Ана бародарони азизи ман ки бошед, ман як чиз гўяму шумо ба ман зеҳн монед. Аз мани ганда насиҳат ҳамин: дигар ҳаргиз духтар набарореду ба хонаатон келин ҳам надароред. Агар мабодо ба ҳамин маслиҳати ман гўш надода барореду дароред, дониста монед, ки коратон ногузир ба вай меафтад... ҳоло номаш чӣ буд.. ҳа, вай, роддом! Аз урусӣ гуфтани ман ҳайрон нашавед, чунки ин нома фақат урусӣ гуфтан даркор. Чунки агар ин нома тоҷикӣ ба забон гардонед, медонед чӣ мешавад?
Худам ҳам медонам, ки Таваллудхона. Ин то замони аз дари ин даргоҳ ба дарун даромадан, ба назаратон ҳамин тавр менамояд. Ҳамин ки ба дарун даромадед, дарҳол мефаҳмед, ки ин ҷо Т а л а в у д х о н а будааст ва саҳнаи ғорати лашкари Чингизхон ё зачисткаи давраи «инқилобӣ»-и худамон дар пеши назаратон расо ҳувайдо шуда мемонад. На зиёду на кам. Агар мабодо ҷону дилатон бақувват бошаду инро ҳис накунад, ҳам киссаю қапчуқатон дарҳол инро ҳис мекунад.
Ба Худо, ки ман нав фаҳмидам, ки ин бисту чанд намуди андоз, фармонҳои сарвари мамлакатро чаппаю роста карда, хапакак аз мардуми бечораи ба танзим умедбаста пул ситондани роҳбарони ҳамин танзими бенизомгашта, ба ҳар хона зада даромада, барои лампочкаю аксия пулпурсӣ аз куҷо сар задааст.
Таваллудгоҳи ҳамаи он, ҳамин «талавудхона» аст. Набошад чи? О вай кўдак ҳамаро мебинад, ҳамаро мефаҳмад. Охир мо ҳама авлоди Абуалӣ Сино-ку. Чун мебинад, ки падару модар, бибию бобо ва хешу таборони ба хабаргирии тифл омада, аз тарафи талавудхона ғорат карда мешаванд, вай ҳам ба воя расида айнан ҳамин кори дидагиашро мекунад-да! Ҳа чи, нигоҳ карда шинад буд-ми?
Агар шинаду нигоҳ кунад ҳам, дар ин ҷо ба ғайр аз чанд намуди ғоратгарону ҳашароти зараррасони хоҷагӣ, дигар чиро мебинад?
Вай мебинад, ки чи тавр калламуш-санитарка хўроквории модарони ҷавонро медуздад, рўбоҳ-фаррош қасам мехўрад, ки маҳз вай якумин шуда, бо латтаи полшўякаш танаи кўдаки нав таваллудшударо тоза кардааст ва бо нархи қиммат харидани ин латтаро ҳанўз ду моҳи пурра ҳам нашудааст ва акнун падари хушбахт бояд бо ду-се бистсумае қимати ин латтаи зормондаро ҷуброн намояд... Баъд пайдо шудан мегиранд: гурги дарбон, шағоли лўлакпечон, каргасе, ки гўё тамоми руз тифли навзодро шустааст ва ростӣ то ҳол ин кори муҳимро ба анҷом нарасонидааст. Гўё он кўдаки навтаваллудшуда бачаи кити кабуд ё чўҷаи фил бошад, кафтори роҳи падари ҷавонро мегирифтаги, ки мабодо вай ба ваҳшат афтода кўдаку модарашро партофта нагурезад... баъд рехтан мегиранд зоғон лошахўрон...
Пас аз ҳама гурўҳи калонҳо ташриф меоранд. Хирс ва шеру Паланги тахассусӣ - қассобҳо... яъне кассобҳо. Ҳама дар либоси сафед (гўё онҳо ҷиянҳои ҳақиқии Сино бошанду мо бехабар), лекин бо чанголи уқоб ва мордаҳои... маъзарат мехоҳам, чеҳраҳои дар боло номбаршуда... Видоъ танзим, то вохўрӣ дар бонке, ки барои қарзи талавудхона хонаи ман таваллудшударо мегирад.
Гуфтам-ку, духтар набароред ва келин надароред...