Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се гузинаи фарҳанги шаҳрдорӣ


Баъзан чунин иттифоқ меафтад, ки хабаре дар печухамҳои ҳофиза дармемонад ва ҳар сари чанд вақт дар пиндори кас зинда мешавад, медурахшад, оташак мезанад. Аммо кам мешавад, як хабар, он ҳам на аз рӯйдодҳои фавқулода ва сарнавиштсоз чандин сол дар хотир монад.

Агар иштибоҳ накунам, панҷ сол пеш ин хабарро хонда будам, ки ҳокими яке аз шаҳрҳои Аргентина, ҳар субҳ пеш аз он ки ба коргоҳаш равад, яке аз минтақаҳои шаҳрро тоза мекардаст. Дар пушташ ӯро "шаҳрдори кӯчарӯб" ё "кӯчарӯб-шаҳрдор" меномидаанд, аммо аксари аҳолии шаҳр ва зердастонаш ӯро на танҳо эҳтиром мекардаанд, балки дӯст медоштаанд.

Хабари дигаре, ки гоҳе бегоҳ, ногаҳонӣ ба ёдам мерасад, навтар аст. Рӯзи 7-уми январ ман онро дар бахши хабарии барнома ҷой додам ва дар ҳоле ки садҳо хабари дигар кайҳо аз ёдам рафтаанд, ин хабар маро машғул медорад.

"Мақомоти шаҳри Гуанчжоу дар Чин барои озода нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр қоидаҳои нав ҷорӣ карданд. Тибқи ин қоидаҳо ашхосе, ки одат доранд, пӯчоқи мева ё пасмондаи сигор ё сақичи худро ба кӯча партоянд, ба замин туф ё шоша кунанд, либоси шустаро ба сари деворҳо ё ҷои намоён овезанд ва мошини худро дар маҳаҳли нодуруст гузоранд, ҷазо дода мешаванд. Ҳар ҷурм баҳогузорӣ мешавад. Чунончӣ, барои туф кардан дар кӯча кас се холи манфӣ мегирад ва агар дар 2 сол 20 хол бигирад, аз манзили худ дар ин шаҳр маҳрум мешавад. Шаҳрдории Гуанчжоу гуфтааст, ҳадаф дорад, фазои мутамаддин, поку амн ва мутавозинеро дар шаҳр ба вуҷуд орад."
Вақте ин хабарро мехондам, кӯчаҳои Душанбе, махсусан маҳаллаҳои он пеши чашм меомаданд. Оре, маркази шаҳр поку озодааст, аммо агар ҳатто дар ҳамин кӯчаҳои марказӣ ҳам, каме дарунтари маҳалла равед, тӯдаҳои партовро мебинед. Ё либсоҳои шуста, ҳатто таҳпӯшҳо, ки сари деворҳо овехта шудаанд. Девори биноҳо харошхӯрда ва занги оҳани онҳо намудор.

Муддате пеш ҳамкорони мо дар Душанбе дар ҳамин мавзӯъ як гузориши тасвирӣ омода карда буданд, ки метавонед, дар бахши "Чандрасонаӣ" онро тамошо кунед.

Ва ахиран, нависандаи блоги "Як дарвеш" аз Душанбе баргаштаву низ як гузориши тасвирӣ дар торнигораш овехтааст. Вай аз "Чеҳраи нави Душанбе" сӯҳбат мекунад ва аз дигаргуниҳои хубе, ки дар пойтахти тоҷикон иттифоқ афтодаанд.

Ҳоло -- ду гузина: Оё кадом беҳтар аст? Шаҳрдоре, ки худ ба тоза кардани ин ё он минтақаи шаҳраш машғул гардад ва ё қоидаҳои сахти зиндагӣ дар шаҳр, ки риоят накардани онҳо сабаби ихроҷ шуда метавонад.

Албатта, зарурат ба ҳарду ҳам намемонад, агар ниҳодҳои марбута шаҳрро поку тамизу тармим кунанд ва ҳар сокинаш аз рӯи ишқ ҳар ваҷаби онро тозаву озода нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG