Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамоиши ғайрирасмӣ ҳуҷҷати расмӣ имзо гардид


Дар Алмаато рӯзи 19-уми декабр нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ баргузор гардид. Бино ба иттилои Бағлан Майлибоев, сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон, дар ин нишаст ба шумули Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, сарони 7 кишвар: Русия, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон ширкат доштанд. Ба ин нишаст Ислом Каримов низ даъват шуда буд, вале вай ба ҳамоиш ҳозир нашуд.

Бағлан Майлибоев, сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, қабл аз оғози нишасти ғайрирасмӣ мулоқоти алоҳидаи сарони кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон дар ҷаҳорчӯби иттиҳоди гумрукӣ доир гардид. Оғози фаъолияти иттиҳоди гумрукӣ ба 1-уми январи соли 2010 муайян шудааст ва Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, гуфт, бори нахуст дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳо ҳуҷҷати расмӣ-баёнияи муштарак дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ байни Қазоқистон, Белорус ва Русия ва нақшаи фаъолият ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид.

Дар мулоқоти умумӣ низ мавзӯъҳо иттиҳоди гумрукӣ, ҳамгироӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ аз масоили калидии гуфтугӯ буданд. Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, таҷрибаи баргузор кардани чунин нишастҳои ғайрирасмиро бояд идома дод, зеро ин нишастҳо барои ҳалли бисёр масоил ёрӣ мерасонанд. Ба гуфтаи сарвари Қазоқистон, як чунин мулоқоти ғайрирасмӣ боиси арзи вуҷуд кардани Созмони ҳамкории Авруосиё гардида буд, ва дар мулоқоти дигар, ки соли гузашта дар Қазоқистон доир шуда буд, тасмими ташкил кардани Иттиҳоди гумрукӣ гирифта шуд.

Досим Сатпаев, сиёсатшиноси қазоқ, мегӯяд, дар ин ҷо масъалаи асосӣ мавзӯи Иттиҳоди гумрукӣ буд, барои кулли кишварҳои дигари ИДМ, тавре таҷриба нишон медиҳад, ин мулоқот чандон аҳамияти вижаро доро нест ва он бештар барои Русия , Белорус ва Қазоқистон муҳим аст.
XS
SM
MD
LG