Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Тоҷикистон аз барномаи ҳастаии Эрон


Президентҳои Тоҷикистон ва Эрон изҳор доштанд, ки ҳамраъйӣ ва коршарикии байни ду давлатро дар оянда низ густариш ва таҳким хоҳанд дод.

Миёни Тоҷикистон ва Эрон дар пайи мулоқот ва музокироти руасои ҷумҳурӣ ва ҳайатҳои ду ҷониб шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Муҳимтарини ин санадҳо ҳамчунон тавофуқоте дар заминаи ҳамкориҳои энержӣ мебошад. Ба хусус, интизор меравад, тавофуқномаи миёни ду кишвар дар мавриди такмили сохтмони тунели «Истиқлол», билохира кори ин нақбро, ки солҳо идома дорад, яксара кунад.

Чун бар асоси ин тавофуқи ҳосилшуда ҷониби Эрон 6 миллион доллари дигар ҷиҳати такмили сохтмони «Истиқлол», ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам пайванд мекунад, ихтисос хоҳад дод.

Сохтмони нирӯгоҳи «Сангтӯда-2», масъалаи омӯзиши кашфу истихроҷи маъодини нафту газ ва истирдоди муҷримин низ аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар буд. Масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи бештари Душанбе аст.

Аммо ба назар мерасид чизе, ки раиси ҷумҳури Эрон бештар ба ӯ ниёз дорад, ҳамраъии ҳатто як кишвар, бо вуҷуди ҳарчи гирифори мушкил будани ӯ, аз мавзеъи Теҳрони расмист. Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт дар кулия масоил, аз ҷумла масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ҳамтои тоҷики худ иттифоқи назар доштааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, дар шароити шикасти иқдоси либералӣ, кишварҳои дӯст ба ҳамкории беш аз ҳар вақти дигар ниёз доранд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистону Эрон «то охир» дар канори ҳам бимонанд.

Ин дар ҳолест, ки ба назари таҳлигарон муҳимтарин масъалае, ки Эрон дар сатҳи байналмилалӣ мехоҳад, ҳамраъйони бештаре дошта бошад, қазияи барномаи ҳастаиаш мебошад. Ва дар ду рӯзи пеш муҳлати зарбулаҷали Ғарб ба Эрон дар мавриди қатъи ғанисозии уран ва расидан ба тавофуқ дар сари барномаи ҳастаиаш ба анҷом расид. Ва эҳтимоли ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон низ бештар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз кишвараш аз барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ҳимоят мекунад. Оқои Раҳмон афзуд, Эрону Тоҷикистон ду кишвари шарики табии стратегӣ мебошанд. Ӯ ба зарурати ҳалли мушкили ҳастаии ёрон аз тариқи сулоҳмез таъкид кард.

Аммо боз ҳам барои Тоҷикистон чизе, ки муҳим аст, ҳамон барномаҳои энержияш аст. Зимни мулоқот бо раиси ҷумҳури Эрон тавофуқ шудааст, ки нирӯгоҳи Айнӣ дар рӯдхонаи Зарафшон бунёд шавад. Ҷониби Эрон таҳияи тарҳ ва сармоягузории ниругоҳи Айниро бар дӯш гирифтааст. Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон гуфт, Эрон барои такмили «Истиқлол» панҷ миллион воми имтиёздор ва 1 миллион кумаки билоиваз ихтисос медиҳад.

Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00


Бар изофаи ин ҳамчунин ҷонибҳо бар сари суръат бахшидани сохтмони «Сангтӯда-2» низ ба мувофиқа расидаанд, ки тибқи он дар поёнии соли 2010 нахустин чархаи ин нирӯгоҳ низ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҷониби Эрон дар сохтмони ин нирӯгоҳ 180 миллион сармоягузорӣ хоҳад кард.

Аммо бо ин вуҷуд, бархе таҳлилгарон ва соҳибназарони умур ҳамкориҳои миёни ду кишваро дар як ду соли охир рӯ ба коҳиш медонанд. Ва мегӯянд, аз имконот ва зарфияте, ки ду кишвар барои ҳамкорӣ доранд, ба сурати лозим баҳрабардорӣ намешавад.

Ва санади дигаре, ки дар ин мулоқотҳо ба имзо расид ва ба ҳар ҳол ҷалби таваҷҷӯҳ мекард, қарордоди ду ҷониб дар мавриди истирдоди муҷримин ба кишварҳои якдигар аст. Имзои ин санад ҳадсу гумонеро ба бор овард, ки бо чӣ ҳадафе дар ин мақтаи замонӣ ду ҷониб иқдом ба имзои ин санад кардаанд. Оё чунин афроде вуҷуд доранд, ки дар яке аз кишварҳо муҷрим шинохта шуда ва дар дигаре паноҳ ёфта ва ё дар боздошт бошанд? Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон мегӯяд, феълан чунин ашхосе на дар Эрон вуҷуд дорад ва на дар Тоҷикистон. Ва ин қарордод фароҳам кардани заминаи ҳуқуқӣ барои оянда аст. Аммо ҷаноби сафир изҳори умед мекунад, ки дар оянда низ чунин афродеро надошта бошем.

Ин сафари нахустини Маҳмуди Аҳмадинажод, баъди дубора раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуданаш ба Тоҷикистон аст, аммо на сафари аввалини ӯ ба Душанбе. Тамоми шароити ташрифот ва расми пазироии ифтихорӣ аз Маҳмуди Аҳмадинажод, ба унвони як раиси ҷумҳурӣ ба ҷо омад. Аммо боз ҳам дар сурати ӯ ҷави ҳокими фазои ошуфтаи сиёсии кишвараш диданӣ буд.
XS
SM
MD
LG