Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, созмон ва ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ дар қаламрави ин кишвар ҳамчунон даст ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ мезананд.
Зафар Азизов, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, «дар соли 2009 вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъдар қаламрави Тоҷикистон 19 парванда дар нисбати 37 нафар баррасӣ шуда ва ин афрод ба солҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуданд. Дар маҷмӯъ афроде, ки зиндонӣ шудаанд, аз ҳама созмонҳо, ташкилот ва ҳаракатҳои ифротӣ ва терористӣ ва мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон шастанд. Аз ҳама ҳаракатҳо, ҳам ал – Қоида, ҳам Ҳаракати исломии Узбакистон, ҳам Ҳизби таҳрир ва ғайра.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоҳир Қодиров, додгустари Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар асоси тасмимоти Додгоҳи Олӣ аз солҳои 2001, 2006 ва 2009 фаъолияти 12 созмон, ташкилот ва равияҳои динӣ дар қаламрави кишвар манъ шудааст.
Тоҳир Қодиров, аз ин ҳаракат ва созмонҳо чунин ном бурд, «аз 30 марти 2006 Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Узбакистон, гурӯҳи Толибон, Бародарони мусалмон, Лашкари Тайиба, Ҷамоати Таблиғ, Ҳаракати исломии Покистон, Созмони миссионерии Таблиғот ва Созмони Тоҷикистони Озод, созмони эктремистӣ ва террористӣ эълом шудаанд. Ҳамчунин бо ҳалномаи Суди Олӣ аз соли 2001 ал-Қоида созмонги ифротгароӣ ва террористӣ дониста шудааст. Инчунин соли гузашта равияи Салафия дар Тоҷикистон манъ шуд».
Ҳарчанд фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» се сол пеш дар Тоҷикистон манъ шуда буд, амалкарди таблиғиҳо дар соли гузашта бештар ба чашм расидааст. Панҷ тан аз аъзои ин созмон дар тобистони соли гузашта аз сӯи додгоҳ аз се то шаш сол маҳкум ба зиндон шуданд. Афзун бар ин дар миёнаҳои соли гузашта беш аз 100 тан аз аъзои ин созмони манъшуда тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ҳамакнун муҳокимаи онҳо дар додгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе ҷараён дорад.
Боздошт ва баррасии парвандаи ду гурӯҳи бузурги таблиғиҳо нигарониҳоеро дар миёни бархе аз шахсиятҳои рӯҳонии Тоҷикистон ба бор овард. Ин буд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва рӯҳонии саршинос пешниҳод дорад, то Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори худ дар бораи ба феҳрасти созмон ва ҳаракатҳои ифротгаро ва террорист ворид кардани «Ҷамоати Таблиғ» -ро бекор кунад, «зеро дар тамоми гӯшаи дунё як мисолеро ёфта наметавонем, ки «Ҷамоати Таблиғ» даст ба сиёсат зада бошад. Чи ҷое, ки даст ба хушунат ё куштору ғорат. Ҳатто фаъолияти сиёсӣ надоранд. Ба ҷуз ин ки мардумро ба сӯи Худо давъат мекунанд».
Пешниҳоди Тӯраҷонзода дар мавриди ҳимоят аз таблиғиҳо дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар охири соли гузашта садо дода буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб низ аз он истиқбол кард, «назари мо ин аст, ки як сӯитафоҳум шудааст. Номи ин гурӯҳ ба он рӯйхат иштибоҳан ворид шудааст. Ман ба Кумитаи амнияти миллӣ низ номае навиштам ва назароти худро дар маврид афроди боздоштшудаи таблиғиён баён карда будам».
Аммо Зафар Азизов, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар посухи ин суол, ки оё ин додгоҳ омодааст, то қарори худро бекор кунад, гуфт, «ҳалномаи Суди олӣ эътибори қонунӣ дорад ва дар мавриди аз нав баррасӣ кардан ва тартиби баррасии қарори судӣ дар кодекси мурофиавӣ - гражданӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон чунин ҳуҷҷат барои аз сари нав баррасӣ кардани қарори судӣ ба Додгоҳи Олӣ ворид нашудаст.»
Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Додситонии кулли кишвар, созмон ва ҳаракатҳои ғайриқонуниро вориди феҳрасти ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ карда, фаъолияти онҳоро дар кишвар мамнӯъ донистааст. Ба ин далел Бобохон Бобоҷонов, додситони кулли Тоҷикистон низ хафтаи равон дар нишасти матбуотӣ бознигарии қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи экстремистӣ будани фаъолияти «Ҷамоати Таблиғ» -ро ғайримумкин арзёбӣ кард. Зеро ба таъкиди ӯ, фаъолияти таблиғиҳо дар аксар кишварҳое, ки онҳо ҳузур доранд, ифротӣ дониста мешавад.
Зафар Азизов, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, «дар соли 2009 вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ
Номи ин гурӯҳ ба он рӯйхат иштибоҳан ворид шудааст. Ман ба Кумитаи амнияти миллӣ низ номае навиштам ва назароти худро дар маврид афроди боздоштшудаи таблиғиён баён карда будам...