Ин пажӯҳиш чор бахши муҳими зиндагии Осиёи Марказӣ бо 70 миллион нуфузро дар бар гирифтааст, ки саранҷоми ҳар чор пурсиши матраҳшуда ба тавсиаи иқтисод ва рушди ин кишварҳо бармегардад. Аз мизони ҳамкориҳои Узбакистон ва Қазоқистон ёдоварӣ, вале ҳамзамон ба рақобатҳои Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов барои раҳбарии аввали минтақа таъкид мешавад. Дар навбати дигар, фаъол шудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва даъвоҳои ахири раҳбарияти он барои масъалаҳои обу энержиро мисол оварда ва таъкид кардааст, ки Турманистон низ дар ин сол майли бештаре барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бозсозии сиёсати хориҷиаш нишон додаст.
Ҳама ба Қазоқистон, ҳеҷ кас ба Тоҷикистон?
Аммо пурсиши аввал дар ин пажӯҳиш ин аст, ки агар имкон медоштед, кадоме аз панҷ кишвари Осиёи Марказиро зиёрат менамудед? Дар ин ҷадвал аввал номи Қазоқистон, дуввум Туркманистон, севвум, Узбакистон, чорум Қирғизистон ва дар ҷои охир Тоҷикистон аст. Чаро?
Ман ин навъи нигоҳ ба минтақаро бо ду донишманди тоҷик дар умури сиёсат ва иқтисод ба баррасӣ гирифтам. Ҳоҷимуҳаммад Умаров,устоди донишгоҳ ва иқтисоддони саршноси тоҷик мегӯяд, дар Ғарб умдатан қабл аз сафар ба кишваре ё муносибат ба ягон ширкат ба марказҳои рейтингӣ муроҷиат мекунанд, аз ин нигоҳ вақте мебинанд, ки ҷои Тоҷикистон дар поини ҷадвал қарор дорад, аз сафар худдорӣ мекунанд. Оғои Умаров, ҳамчунин камбизоатӣ, сатҳи поини хадамоти шаҳрӣ, фарсудагии инфраструктура ва ҷодаҳоро низ аз омилҳое медонад, ки ба табъи меҳмон метавонад таъсир гузорад ва ба ин хотир меҳмонон аз омадан ба чунин кишваре худдорӣ кунанд.
Исмоил Раҳматов, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари масоили сиёсии минтақа, омили аслии таваҷҷӯҳи камтар ба Тоҷикистон назар ҳамаи чор кишвари дигари Осиёи Марказиро дар ҷои дигар мебинад. Меҳвари андешаи ӯ субот аст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз ҳам осори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар зеҳнҳои хориҷиҳо боқист ва на танҳо ин ҷанги дохилӣ, балки ҳамсоягӣ бо Афғонистони бесубот низ метавонад монеъ аз сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон шавад.
Кӣ вазнинтар аст? Эмомалӣ Раҳмон ё Ислом Каримов?
Бахши дигаре аз ин таҳқиқот роҷеъ ба мизони нуфузи раҳбарони панҷ кишвари минтақа аст, ки кадоме аз онҳо таъсири бештар ба таҳаввулоти ҷории минтақа доранд. Боз ҳам Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, дар садри ҷадвал қарор гирифта, вале ин бор Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мавқеъи чорум ва пеш аз Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистонро ишғол кардааст. Оё боз ҳам дар воқеъ Назарбоев ҳарфи аввал дар таҳаввулоти минтақаро дорад? Ва чаро чунин таносубе ҳосил мешавад?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дарвоқеъ ҷойгоҳи Назарбоев ва сатҳи ӯ аз ҳамаи раҳбарони дигари минтақа фарқ дорад. Яке ин ки иқтисоди пешрафта ва имконоти фаровон дорад ва дигаре нируи ақлӣ ва зеҳнии тарбиядида.
Вале устоди сиёсати донишгоҳ Исмоил Раҳматов ба чунин таносуб зиёд мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар таҳаввулоти ахири минтақаӣ нақши қотеъ ва назаррасе доштааст. Чӣ дар сиёсатҳои умумӣ ва чӣ дар таҳаввулоти минтақаӣ ба сароҳат мавзеъгирӣ намудааст. Ва баъди Каримову Бердимуҳаммадов қарор гирифтани ӯ нодуруст аст.
Туркманистон рушдкардатар аз Қазоқистон?
Дар ду мавриди дигар пурсишҳои ин пажӯҳиш ба суолҳои аввал робита мегирад, яъне сатҳи пешрафти устувор ва муваффақи кишварҳо. Мутобиқи ин ҷадвал, Туркманистон кишвари нисбатан рушдкардаи минтақа унвон шудааст. Таҳлилгарон боз ҳам ба ҷои ақиби Тоҷикистон дар ин ҷадвал баҳсе надоранд, вале дар садр қарор гирифтани Туркманистонро мавриди баҳс қарор медиҳанд ва мегӯянд, ин кишвар ба далели таҳаввулоти маданӣ, ки баъди даргузашти Сафармурод Ниёзов, идома дорад, мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Вагарна, ба назари коршиносони тоҷик, кишвари пешрафтатари минтақа аз ҳар лиҳоз боз ҳам Қазоқистон аст.
Озодаи Раҳмон ва духтарони Назарбоеву Каримов
Ва дар ниҳоят мизони таъсиргузории фарзандон ва наздикони раҳбарони кишварҳои ОМ ба сиёсатҳо ва тасмимгириҳои онҳо мавридибаррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ин миён аз ду духтари Нурсултон Назарбоев ва домоди собиқи ӯ, ҳамчунин ду духтари Ислом Каримов, писари Қурмонбек Боқиев ва дар ниҳоят аз Озодаи Раҳмон, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон ёдоварӣ шудааст.
