Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Тоҷикистону Афғонистон дар масъалаи маҳбусон


Ҳайати расмии Кобул ба хотири интиқоли маҳбусони афғон аз Тоҷикстон ба Афғонистон вориди Душанбе шуд.

Тибқи иттиллои сафорати Афғонистон дар Душанбе, дар зиндонҳои Тоҷикистон 270 табааи афғон дар ҳоли ҳозир паси панҷара мешинанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандони тоҷик низ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Афғонистон бо иттиҳомоти гуногун маҳкум ба зиндон шудаанд

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйид кард, ки масъалаи бозпас ба ватан баргардонидани шаҳрвандони маҳбуси ин кишвар дар зиндонҳои Тоҷикистон тақрибан ҳал шудааст. Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, музокирот дар бораи бозпас гирифтани шаҳрвандони маҳбуси Афғонстон аз зиндонҳои Тоҷикистон вақте имконпазир шуд, ки дар як соли пеш миёни ин ду кишвар дар ин замина санад ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ҳар ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки 270 зиндонии афғонро аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳанд.

Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандои тоҷик, ки дар Афғонистон ҷиноят содир карда ва бо ҳукми додгоҳҳои ин кишвар зиндонӣ шудаанд, низ ба ватан оварда мешаванд.

Тибқи иттиллои як манбаъи наздик ба мақомоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир, масъалаи интиқоли 8 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Афғонистон ҷиноят содир карда ва маҳкум ба зиндон шудаанд, миёни ниҳодҳои зирабти ду кишвар баррасӣ мешавад. Аммо масъалаи интиқоли онҳо дар ҳоле ҳал мешавад, ки худи маҳкумшудагон дархости идомаи ҷазо дар ватанро пеш гузоранд. Ва ҳамчунин бар пояи тавофуқи миёни ин ду кишвар ва низ мавозини байналмилалӣ Тоҷикистон бояд ҳукми муҷозоти онҳоро бидуни тағйир боқӣ гузорад.

Зимнан, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз дигар кишварҳо дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд. Мақомоти расмӣ дар мавриди шумори дақиқи шаҳрвандони тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар маҳкум ба зиндон шудаанд, маълумот нашр намекунанд. Аммо бар пояи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори тоҷикони маҳкумшуда дар Русия аз панҷ ҳазор бештар будааст. Қаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифоъ, мегӯяд, як мушкили аслӣ дар роҳи бозпас гирифтани шаҳрвандони дар хориҷа маҳкумшуда ин аст, ки дар буҷаи кишвар барои ин кор маблағ пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, ин шаҳрвандон бар изофаи он ки ҷиҳати интиқоли худ ба ватан расман муроҷиат мекунанд, ҳамчунин масрафоти роҳро бояд бипардозанд. Ба ин далел, ки чунин шароитро аксарияти онҳо надоранд, мӯҳлати маҳкумиятро дар хориҷ аз ватан сипарӣ мекунанд.

Аз тарафи дигар, бархе дигар аз маҳкумшудагон талош мекардаанд, ки идомаи ҷазоро дар ватан бигзаронанд, то ба ин васила дидору мулоқот бо пайвандон муяссар шавад. Бар изофа, имкон пайдо мешавад, ки дар пайи иҷрои қонуни афв онҳо ба озодӣ бароянд ва ё мӯҳлати иҷрои ҷазо коҳиш ёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттиллои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар соли гузашта дар пайи татбиқи қонуни афв 45 тан аз атбои хориҷӣ аз зиндонҳо раҳо шудаанд, ки дар миёни онҳо нӯҳ нафар шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG