Абдураҳмон Абдуманнонов: «Масъалаи таъсиси телевизиони муштараки се кишвар аз моҳи декабри соли 2008 ҳам ба мо ва ҳам ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш шудааст. Мутасаддӣ ва намояндаи ваколатдор аз ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мушовири давлатии раисҷумҳур Саймурод Фаттоев мебошад. Ҳар чизе, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдор ба ӯҳдаи Кумитаи ТВ ва радио гузошта шуда буд, мо иҷро кардем – лоиҳаи оиннома, лоиҳаи ҷадвали бастҳои корӣ, лоиҳаи харҷномаи ин бастҳо ва рӯйхати таҷҳизоти фаннии лозимро бо нархномааш тартиб додем ва тавассути намояндаи ваколатдор ба ҷониби Эрону Афғонистон расонидем.»
Ҳарамгули Қодир: «Ин се кишвар аз лиҳози мавқеъи сиёсияшон ба ҳам на он қадар наздикӣ доранд. Масалан, Тоҷикистон Афғонистон бо Ғарб шариканд ва Эрон, баръакс бо Амрико мушкил дорад. Пас то куҷо ин се кишвар метавонанд бахши хабариву иттилоотии барномаҳои худро тавре таҳия кунанд, ки ба ҳар сешоян созгор бошад?»
Абдураҳмон Абдуманнонов: «Имрӯз Кумита бинои ин телевизионро омода кардааст. Ҷои кор, студияҳо омода шудаанд, вале, мутаассифона, аз ҷониби Эрону Афғонистон мо ягон иқдоми амалӣ эҳсос накардаем. Гуфтушунидҳо идома доранд, вале иқдоми амалӣ нест. Ҷараёни таъсис ҳоло дар ҳамин ҳол аст.»
Ҳарамгули Қодир: «Тоҷикистон кишвари дунявист ва дар барномаҳо ҳама гуна наворҳоро пахш мекунад, манзурам, барои мисол либоси аврупоии барандагон мебошад. Аммо Эрону Афғонистон муқаррароти шадиди сару либос доранд. Дар ин самт оё мушкиле пеш нахоҳад омад?»
Абдураҳмон Абдуманнонов: «Ин ҷузъиёташ ҳанӯз маслиҳат нашудааст ва баъдан маслиҳат мешавад. Сифати барномаҳо, таркиби барномаҳо, сохтори онҳо ва дигар чизҳо баъди таъсиси телевизион маслиҳат мешавад.»
Ҳарамгули Қодир: «Бо назардошти ин ҳама тафовути зикршуда то куҷо фаъолияти чунин як телевизиони муштарак аслан имконпазир аст ва то куҷо метавонад тақозоҳои муштараки ин се кишварро ҳангоми таҳия ва пахши барномаҳо бароварда созад?»
Абдураҳмон Абдуманнонов: «Масалан, агар вақти эфир 12 соат бошад, он чаҳор соатӣ ба ҳар се кишвар тақсим мешавад. Ва дар ин чор соат мо барномаҳоеро талош мекунем таҳия кунем, ки ба ҳар се ҷониб қобили қабул бошанд, онҳо низ ҳамчунин.»