Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арҷгузорӣ ба донишманди тоҷик дар Эрон


Дар як ҷаласаи пуршукӯҳ дар Эрон Сафар Абдулло, донишманди тоҷики муқими Қазоқистонро фарзанди ростини Фирдавсӣ ва Эронзамин ва лавҳи ифтихори Эрони бузург ва Хуросони азиз хонданд ва ӯро бо ду сиккаи тилло қадр карданд.

Тавре ховаршиноси шинохтаи тоҷик мегӯяд, чунин арҷгузорӣ ба заҳматҳои, ба гуфтааш, ночиз дар шаҳри Ҳамадон дар ҳузури донишмандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба вуқӯъ пайваст. Сафар Абдулло мегӯяд, вай дар донишгоҳҳои гуногун суханронӣ ва дар ҳамоишҳои зиёд ширкат карда буд, вале ба ин дараҷа чунин арҷгузорӣ ва эҳтиромро ба шахси хеш, ки онро муҳаббати бародарон ва хоҳарони эронӣ ба тоҷикони Вароруд медонад, эҳсос накарда буд. Сафар Абдулло мегӯяд, «ман дар он ҷо суханроние таҳти унвони «Растохези фарҳангии замони Сомониён ва нақши Фирдавсии Тӯсӣ ва Бӯалии Сино дар ин эҳё ё растохез» доштам ва сӯҳбат аз сӯи ҳозирон бисёр хуб пазируфта шуд ва ҳамон лаҳза чандин донишгоҳҳои эрон ба банда муроҷиат ва тақозо карданд, ки як мулоқот ва ё суханроние дар донишгоҳҳояшон дошта бошам. Чун ин конфронс дар шаҳри Ҳамадон буд, ман ризоият додам, ки дар ин ҷо мулоқот кунам ва бо номи «Ватанҳои парешон» як суханронӣ барои банда гузошта буданд ва таҷлиле аз ин ҳақир дар Донишгоҳи Бӯалӣ Синои Ҳамадон доштанд. Таҷлил бисёр-бисёр барои ман муассир буд, ба хотири ин ки ман эҳсос кардам, чӣ қадр мардуми Эрон ишқ ва алоқа ба ҳамзабононашон дар ин сӯи марзҳо, яъне дар Варорудон доранд»…

Ба гуфтаи оқои Сафар Абдулло, маҳфили хоссае, ки ба ифтихори вай дар донишгоҳ доир карданд, мебоист ду соат идома мекард, вале беш аз яку ним ҳазор ширкатдорон ҳеч аз суханҳои пурмӯҳтаво ва меҳрбори донишманди тоҷик сер намешуданд ва гаштаву баргашта ӯро ба сӯҳбат мехонданд ва ин маҳфили дӯстдорони адаби форсӣ шаш соат давом кард. Худи толор низ басо зебо оро дода шуда буд ва дар он пораҳо аз ашъори шоирони маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Фарзона бо хати зебои настаълиқ навишта ва харитаи Тоҷикистон --ин пораи Хуросони бузург дар он ҷо овехта шуда буд.

Сафар Абдулло дар ин маҳфил дар бораи тоҷикони Вароруд, вазъи онон дар минтақа, ҳоли табоҳи фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбакистон, каҷравиҳо нисбати забони тоҷикӣ дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои афғон, зарурати дар Тоҷикистон баргаштан ба хати бобоии форсӣ ва номгузории забонамон ба тоҷикӣ (форсӣ) ва роҳҳои пайванди, ба истилоҳи донишманд ватанҳои парешони марзи Эронзамин - Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо далоил ҳарф зад ва барои тағйири вазъ дар мавриди забони тоҷикӣ ва муносибат ба тоҷикон дар ҷаҳон пешниҳодҳо намуд. Донишманди эронӣ устоди донишгоҳи Ҳамадон Алии Муҳаммадӣ - суханронӣ ва маҳфили хоссаи Сафар Абдуллоро яке аз рӯйдодҳои фаромӯшнопазир дар Ҳамадон дониста, он ҳамоиши илмиро маҳфили пайвандгари мардуми Эронзамин ва Хуросони бузург ва худи Сафар Абдуллоро яке аз чунин пайвандгарон хондааст ва гуфтааст, ки бештари донишмандон аз Шерозу Теҳрону Исфаҳон дар орзуи дидан ва шунидани сӯҳбатҳои илмии вай ҳастанд.

Ин мулоқот дар Эрон яке аз рӯйдодҳои фаромӯшнопазир дар ҳаёти Сафар Абдулло дар соли 2009 буд. Ҳамчунин, дар ин сол донишманди тоҷик чопи маҷаллаaш «Эроннома»-ро идома дод ва боз чаҳор шумораи он ба хонандагони русзабон пешкаш гардид. Тавре дар номаҳои зиёди хонандагон низ таъкид шудааст, ин маҷалла, ки соли сеюм ба нашр мерасад, алъон яке аз нашрияҳои муътабари илмӣ дар бахши ховаршиносӣ, ба вижа дар эроншиносӣ гардид. Бар илова, феҳристи дастхатҳои Китобхонаи миллии Қазоқистон, ки онро донишманд бо ҳамроҳии пажӯҳишгари эронӣ доктор Камолиддинӣ таҳия ва дар Қазоқистон нашр карда буд, имсол дар шакли васеъ бо номи «Дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон» дар Теҳрон нашр гардид.

Сафар Абдулло ҳамчунин рӯи чанд китоб кор мекунад, ки дуи он ба эҷодиёти Ҳаким Фирдавсӣ иртибот дорад. Якеи он «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва шеъри муосири форсӣ» ва дигаре «Шоҳнома чун сарчашмаи торихи ақвоми Эрон ва Осиёи Марказӣ» аст. Ду китоби дигаре, ки донишманди тоҷик чанд сол аст, навиштани онҳоро идома медиҳад, китоби «Чеҳраҳо» дар бораи 35 шахсияти тоҷик ва китоби «Андешаҳои торихӣ ва фалсафӣ дар бораи сарнавишти забони форсӣ» аст. Донишманди тоҷик Сафар Aбдулло гуфт, ки соли оянда умед дорад , баъзеи ин китобҳоро ба анҷом расонад ва агар имкони молӣ даст диҳад , ба нашр расонад. Ҳамчунин дар соли нави 2010 донишманди тоҷики муқими Қазоқистон профессор ба ҳама ҳаммеҳанон ва ҳаммилатон дар саросари ҷаҳон хушбахтӣ ва зиндагии обод орзу намуд.
XS
SM
MD
LG