, яке аз созмондиҳандагони ин намоишгоҳ, мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ва хориҷиён ба зоти кабӯтарҳои тоҷикӣ мебошад, зеро дар ҷаҳон оид ба кабӯтарҳои мо қариб ки итилоъ надоранд ва аз ин рӯ бо ба хориҷи кишвар интиқол ёфтан бо номҳои дигар - туркманиву узбакӣ муаррифӣ мегарданд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҳам аз назари зоҳирӣ ва ҳам нерӯмандӣ кабӯтарҳои беҳтарин парвариш меёбанд, меафзояд Алихон Латифӣ.
Дар намоишгоҳ кабӯтарони хориҷӣ низ иштирок доштанд. Бо дидани кабӯтари бритониёӣ кас дарк мекунад, ки тарроҳони либос идеяи ороиши болопӯшҳои занонаро бо пӯсти зебои ҷонварон аз ҳамин парранда гирифтаанд. Кабӯтари сап-сафед бо чашмони сиёҳу минқори нозук аз руйсарии махсусаш аз парҳои нафис иборат буда, чун рӯймол сару гарданашро пинҳон мекард, чашми бинандаро об медод. Кабӯтари русӣ бошад ба мисли товус думашро кушода, ба сӯйи бинанда ба мисле ки зери анвои доира рақси тоҷикӣ мекарда бошад, гарданҷунбонӣ мекард. Ин кабӯтарони ороишӣ одатан бо ҳадафи тиҷорат парвариш ёфта, аз 100 сомонӣ то 500 доллар арзиш доштаанд.
Барои Ғуломҷон парвариш ва фурӯши кабӯтар мояи даромад аст. Онҳо кабӯтаронро аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон ворид карда, гоҳҳо бо кабӯтарҳои маҳаллӣ омезиш дода, ба фурӯш мебароранд. Азбаски, шумори дӯстдорони кабӯтар дар Тоҷикистон кам нест, бозори тиҷорати он ҳамеша гарм аст, гуфт Ғуломҷон.
Алихон Латифӣ, созмондиҳандаи намоишгоҳи кабӯтарон, мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон зукоми парранда ба қайд гирифта нашудааст, аммо кабӯтарҳо ба бемориҳои гуногуни дигар гирифтор мешаванд, ки барои пешгирии он бояд эм карда шаванд. Аммо, чуноне худи ӯ ва бархе аз байторон мегӯянд, фарҳанги эм кардани паррандаҳои хонагӣ дар миёни аҳолии кишвар чандон маъмул нест. Аз ин рӯ, тавре Алихон Латифӣ мегӯяд, бархе аз кабӯтарон мефавтанд, чун дар пойтахт байтори махсуси кабӯтарҳо фаъолият намекунад ва ин боиси пурра санҷида нашудани вазъи беҳдоштии онҳо мегардад.
Чунин ба назар мерасад, ки надоштани маълумот оид ба нигоҳубини дурусти кабӯтарҳо, боиси паҳншавии беморӣ миёни кабӯтарҳои дигар мегардад. Мусоҳибам Шавкат дар ин замина афзуд, вай кабӯтарҳояшро эм намекунад, чун роҳи дастрас кардани доруро ҳам намедонад.
Иззатулло Исматов, мудири дорухонаи байтории пойтахт, мегӯяд, маъмулан, кабӯтарпарварони ҳирфаӣ ва ё онҳое, ки ба парвариш ва тиҷорати кабӯтарҳои гарону ороишӣ машғуланд, саривақт онҳоро эм мекунанд. Ӯ меафзояд, ҳар як паррандаи хонагӣ барои пешгирии 6 намуди беморӣ ҳама сола бояд ваксин бигиранд. Қиммати як ваксин аз 1 то 5 сомонӣ арзиш дорад, ки он барои эми 100 парранда кофӣ аст, мегӯяд Изатулло Исматов.
Дар намоишгоҳ кабӯтарон аз рӯйи намуди зоҳирӣ, суръати парвоз, нерӯмандӣ ва бозигарӣ баҳогузорӣ шуданд. Гуфта мешавад, намоишгоҳи кабӯтарон аз ин ба баъд ҳамасола баргузор гардида, дар оянда даъвати кабӯтарбозони кишварҳои Олмон ва Русия ҳам дар назар аст.