Ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Қазоқистон, бахши пулиси ҷиноии ин вазорат дар як амалиёти вижа аъзои гурӯҳи байнулмилалии ҷиноиеро мушаххас намуд, ки ба рабудану фурӯхтани мошинҳои гаронбаҳо машғул буданд. Гуфта мешавад, ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шаҳрвандони чанд кишвар, аз ҷумла, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил буданд.
Ба думболи ин амалиёт, кормандони пулиси Қазоқистону Тоҷикистон ҷустуҷӯи мошинҳои ғайбзадаро шурӯъ карданд. Олег Ивашенко, як тан аз масъулини дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Қазоқистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯиву тафтишотии вазоратҳои умури дохилаи Қазоқистон ва Тоҷикистон ташкил карда шуд ва дар қаламрави Тоҷикистон 14 мошини аз Қазоқистон, аз шаҳрҳои Остона, Алмаато, Павлодар, Қарағанда ва Атирау рабудашуда ошкор гардид, аз ҷумла 9 мошини тамғаҳои “Toyota”, “Lexus”, ширкати “General Motors” ва 5 мошини “Нива-Шевроле”-и тавлиди Русия”.
Олег Ивашенко афзуд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва акнун, тибқи созишҳои байнулмилалӣ, мошинҳо бояд ба соҳибони аслияшон баргардонида шавад.
Корманди вазорати умури дохилаи Қазоқистон афзуд, ки аз ин пеш бар асари ҳамин гуна амалиёт дар Қирғизистон аз як гурӯҳи дигари муташаккил ҳам чанд мошини гаронбаҳои тавлиди кишварҳои ғарбӣ мусодира шуда буд.