Ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нав шуд. Дар ҳайати он намояндагон аз ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ, барои мисол раиси ИЖТ, ва чанде аз аҳзоби тозатаъсис - ҲИИТ, ҲАТ ва ҳамчунин ҲСТ бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров ворид шуданд. Албатта, намояндаҳои ҲКТ, ҲНИТ ва ҲДТ дар ҳайати ин комиссия якнафарӣ боқӣ монданд. Ба ин тартиб, ба истиснои ҲСДТ бақия аҳзоби сиёсӣ вориди ин комиссия шуданд.
Вале боз ҳам аз ҲХДТ ба унвони ҳизби таҳти роҳбарии раиси Ҳукумати Тоҷикистон се нафар намоянда шомили ин комисия шуданд. Аз ин рӯ, ҳоло дар маҳофил ва доираҳои сиёсии кишвар бар ин назаранд, ки ҳайати нави КМИР як навъ оина ва ё тасвире аз Маҷлиси намояндагони оянда аст. Ба ин маъно, ки Маҷлиси намояндагони оянда дуруст аз ҳисоби аҳзоби воридшуда ба КМИР ва чанде аз номзадҳои ғайриҳизбӣ ташкил хоҳад шуд.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, ташкили ҳайати нави КМИР аз сӯи раисҷумҳурӣ ҷогиршавии нерӯҳои сиёсӣ ва ҳатто соҳиби чанд курсӣ шудани онҳо дар порлумони ояндаро маълум кардааст. Оқои Мирзо гуфт, акнун ин вазифаи дастандаркорони интихоботӣ аст, ки мароҳил ва раванди интихоботиро орому амн пушти сар кунанд. Аз сӯи дигар, интихобот ва раванди онро шаффофу озоду ба истилоҳ демократӣ ҷилва диҳанд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, низ бо таваҷҷӯҳ ба таркиби ҳайати нави КМИР ба бисёрҳизбӣ шудани порлумони ояндаи кишвар ишора кард. Ҷаноби Сафаров мутмаин аст, ки ҳукумат дар ташкили Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ воқеияти феълии кишварро ба назар гирифтааст. Аз тарафи дигар, ҳоло ки мардум бештар аз сиёсатиҳои ҳукумати феълӣ ҷонибдорӣ мекунанд, ҳизби ҳоким раъйи бештарро дар интихоботи порлумонӣ ба даст хоҳад овард.
Иброҳими Усмон, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ташкили КМИР далели он аст, ки намояндагони аҳзоби дигар ҳам вориди порлумон мешаванд. Аммо ин аҳзоб чӣ гуна нерӯи сиёсианд ва оё соҳиби ақида ва иродаи мустақиланд ва ё баръакс он чиро ки гурӯҳи дар сари қудрат мехоҳад ҳамонро иҷро мекунанд, аз ҳоло маълум аст.
Ба ин тартиб, бо он ки Комисияи марказии интихоботи нави Тоҷикистон оина, тасвир, тамсил ва ё намуна аз Маҷлиси намояндагони ояндаи кишвар унвон мегирад, тафовути аслии ин интихоботи порлумонӣ аз интихоботҳои қаблӣ ин аст, ки аҳзоб талоши ташкили эътилофӣ интихоботӣ накарданд ва низ ҳеҷ кадоме аз онҳо, аз ҷумла ҲСДТ, ки барояш дар ин Комиссия ҷое надоданд, нагуфтаанд, ки онро таҳрим мекунанд. Аз ин рӯ, боз ҳам ин Комиссия ва дар садри он Мирзоалӣ Болтуев аст, ки ин навбат низ интихоботро натиҷагирӣ мекунад.