Исмоил Раҳматов, устоди улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дарвоқеъ то кунун нақши қобили мулоҳиза ва мудохилаи Озодаи Раҳмон, духтари раисҷумҳур дар сиёсатҳои умумии кишвар қобили эҳсос набудаст. Ва ӯ таъсир ва мудохилае дар тасмимгириҳои раҳбари давлати Тоҷикистон надорад.
Аммо боз ҳам ин нуктаро низ таҳлигарони тоҷик таъкид мекунанд, ки на ҳамеша таҳлигарони хориҷӣ аз авзои дохилии кишварҳои минтақа огоҳии комил доранд ва гузашта аз ин дар изҳори назари онҳо баъзан навъе манофеъи кишварашон ба намоиш меояд, хосса агар он коршиносон дар Маскав нишаста бошанд.
Ҳама ба Қазоқистон, ҳеҷ кас ба Тоҷикистон?
Аммо пурсиши аввал дар ин пажӯҳиш ин аст, ки агар имкон медоштед, кадоме аз панҷ кишвари Осиёи Марказиро зиёрат менамудед? Дар ин ҷадвал аввал номи Қазоқистон, дуввум Туркманистон, севвум, Узбакистон, чорум Қирғизистон ва дар ҷои охир Тоҷикистон аст. Чаро?
Ман ин навъи нигоҳ ба минтақаро бо ду донишманди тоҷик дар умури сиёсат ва иқтисод ба баррасӣ гирифтам. Ҳоҷимуҳаммад Умаров,
Пурсиш: Агар имкон медоштед, кадоме аз панҷ кишвари Осиёи Марказиро зиёрат менамудед?
Посух:
1) Қазоқистон
2) Туркманистон
3) Узбакистон
4)Қирғизистон
5) Тоҷикистон.
Исмоил Раҳматов, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари масоили сиёсии минтақа, омили аслии таваҷҷӯҳи камтар ба Тоҷикистон назар ҳамаи чор кишвари дигари Осиёи Марказиро дар ҷои дигар мебинад. Меҳвари андешаи ӯ субот аст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз ҳам осори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар зеҳнҳои хориҷиҳо боқист ва на танҳо ин ҷанги дохилӣ, балки ҳамсоягӣ бо Афғонистони бесубот низ метавонад монеъ аз сафари хориҷиҳо ба Тоҷикистон шавад.
Кӣ вазнинтар аст? Эмомалӣ Раҳмон ё Ислом Каримов?
Бахши дигаре аз ин таҳқиқот роҷеъ ба мизони нуфузи раҳбарони панҷ кишвари минтақа аст, ки кадоме аз онҳо таъсири бештар ба таҳаввулоти ҷории минтақа доранд. Боз ҳам Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, дар садри ҷадвал қарор гирифта, вале ин бор Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мавқеъи чорум ва пеш аз Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистонро ишғол кардааст. Оё боз ҳам дар воқеъ Назарбоев ҳарфи аввал дар таҳаввулоти минтақаро дорад? Ва чаро чунин таносубе ҳосил мешавад?
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, дарвоқеъ ҷойгоҳи Назарбоев ва сатҳи ӯ аз ҳамаи раҳбарони дигари минтақа фарқ дорад. Яке ин ки иқтисоди пешрафта ва имконоти фаровон дорад ва дигаре нируи ақлӣ ва зеҳнии тарбиядида.
Вале устоди сиёсати донишгоҳ Исмоил Раҳматов ба чунин таносуб зиёд мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар таҳаввулоти ахири минтақаӣ нақши қотеъ ва назаррасе доштааст. Чӣ дар сиёсатҳои умумӣ ва чӣ дар таҳаввулоти минтақаӣ ба сароҳат мавзеъгирӣ намудааст. Ва баъди Каримову Бердимуҳаммадов қарор гирифтани ӯ нодуруст аст.
Туркманистон рушдкардатар аз Қазоқистон?
Дар ду мавриди дигар пурсишҳои ин пажӯҳиш ба суолҳои аввал робита мегирад, яъне сатҳи пешрафти устувор ва муваффақи кишварҳо. Мутобиқи ин ҷадвал, Туркманистон кишвари нисбатан рушдкардаи минтақа унвон шудааст. Таҳлилгарон боз ҳам ба ҷои ақиби Тоҷикистон дар ин ҷадвал баҳсе надоранд, вале дар садр қарор гирифтани Туркманистонро мавриди баҳс қарор медиҳанд ва мегӯянд, ин кишвар ба далели таҳаввулоти маданӣ, ки баъди даргузашти Сафармурод Ниёзов, идома дорад, мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Вагарна, ба назари коршиносони тоҷик, кишвари пешрафтатари минтақа аз ҳар лиҳоз боз ҳам Қазоқистон аст.
Озодаи Раҳмон ва духтарони Назарбоеву Каримов
Ва дар ниҳоят мизони таъсиргузории фарзандон ва наздикони раҳбарони кишварҳои ОМ ба сиёсатҳо ва тасмимгириҳои онҳо мавриди
Пурсиш: Кадоме аз раҳбарони панҷ кишвари минтақа таъсири бештар ба таҳаввулоти ҷории минтақа доранд?
Посух:
1) Нурсултон Назарбоев
2) Ислом Каримов
3) Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
4) Эмомалӣ Раҳмон
5) Қурмонбек Боқиев.