Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири раиси ширкати "Барқи тоҷик"


Ҳукумати Тоҷикистон Санъат Раҳимов, раиси ширкати "Барқи тоҷик"-ро пас аз як соли фаъолият аз мақомаш барканор ва ба ин симмат Абдулло Ёров, собиқ вазири энержиро таъин кард.

Дар ду соли ахир ду раиси ширкати "Барқи тоҷик" барканор шудааст. Соли 2008 Тоҷикистон ба бӯҳрони энержӣ рӯбарӯ шуд ва дар фасли зимистон деҳоти кишвар тамоман бебарқ буд. Дар шаҳри Душанбе аз камбуди барқ дар бемористонҳо якчанд кӯдаки навзод фавтид. Раисиҷумҳур ба ин далел Шарифхон Самиевро аз мақомаш барканор кард.

Соли 2009 вазъи барқрасонӣ беҳтар шуд. Ҳоло, ки фасли зимистон аст, мардуми деҳот аз 7 то 8 соат барқ доранд. Пас суоле матраҳ аст, ки барои чӣ раиси ширкати "Барқи тоҷик" барканор шуд ва оё ин роҳи ҳалли мушкилоти энержист?

Георгий Савченков, коршиноси масоили энержӣ, мегӯяд, "бо иваз кардани як раис бо раиси дигар мушкилоти энержӣ дар Тоҷикистон ҳал намешавад. Ба ин далел, ки кадрҳои ҳирфаӣ дар ин бахш сари кор нестанд ва бахши аъзами кадрҳои пеш, аз ҷумла тоҷикҳо, ҷумҳуриро тарк кардаанд. Давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки кадрҳои ҷавонро новобаста аз мансубият ба маҳалли муайян тарбия кунад, ки ин раванд ҳоло дар Тоҷикистон нест".

Ҷаноби Савченков ҳалли ин мушкилро дар даъвати кадрҳои ҳирфаӣ аз хориҷа мебинад, то замоне, ки Тоҷикистон кадрҳои худро тарбия кунад. Вай гуфт, "шояд дар ҳалли ин мушкил аз таҷрибаи ҷаҳонӣ кор гирифт ва бар асоси қарордод мутахассисони хориҷиро ба ин кор ҷалб кард".

Ин дар ҳолест, ки дар ин шабурӯз дар ҷумҳурӣ аз 42 миллион киловат-соат нерӯи барқ тавлид мешавад ва ҳамзамон Тоҷикистон ба барқ ниёз дорад. Ширкати "Барқи тоҷик" қарздор аст. Дар ҳоле, ки ҳеҷ ширкати барқрасон дар дигар ҷумҳуриҳо қарздор нест ва аз ширкатҳои даромаддор ба ҳисоб меоянд.

Ба ин далел, ба назари бархеи дигар коршиносон, ширкати "Барқи тоҷик" ба менеҷерҳои ҳирфаӣ ниёз дорад, то аз талафот ва қочоқи барқ ҷилавгирӣ шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ахиран ба ин нукта таъкид карда буд.
XS
SM
MD
LG