Ин қонун бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар мавриди ҳимояи зистмуҳитӣ таҳия шуда ва ҳадаф аз он роиҷ шудани фарҳанги истифодаи манобеи алтернативии энержӣ мебошад. Муаллифони ин қонун бовар доранд, ки амалӣ шудани он аз обшавии босуръати пиряхҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва ҳамин тавр аз фоҷиаҳои эҳтимолии зистмуҳитӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Аммо истифодаи аз манобеи барқароршавандаи энержӣ танҳо дар Тоҷикистон кофист, ки аз обашавии пиряхҳо ҷилавгирӣ шавад.
Муаллифони Қонуни истифода аз манобеъи барқароршавандаи энержӣ мегӯянд, ҳадаф аз қабули ин қонун ҷилавгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои зистмуҳитӣ дар оянда, обшавии басуръати пиряхҳо ва сарфакории манобеи дигари энержӣ мебошад. Қонуни мазкур муносибати миёни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро дар амри истифода аз манобеъи барқарор шавнадаи энержӣ танзим мекунад. Ба гуфтаи муаллифони ин тарҳ, то ҳоли ҳозир бар асари истифода аз манобеъи энержии суннатӣ, мислӣ фаровардаҳои нафтӣ ва газу ангишт мизони олудагии ҳаво дар минтақа боло рафта, ки он боиси обшавии беш аз ҳадди пирияхҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва ҳамчунин афзоиши гармои ҳаво шудааст.
Бар асоси Қонуни қабулнамудаи МН, акнун дар Тоҷикистон, нирӯи офтоб, бод, нируи ҷараёни об, обҳои гарми зеризаминӣ ва биомассаҳо, обанборҳо манбаҳои барқароршавандаи энержӣ маҳсуб мешаванд. Дар қонуни мазкур ҳамчунин ба сармоягузорӣ дар ин бахш имтиёз дода мешавад ва таъсиси бунёди рушди истифода аз манобеъи барқарор шавандаи энержӣ низ пешбинӣ шудааст.
Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энержӣ дар МН Тоҷикистон мегӯяд, аз ду ҷиҳат ин қонун аҳамият дорад, яке ин ки энержии ин манбаҳо харидор дорад ва дигар ин ки ба ин тартиб ландшафти Тоҷикистон ҳифз мешавад ва сармяогузорӣ барои ин бахш бо додани имтиёз ҷалб мешавад.
Аммо аз сӯи дигар бархе таҳлилгарон иҷрои ин қонунро бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоте, ки Тоҷикистон гирифтор аст, зиёд амалӣ намедонанд. Зеро, ба гуфтаи ин таҳлилгарон, партобкунандагони аслии олудагиҳои санъатӣ, ки боиси обшавии пиряхҳо мешаванд, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳастанд. Вагарна Тоҷикистон бе ин қонун ҳам бештар аз 90 дарсади нируи барқи мавриди ниёзи худро дар ниругоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунад. Баръакси кишварҳои ҳамсояаш, ки ҳудуди 70 дарсади нируи барқи худро дар истгоҳҳои ҳароратӣ бо истифода аз газу нафту ангишт ба даст меоранд.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН мегӯяд, бояд ин қонун ҳамчун қонуни моделӣ ба Маҷмаъи байнипорлумонии ҷомеаи муштаракулманофеъ ироа шавад, то ҳамсояҳо ҳам онро қабул кунанд. Зеро ба танҳоӣ пиряхҳоро наҷот дода наметавон ва ин пиряхҳо барои мо манбаъи энержӣ ва барои ҳамсояҳо манбаъи об ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе дигар таҳлилгарон бар ин бовар низ ҳастанд, ки ин иқдоми порлумон навъе посух ба иддаъои ҷониби Узбакистон ва Қазоқистон аст, ки барномаҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистонро зери суол мегузоранд. Ва сохтмони обанборҳои бузургро барои ояндаи зистмуҳитӣ фоҷеабор тавсиф мекунанд. Ва аз ин ҷост, ки коршиносон бовар доранд, бо тарҳи чунин қонуне Тоҷикистон ҳам мехоҳад бигӯяд, агар барномаҳои энержиаш ба назари Узбакистон дар оянда эҳтимоли хатареро дорад, барномаҳои энержии Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон, кайҳо боиси фоҷеъаҳои зистмуҳитӣ шудаанд.