Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кембриҷ ва Оксфорди тоҷикон


Адаш Истад
Адаш Истад

Дар Аврупо Оксфорд ва Кембриҷ беҳтарин ва машҳуртарин донишгоҳҳоянд. Донишгоҳи Оксфорди Англия дар оғози асри XII таъсис ёфтааст ва аввалин университети ин кишвар аст. Он нахуст барои афзоиши дониши рӯҳониён таъсис шуда буд, аммо бо кӯшиши шоҳони маърифатпарвар ба донишгоҳи асосии дунявии мардуми олирутба гардид.

Дар муддати сад соли аввал он қадар ривоҷ ёфт, ки ақидаҳои пешқадами профессору донишҷиёни он ба мардуми омии шаҳри Оксфорд нафорид ва байни аҳолии шаҳру университет зиддияти шадид ба вуҷуд омад. Баъди як задухӯрд профессору донишҷиёни Оксфорд ба Кембриҷ гурехта, дар он ҷо донишгоҳи нави аристократиро таъсис доданд.

Оё барои тоҷикон чунин донишгоҳҳои олимақом лозиманд?

Лозиманд. Барои он лозиманд, ки давлат тавонад дар мактаби миёна бо баҳои аъло таҳсил кардаро рағбатнок созад, муносибатро байни муассисаҳои таълим ва ҷомеа ба дараҷаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монад.

Дар Оксфорду Кембриҷи тоҷикӣ таҳсили пулаки набояд бошад. Профессорҳо аз донишмандони машҳур бояд интихоб шаванд.

Дар кишвар се хели мактабҳои олӣ – мартабааш олӣ (оксфордӣ), мартабааш миёна ва мартабааш саввум бояд амал кунанд.

Имтиҳони давлатӣ барои ҳама мактабҳои олӣ дар ҳама шаҳрҳо бояд баробар гирифта шаванд. Чуноне ки дар Эрон ҳаст: ҳеҷ як абитуриент пешаки намедонад, ки дар кадом шаҳр ва дар кадом донишгоҳ таҳсил хоҳад кард. Агар чунин низом ҷорӣ шавад, компютер аз рӯи баҳоҳои дар мактаби миёна ва дар имтиҳони умумии давлатӣ гирифта ҷои таҳсили студентро муайян мекунад. Онҳое, ки барои донишгоҳи навъи оксфордӣ балашон намерасад, ба донишгоҳҳои нимапулакии мақоми миёна хоҳанд дохил шуд. Онҳое, ки ба ин донишгоҳҳо низ балашон нарасад, ба донишгоҳҳои хусусии пулакӣ хоҳанд даромад.

Чунин амал барои дар ҷомеа устувор намудани шоистасолорӣ зарур аст.

Шогирдони мактаби миёна ҳамон вақт ба омӯзиши фанҳо кӯшиш хоҳанд намуд, ки ҳосили кӯшишҳои пешинаи худро дар вақти имтиҳони қабул ба мактабҳои олӣ равшан ҳис кунанд.

Муаммое, ки барои ҷорӣ кардани ин низом пеш меояд, ришвахории омӯзгорони мактаби олист.

Агар дар мактаби олии навъи оксфордӣ муаллимон вақти имтиҳонҳо ришвахори карда ба донишҷӯёни камсавод баҳоҳои баланд гузоштанро давом диҳанд, мақсад амали нахоҳад шуд.

Баъд қоидаву қонунҳоеро бояд қабул кард, ки тибқи онҳо дар вазифаҳои баланд чӣ давлативу чӣ ҷамъиятӣ дар вақти интихоби кадрҳо ба воситаи озмун танҳо хатмкардаҳои мактаби олии мартабаи олӣ (яъне оксфордӣ) имтиёз хоҳанд дошт.

Он гоҳ ба маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ барин падидаҳои протексионистӣ заминае нахоҳад монд.

Хатмкардагони мактабҳои олии Тоҷикистон бо дипломҳои худ ҳуқуқи комили дар кишварҳои Ғарб кор карданро бояд дошта бошанд. Як тоҷикистонӣ, ки маълумоти олӣ дораду дар Русия кор мекунад, гуфт, ки дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистонро Русия эътироф намекунад. Ба ин сабаб ҳазорон тоҷикони маълумоти олидор маҷбуранд, ки ба корҳои каммузд даст бизананд. Ё бекор нишинанд. Ба мисли ман, - илова кард ӯ.

19 июни соли 1999 давлатиҳои Аврупо дар шаҳри Болоня эъломияи «Минтақаи маълумоти олии аврупоӣ»-ро қабул карданд. То ҳол ба ин эъломия 46 давлат шомил гардидаанд. Эъломияи Болоняро Русия, Украина ва Қазоқистон низ имзо кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ки аз чунин ҷараёнҳои байналхалқӣ бехабар намонад ва ба онҳо ҳамроҳ шуда мактабҳои олии худро ба меъёрҳои аврупоӣ мувофиқ гардонад.

Адаш Истад, нависандаи тоҷик, шаҳри Самарқанд, аз торнигори фарҳангии "Герби шердор"
XS
SM
MD
LG