Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Салимов: Саҳмия набояд ҳақи зоиши занро нақз кунад


Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон

Теъдоди мубталоён ба бемории зукоми хук дар Тоҷикистон аз 19 нафар убур накардааст. Ба гуфтаи Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, шуюъи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба чашм намерасад ва дар ин бора мояи нигароние вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи вай, дар кишвар тамоми шароит барои ташхиси ин беморӣ ва давои он вуҷуд дорад.

Вазири тандурустии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, «аз рӯзи аввал мо шароити ташхисро фароҳам кардем. Мо натиҷаи ташхиси аввалро ба Бритониё фиристодем. Аз 19 нафаре, ки мубталои вируси ҷадиди зукоми хук ҳастанд, бемории 18 нафар дар Тоҷикистон ташхис шуд. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд ва дар бемории онҳо мушкиле ба назар намерасад».

Суоли дигари матруҳа дар нишасти матбуотӣ ин буд, ки ахиран ҳатто дар зоишгоҳҳо занони ҳомиларо бидуни саҳмияҳои Роғун намепазиранд. Ҷаноби вазир қавл дод, ки ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард ...
Ҷаноби Салимов гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло мунтазири 700 ҳазор ваксинаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст.

Мавзуи дигаре, ки дар ин нишаст мавриди баҳс қарор гирифт, вазъи бемории сил дар Тоҷикистон буд. Вазири тандурустӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди он, ки дар кишвар барои муолиҷаи бемории сил чи иқдом сурат гирифтааст, гуфт, ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз созмонҳои кумакрасони хориҷӣ дастгоҳҳои нави ташхиси бемории силро дарёфт кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Салимов, феълан тамоми навоҳии Кӯлоб ва дигар манотиқи кишвар, ки шумори зиёди мубталоёни сил доранд, ташхис мешаванд ва беморон дар дармонгоҳҳои махсуси Мачитон табобат мегиранд.

Мавзуи дигаре, ки аз сӯи хабарнигорон дар ин нишаст матраҳ шуд, фасод дар миёни кормандони бемористонҳо буд. Ҷаноби вазир ба суоли Радиои Озодӣ, ки бар асоси Сарқонуни Тоҷикистон хизматрасонии тиббӣ дар бемористонҳои давлатӣ бепул аст ва алорағми қонун дар соири бемористонҳо пизишкон пул талаб мекунанд, гуфт:

«Бар асоси Сарқонун хизматрасонӣ бояд бепул бошад. Вале ба далели он, ки пизишкон барои хизмат пул мегиранд ва пеши роҳи инро гирифтан мушкил аст, давлат бо қарори рақами 600 гирифтани пул барои ҷарроҳиҳои муосир ва физиотерапияро иҷозат додааст».

Аммо ба эътиқоди баъзе аз ҳуқуқдонҳо, қарори рақами 600-и ҳукумат дар бораи пулакӣ анҷом додани ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳо бо Сарқонуни Тоҷикистон муғойират дорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов, тибқи тағйироту иловаҳои Сарқонун, ҷарроҳӣ ва муолиҷаи пулакӣ дар бемористонҳое иҷозат аст, ки давлатӣ нестанд ва аз замони Шӯравӣ ба мо ба мерос намондаанд.

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, «ин қарори ҳукумат бо меъёрҳои Сарқонун мувофиқат намекунад, зеро мазмуни духура дорад. Табобати пулакӣ дар муассисаҳои ғайридавлатӣ иҷозат аст».

Суоли дигари матруҳа дар нишасти матбуотӣ ин буд, ки ахиран ҳатто дар зоишгоҳҳо занони ҳомиларо бидуни саҳмияи Роғун намепазиранд. Ҷаноби вазир қавл дод, ки ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард. Вай дар идомаи қавлаш гуфт, ки хариди саҳмия нангу номуси ҳар як шаҳрванд аст, вале саҳмия наметавонад ҳаққи зоиши занонро нақз кунад.
XS
SM
MD
LG