Ба навиштаи рӯзномаи “Tribune de Geneve”, Динора Қулибоева ахиран дар соҳили кӯли Женева ба маблағи тақрибан 75 миллион франк ё 45 миллион доллар кушки бузургеро бо масоҳати 7960 метри квадратӣ харидорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ин бузургтарин қиматест, ки тайи чанд соли ахир барои манзил дар Женева пардохт шудааст. Ба иттилои бархе хабаргузориҳо, сармоядори рус Рустам Аксененко панҷ сол пеш ин кушкро бо қимати 19 миллион франк, яъне чаҳор маротиба арзонтар, харида буд.
"ШОҲДУХТАР"-И МИЛЛИАРДЕР
Динора, духтари дуввуми Назарбоев ва хонуми раиси ширкати давлатии “KazEnergy» Темур Қулибоев, се сол пеш аз сӯи маҷаллаи «Forbes» ба феҳристи бонуфузтарин шахсиятҳои сайёра шомил шуда буд. Forbes сармояи Динораро тақрибан 2,1 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Зимнан, пайдо кардани иттилоъ дар бораи Динора саҳл нест, зеро ӯ дар қиёс бо духтари бузурги Назарбоев – Дариға аз сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ парҳез мекунад. Бархе нашрияҳо бо такя ба манбаъҳояшон дар ҳукумати Қазоқистон навиштаанд, ки Динора ба сиёсат таваҷҷӯҳ надорад ва бештар рӯи мавзуи рушди маорифи кишвар тамаркуз мекунад.
Динора донишгоҳи давлатии санъати театрии Маскав (ГИТИС)-ро хатм кардааст ва садорати Бунёди маорифи ба номи Нурсултон Назарбоевро бар дӯш дорад, бунёдеро, ки барои таҳсили донишҷӯёни боистеъдоди кишвар шароит фароҳам месозад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, маҳз бо ибтикори Динора дар Қазоқистон шабакаи байнулмилалии мактабҳои хусусӣ мавсум ба “Мирас” таъсис шудааст, ки дар қаламрави шӯравии пешин бесобиқа аст.
ҲАДЯИ ОШИҚОНА - ҚАСРИ БОШУКӮҲ
Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳо ҳадс заданд, ки шояд маблағи кушк аз сӯи ҳамсари Динора - тоҷири маъруф ва раиси ширкати “KazEnergy” Темур Қулибоев пардохт шуда бошад. Ду сол қабл номи Қулибоев дар сархати расонаҳои британиявӣ қарор гирифта буд. Гуфта мешуд, ки домоди раисиҷумҳури Қазоқистон қасреро дар мавзеи Венворти минтақаи Вирҷиния Уотер, яке аз зеботарин ва гаронбаҳотарин мавзеъҳои Британия харидорӣ карда ва онро ба дӯстдоштааш Гоги Ашкеназӣ бахшидааст.
Дар ҳамин ҳол Мухтор Аблязов, раиси пешини БТА-банк ва яке аз мухолифини ҳукумати Қазоқистон, домоди раисиҷумҳурро дар он айбдор мекунад, ки сармояи худро аз ҳисоби фасод ва тақаллуб ҳангоми бастани қарордод бо ширкатҳои нафту гази чиноӣ ҷамъ овардааст.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз Темур Қулибоев дарҳои Қазоқистон барои вуруди ширкатҳои нафту гази Чин ба ин кишвари Осиёи Марказиро боз кард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мухтор Аблязов, аз ҷумла, гуфт, ки дар бораи тақаллуб ҳангоми харидории саҳмияҳои ширкати “Актобемунайгаз” аз сӯи як ширкати чиноӣ асноди зиёде зери даст дорад.
Ба гуфтаи ӯ “25 дар сади саҳмияҳои ширкати “Актобемунайгаз”, бар пояи созиши пешакӣ, дар биржа ба фурӯш бароварда шуданд. Мо асноде дорем, ки ин созиш 370 миллион доллар қимат дошт ва аммо чиниҳо, тибқи созиш бо Темур Қулибоев, барои ин саҳмияҳо фақат каме бештар аз 150 милион доллар пардохт карданд. Ва 170 миллион доллар барои ришват сарф шуд”.
Мухтор Аблязов мутмаин аст, ки тақрибан ҳама созишҳо бо ширкатҳои нафту гази Чин ҳамин гуна баста шудаанд. Ӯ меафзояд, “далелҳои мо комилан боэътимоданд, ҳама қарордодҳо ва аснод дар бораи тарзи интиқоли маблағҳо, ба куҷо ва чӣ гуна интиқол ёфтани онҳоро зери даст дорем, аз ҷумла, ӯ 50 миллион долларро барои харидории ҳавопаймои “Боинг” сарф кардааст. Дар бораи чӣ гуна сарф шудани дигар маблағҳо низ аснод дорем ва мо медонем, ки ин пул куҷо рафтааст ва ӯ он маблағҳоро чӣ гуна гирифтааст”.
ДОМОДИ ФИРОРИИ ПРЕЗИДЕНТ
Моҷаро дар атрофи духтару домоди раисиҷумҳури Қазоқистон дар ҳоле сар зад, ки моҷарои марбут бо дигар домоди Назарбоев – Роҳат Алиев то ҳанӯз сари забонҳост. Роҳат Алиев, сафири пешини Қазоқистон дар Австрия, аз сӯи Остона дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, одамрабоиву куштор, айбдор ва дар ғайбаш барои 20 сол маҳкум ба зиндон шудааст.
Ду сол пеш додгоҳи Австрия тақозои Остона барои истирдоди Роҳат Алиевро бо он далел рад кард, ки дар Қазоқистон ҳуқуқи башар нақз мешавад.
Аз сӯи дигар, Қазоқистон, нахустин аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ, ҳамагӣ се ҳафта пеш раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш гирифт ва Остона акнун талош дорад, ки худро пуштибон аз арзишҳои демократия ва ҳуқуқи башар намоиш диҳад.
Ба ин хотир, ба иттилои нашрияи Der Standard, чопи Вена, вазири умури хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев дар пойтахти Австрия бо Роҳат Алиев мулоқоти махфӣ низ анҷом дод, ки ҳадафи он, ба навиштаи рӯзнома, созиши муваққатии мусолиҳа бо домоди пешини раисиҷумҳур дар давраи раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупост.
Ва аммо Остона барои аз байн бурдани сару садоҳо дар бораи ришвату фасод дар хонаводаи раисиҷумҳур аз чӣ иқдом кор хоҳад гирифт ва моҷарои нав ба нуфузи ҳукумати феълии Қазоқистон таъсире хоҳад дошт ё на, вақт нишон хоҳад дод.