Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот, гуфт, аҳзоб ва номзадҳои мустақил дар доираи муқаррароти қонун метавонанд ба таври ройгон аз радио, телевизион ва нашрияҳои расмии кишвар истифода баранд. Ҳамчунин барои чопи варақа ва маводи дигари интихоботӣ аз қабили плакатҳо, аксҳо ва наворҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар барои аҳзоб 6 ва ҳар яке аз номзадҳои мустақил 1 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби комунист ва яке аз номзадҳои интихоботии ин ҳизб, мегӯяд, таблиғ ва ташвиқи барнома ва номзадҳои интихоботӣ бо он маблағе, ки ҳукумат аз буҷа пешбинӣ кардааст, мушкил хоҳад буд. Зеро ин маблағ ҳатто барои хариди маводи сӯхти васоили нақлияи номзадҳо басанда нест.
Ин дар ҳолест, ки Шамсиддин Сайидов, раиси Ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, камбуди маблағ ва набуди имкони молиро монеа дар марҳалаи таблиғу ташвиқи интихоботӣ нахонд. Вай гуфт, ҲНИТ барои таблиғ ва муаррифии барнома ва номзадҳои худ омодааст, маблағи изофӣ пардохт намояд.
Вале, афзуд ҷаноби Сайидов, ҳанӯз дар комиссияҳои ҳавзавӣ дар манотиқ ва ҳатто дар пойтахт сабти номи номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳоро ба анҷом нарасонидаанд. Оқои Сайидов мӯътақид аст, ки ин кор бо ҳадафи ҳарчи камтар кардани марҳалаи таблиғ сурат мегирад.
Аммо Камол Маҳмудов, ёвари раиси комиссияи ҳавзавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, гуфт, ки комиссияи ҳавзавӣ дар доираи қонуни интихобот амал мекунад ва интиқоди намояндаи ҲНИТ аз фаъолияти онҳо ба воқеият мувофиқат намекунад.
Ба ин тартиб маъракаи таблиғ ва ташвиқ барои аҳзоби сиёсии кишвар ва номзадҳо ба вакилӣ дар парлумони Тоҷикистон расман шурӯъ шуд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон метавонанд аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ним соат ва аз тариқи радиои ҷумҳурӣ 15 дақиқа ройгон истифода баранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорист ва на ҳама сокинон имкони аз телевизион ва радиои ҷумҳурӣ саривақт бохабар шудан аз таҳаввулоти интихоботиро доранд.
Маъракаи таблиғ ва ташвиқи интихоботӣ то як рӯзи пеш аз баргузории интихобот, ки 28 феврал муқарар шудааст иҷоза аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар реҷаи маҳдуди барқ ҷорист ва на ҳама сокинон имкони аз телевизион ва радио саривақт бохабар шудан аз таҳаввулоти интихоботиро доранд ...