Коршиносон сафари оғои Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро дар шароити бӯҳрони дохилии Эрон ва дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтани он аз чанд нигоҳ қобили арзёбӣ медонанд.
Ба назари бархе таҳлилгарон, дар ҳар ҳолат ҳам ин сафар нафъе ба суди барномаҳои иқтисодӣ ва энержии Тоҷикистон доштааст. Чун қарордодҳое дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳо ва пажӯҳишу кашфу манобеи нафту газ ба имзо расидааст.
Вале суоли дигар ин аст, ки барои ҷониби Эрон ва шахси Маҳмуди Аҳмадинажод ин сафар дар кадом росто қобили арзёбӣ мебошад?
Бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки бо ин сафарҳои мутааддид ба минтақа Аҳмадинажод мехоҳад бигӯяд, ки тан ба фишор ва инзивои байналмилалӣ дар робита ба қазияи ҳастаии кишвараш, ки ахиран саркӯбии мухолифин низ ба он зам шуда, надодааст. Вагарна ҳарфи зиёде дар ин сафарҳо барои гуфтан ва анбуҳи асноде ҳам барои имзо вуҷуд надоштааст.
Раҷаб Сафаров, таҳлилгари масоили Эрон, мегӯянд, ки Эрон бо ҳама вуҷуд талош дорад, мавқеи худро ҳифз кунад ва на танҳо, балки онро густариш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон мехоҳад, то ҳадди як абарқудрати минтақаӣ тавсеа пайдо кунад.
Ба гуфтаи оқои Сафаров, Эрон ба Тоҷикистон ба далели муштаракоти хос ва барномаҳои иқтисодиаш таваҷҷӯҳи бештаре дорад. Аммо сафари ахири Аҳмадинажод, ба гуфтаи ин таҳлилгар, ба ҳар ҳол метавонад бархе кишварҳои дигари минтақаро мушавваш ё нигарон кунад.
Аммо ройзаниҳои Эрон ба манзури ҷалби таваҷҷӯҳи бештар дар ҳолест, ки мебоист ин кишвар то рӯзи шанбеи гузашта ба дархости Ғарб ҷиҳати ба кишвари севум барои ғанисозӣ интиқол додани уранаш посух медод. Вале Эрон ба ин пешниҳод мувофиқат накард.
Ва ахиран Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷии ИМА изҳор кард, ки Амрико имкони таҳримҳои нав алайҳи Эронро бо кишварҳои зинафъ оғоз кардааст. Вале равзанаи музокира бо Эронро набаста ва ин дар ҳамчунон боз аст.
Аз сӯи дигар коршиносоне ҳам ба ин бовар ҳастанд, ки Эрон аз ҳар ҳадафи дигари идеологӣ ва мазҳабӣ низ дар минтақа ва хоса Тоҷикистон мунсариф шуда ва барномаи пиёда кардани нақшаҳои мазҳабии худро таҷриба карданӣ нест.
Аммо бо ҳама вуҷуд, ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ҳам дар иҷрои барномаҳои энержии худ тақрибан дар инзиво қарор гирифтааст. Кишварҳои ҳамсоя мухолифи сохтмони нирӯгоҳи бузурги «Роғун» ҳастанд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон сарнавишти худро ба ин сохтмон вобаста медоданд.
Аз сӯи дигар кишварҳои бузург ва шарикони стратегии Тоҷикистон аз сармоягузории ин тарҳо худдорӣ кардаанд. Навъи инзиво, мушкилоти мушобеҳ ва аз ҷониби дигар муштаракоти таърихӣ, мегӯянд соҳибназарон, ду кишварро дар канори ҳам қарор додааст.
Ба назари бархе таҳлилгарон, дар ҳар ҳолат ҳам ин сафар нафъе ба суди барномаҳои иқтисодӣ ва энержии Тоҷикистон доштааст. Чун қарордодҳое дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳо ва пажӯҳишу кашфу манобеи нафту газ ба имзо расидааст.
Вале суоли дигар ин аст, ки барои ҷониби Эрон ва шахси Маҳмуди Аҳмадинажод ин сафар дар кадом росто қобили арзёбӣ мебошад?
Бо ин сафарҳои мутааддид Аҳмадинажод мехоҳад бигӯяд, ки тан ба фишор ва инзивои байналмилалӣ дар робита ба қазияи ҳастаии кишвараш, ки ахиран саркӯбии мухолифин низ ба он зам шуда, надодааст ...
Раҷаб Сафаров, таҳлилгари масоили Эрон, мегӯянд, ки Эрон бо ҳама вуҷуд талош дорад, мавқеи худро ҳифз кунад ва на танҳо, балки онро густариш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон мехоҳад, то ҳадди як абарқудрати минтақаӣ тавсеа пайдо кунад.
Ба гуфтаи оқои Сафаров, Эрон ба Тоҷикистон ба далели муштаракоти хос ва барномаҳои иқтисодиаш таваҷҷӯҳи бештаре дорад. Аммо сафари ахири Аҳмадинажод, ба гуфтаи ин таҳлилгар, ба ҳар ҳол метавонад бархе кишварҳои дигари минтақаро мушавваш ё нигарон кунад.
Аммо ройзаниҳои Эрон ба манзури ҷалби таваҷҷӯҳи бештар дар ҳолест, ки мебоист ин кишвар то рӯзи шанбеи гузашта ба дархости Ғарб ҷиҳати ба кишвари севум барои ғанисозӣ интиқол додани уранаш посух медод. Вале Эрон ба ин пешниҳод мувофиқат накард.
Ва ахиран Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷии ИМА изҳор кард, ки Амрико имкони таҳримҳои нав алайҳи Эронро бо кишварҳои зинафъ оғоз кардааст. Вале равзанаи музокира бо Эронро набаста ва ин дар ҳамчунон боз аст.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки инзиво ва мушкилоти мушобеҳ Эрон ва Тоҷикистонро дар канори ҳам қарор додааст
Ин дар ҳолест, ки бархе дигар коршиносон нақши Тоҷикистон дар ин миён, аз ҷумла дар ҳалли мушкили Эрон беш аз тасаввур кучак медонанд ва мегӯянд, сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон рабти зиёде ба мушкилоти мавҷуди Теҳрон дар сиёсати ҷаҳонӣ надорад. Аз сӯи дигар коршиносоне ҳам ба ин бовар ҳастанд, ки Эрон аз ҳар ҳадафи дигари идеологӣ ва мазҳабӣ низ дар минтақа ва хоса Тоҷикистон мунсариф шуда ва барномаи пиёда кардани нақшаҳои мазҳабии худро таҷриба карданӣ нест.