Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нав дар бораи нерӯгоҳи Роғун


Ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои дигари тиҷоратии кишвар ба мисли «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк», «Бонки Рушди Тоҷикистон», «Фононбонк» ва «Бонки Эсхата» низ дар баробари «Амонатбонк» иҷозаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро дод.

Ин иҷоза дар пайи тағйирот дар қарори ҳукумати кишвар оид ба тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқи обии Роғун имконпазир гардид. Қаблан, танҳо «Амонатбонк» чунин як ҳақро дошт.

Дар ташреҳи расмии зиёд кардани шумораи бонкҳои машғул бо фурўши саҳмияҳои Роғун омадааст, ин иқдом имконият медиҳад, ки ба фурўши саҳмияҳо суръат бахшида шавад ва талаботи харидорон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд шудани шумораи нуқтаҳои фурўш пурра қонеъ гардонида шавад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ин амал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мизоҷони бонкҳои номбаршуда мебошанд, барои бевосита дар бонки хизматрасонии худ харидорӣ намудани саҳмияҳо бо сарфаи вақту хароҷоти барасмиятдарорӣ шароити бештари мусоид фароҳам меоварад.

Бонкҳои мазкур ўҳдадор шудаанд, ки ҳифзи маблағҳои дар суратҳисоби махсус воридгардидаро кафолат дода, маблағгузориро аз ин суратҳисоб танҳо бо иҷозат ва супоришҳои пардохтии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ва бемамоният дар мўҳлати 3 (се) рўзи тақвимӣ амалӣ намоянд.

Фурӯши саросарии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун рӯзи шашуми январ дар Тоҷикистон ба шакли мутантан шурӯъ шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон авохири соли 2009 саҳмияҳои манзуриро бо арзиши номиналии 100, 500, 1000, 5 000 сомонӣ ва ҳамчунин сертификати саҳмияҳои номӣ, ки барои маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, дар дохили кишвар чоп кардааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 5 миллион адад саҳмияҳои манзурӣ ва сертификати саҳмияҳои номӣ бо маблағи 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Зеро давлати Тоҷикистон нархи оиномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро низ ҳамин миқдор маблағ арзёбӣ кардааст.

Рӯзи Роғун дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00


Тибқи муқаррарот хариди саҳмияҳо ихтиёрӣ буда ва ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, масъулони корхонаҳо ва донишгоҳҳо коргарон ва донишҷӯёнро барои харидории иҷбории саҳмияҳо ташвиқ кардаанд ва ҳатто аз маоши моҳонаи онҳо маблағҳоро баргардондаанд.
XS
SM
MD
LG