Аммо на барои ҳама. Дар ин рӯз дар хонаводаҳои бисёре дастурхони соли навӣ низ ороста мешавад. Шоира, ки ҳоло дар синфи панҷум мехонад, мегӯяд, аз дигар идҳо дида, бештар мунтазири Соли нав менишинад, чунки дар ин рӯз Бобои барфӣ ва Барфак аз роҳи дур барояш тӯҳфаҳо меоранд. Мунира ва Сабрина, ҳамсолони Шоира, низ мегӯянд, ҳар сол Бобои барфӣ ва Барфакро дар гирди арчаи солинавӣ бо шеърҳои нав истиқбол мегиранд.
Анъанаи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон солҳои сиюми асри гузашта, пас аз вуруди Армияи Сурх ба Осиёи Миёна роҳ ёфт. Дар тӯли 70 соли побарҷоии Шӯравӣ Соли нав ҳамчун иди расмӣ бо шукӯҳу тантанаи хос таҷлил мешуд. Барои мардуми Осиёи Марказӣ, ки асосан пайрави исломанд ва солшумории хешро аз Наврӯз шурӯъ мекунанд, таҳаввулоти дигар дар пайи таҷлили иди нав – солшумории ҷадид буд. Гулҷаҳон Бобосиддиқова, собиқ ходими ҷамъиятии ҳукумати Шӯравӣ, мегӯяд, ҳарчанд Соли нав зодаи замони дигар буд, мардуми Тоҷикистон онро дар доираи хонаводаҳояшон бо шаҳомат таҷлил мекард.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, мегӯяд, маҳбубияти Соли нав нисбат ба замони Шӯравӣ коҳиш ёфтааст ва он омодагиҳои бошукӯҳе, ки дар замони Шӯравӣ ва чанд соли баъд ба назар мерасид, дигар дида намешавад. Ҷаноби Сафаров мутмаин аст, ки ҳавасмандии мардум низ ба идҳои милливу динӣ, аз ҷумла, Рӯзи истиқлол, Наврӯз, идҳои Қурбону Рамазон бештар шудааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, набояд ба Соли нав хусусияти умумимиллӣ ва сиёсӣ дод ва ҳамчунин набояд ба онҳое, ки дар 70 соли Шӯравӣ Соли навро қайд мекарданд ва имрӯз низ ин меросро идома доданиянд, садамаи равонӣ расонд. Зеро, ин ҳуқуқи фардии ҳар як шаҳрванд аст, ки кадом идро чӣ гуна мегузаронад.
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, солҳои охир ба назар мерасад, ки ҳам давлат ва ҳам худи мардум бештар ба идҳои миллӣ ва динӣ арҷ мегузоранд. Ба бовари ӯ, ин аз зовияи шинохти миллат сарчашма мегирад, ки аз марҳилаи худшиносӣ ба роҳи рушди фарҳанги маънавӣ шакл гирифтанист.
Ҳарчанд мегӯянд, шаҳомати таҷлили Соли нав дар ҷомеа хеле коҳиш ёфтааст, вале аз аввали моҳи декабр сар карда, аллакай рӯҳияи ин ид дар кӯчаю дохили корхонаҳо ба назар мерасад. Насби шиорҳои соли навӣ, акси Бобои барфию Барфак дар биноҳои ҷамъиятӣ, пайдо шудани арчаҳои соли навӣ дар хиёбону дохили корхонаҳо, далели мерос мондани идеяи Шӯравист.
Аммо Соли нав дигар иди расмӣ нест ва дар ин рӯз истироҳат ҳам пешбинӣ нашудааст, ҳарчанд солшумории расмӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон аз 1-уми январ оғоз мешавад.