Эрон аз иҷрои қатъномаҳои СММ дар робита ба қатъи ғанисозии уран ва барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш саркашӣ мекунад ва аз ин сабаб аллакай зери таҳримҳои иқтисодӣ ва дипломатии байналмилалӣ қарор дорад.
Ҳилларӣ Клинтон ба хабарнигорон гуфт, Вашингтон мехоҳад таҳримҳои иловагӣ алайҳи раҳбарияти сиёсии Теҳрон ва зербинои тиҷоратии он равона шаванд. Бо вуҷуди ин, вай афзуд, то ҳол ягон тасмим гирифта нашудааст.
Хонум Клинтон эълом кард, ки “дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар Ню-Йорк гуруҳи панҷ ҷамъи як нишастеро баргузор карда, мизон ва навъи таҳримҳоро муҳокима хоҳад кард”. Ба гуруҳи мазкур аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ бо иловаи Олмон шомиланд ва онҳо мехоҳанд аз роҳи гуфтушунид Эронро водор кунанд, то аз фаъолиятҳои ғанисозии уран даст кашад.
Дар охири соли гузашта Оҷонси энерҷии ҳастаии СММ ба Теҳрон пешниҳод карда буд, ки урани нохолисашро барои коркард ба хориҷа фиристад. Баъд аз ғанисозӣ ин уран мебоист дар шакли сӯхти ҳастаӣ барои реактори пажӯҳиши тиббии Теҳрон баргардонида мешуд. Вашингтон ҳам аз ин тарҳ дастгирӣ намуд. Клинтон афзуд, дар Теҳрон гурӯҳи бисёр маҳдуди мақомдорон ҳаққи гирифтани тасмимҳоро доранд ва азбаски онҳо байни якдигар робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву бозаргонӣ доранд, таҳримҳои нав бояд ба ин гурӯҳ таъсир расонанд. Аммо, гуфт вай, дар ин бора ҳоло бояд тасмим гирифт.
Раисҷумҳури Амрико Барак Обама барои посух ба пешниҳоди ҳамроҳ шудан ба муколама то охири соли гузашта ба Теҳрон мӯҳлат дода буд, аммо мақомдорони Кохи сафед ишора карда буданд, ки ҳарф дар бораи зарбулаҷали қатъӣ намерафт.
Клинтон гузоришҳоро дар бораи он ки гӯё роҳи ҳалли дипломатии мушкили барномаи ҳастаи Эрон дар ҳоли иҷрошавист, рад намуда, ишора кард, ки Амрико аз мавқеъаш намегардад. Вай ба вижа эълом дошт, ки кишвараш пешниҳоди Оҷонси энерҷии ҳастаиро дар мавриди реактори пажӯҳишии Теҳрон дастгирӣ мекунад.
Кишварҳои Ғарб бар ин ақидаанд, ки Теҳрон зери пӯшиши барномаи ҳастаӣ кушиш мекунад, то силоҳи атомӣ бисозад. Эрон ин иддаоҳоро қатъиян рад карда, мегӯяд, барномаи ҳастаиаш сирф сулҳомезаст ва ҳадафаш тавлиди неруи арзони барқ мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сафири Чин дар СММ Жанг Есуй гуфт, барои андешидани бастаи нави таҳримҳо алайҳи Эрон ҳоло зуд аст ва ба идомаи дипломатия даъват намуд. Русия ва Чин дар аксари вақт ба эъмоли таҳримҳо алайҳи Теҳрон мухолифат мекунанд.