Зеро, таври маълум, Узбакистон аз шабакаи энергетикии минтақа берун шуд ва акнун Тоҷикистон бояд худ дар андешаи тавлиди нерӯи барқ ҳангоми зимистон бошад ва бо ин мақсад аз нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум бештар истифода намояд.
Дар ин ҳол масъалаи таъмини оби худи Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон мушкил мегардад.
Анорбек Орман, сарпарасти раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон гуфт, ин масъала бори дигар дар иҷлосе, ки вақтҳои наздик бо ширкати энергетикҳо баргузор хоҳад гардид, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин нукта дар протоколи ниҳоии иҷлос, ки онро сарварони ҳайатҳои расмии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ-- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Туркманистон ва Узбакистон имзо карданд, низ таъкид шудааст.
Ҳамчунин тибқи ин протокол минбаъд аъзои Комиссиюни байниҳукуматии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа тибқи дархости идораҳои захоири оби рӯдҳои Сир ва Ому дар гидропостҳои марзӣ ҳаҷми баҳрабардории обро муайян хоҳанд кард.
Таври маълум, дар бораи ташкили чунин гидропостҳо дар иҷлоси гузашта моҳи июни соли 2009 дар Душанбе ба тавофуқ расида буданд. Бар илова, ҷонибҳо зарурати беҳтар кардани вазъи зистмуҳитии ҳавзаи Сир ва Омуро таъкид карданд .
Дар иҷлос ба котиботи Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири об супориш дода шуд, ки то 1 феврали соли равон комиссиюни вижае ташкил диҳанд то он дар мавриди ба шаҳри Душанбеи Тоҷикистон интиқол додани Маркази илмиву пажӯҳишии Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири об тадобири лозимаро анҷом диҳад.
Тибқи тасмими ширкатдорон иҷлоси навбатии Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон барпо хоҳад шуд ва дар он яке аз масоили муҳим -- меъёри обрасонӣ ва тасдиқи мизони тақсими об аз рӯдҳои Сир ва Ому ва ба тавофуқ расонидани тартиби кори обанборҳои ин рӯдхонаҳо баррасӣ хоҳад гардид.