Вале то куҷо ин пулҳо воқеан ҳам моли хусусии ӯ буда метавонад? Ба ин савол Алишер Таксанов, журналисти ӯзбак ва дипломати собиқ дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ чунин гуфт:
“Шояд ин пулҳо аз ширкати “Зеромакс”-и ӯ, ё аз фурӯши тилло, нафт ё пахта ба даст омада бошад. Ба фикри ман, ин он
Дар Ӯзбакистон аз хурд то бузург медонанд, ки даромади аслӣ аз фурӯши газ ва захираҳои дигари кишвар, ба мисли нафту тиллову пахта ба кисаи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва махсусан ҳисобҳои хориҷии духтари ӯ Гулнора меравад.
Фарҳод Иноғомбоев дар гузашта сармуҳосиби хусусии духтари президент будааст. Ҳоло ӯ дар Амрико ба сар мебарад. Вай мегӯяд, ворид шудан ба ин рӯйхат барои худи Гулнора Каримова хеле муҳим буда ба ӯ мавқеи хосе медиҳад. Оқои Иноғомбоев гуфт:
“Ман аниқ гуфта наметавонам, ки оё ҳамаи ин пулҳо ва ё фақат қисмаш марбут ба Гулнора Каримова аст. Дар Швейсария акнун инро ошкор менависанд ва исми Гулнора Каримова дар чунин рӯйхатҳои вижа дар сатҳи аврупоӣ ҳам пайдо мешавад. Ӯ худро як олигарх мешуморад. Дарвоқеъ пули ӯ чанд аст - 600 миллион ё 700 миллион ё як миллиард? - маълум нест. Барои ӯ муҳимтар аст, ки исмаш дар қатори олигархҳо зикр шуда бошад”.
Мақоми ҳуқуқии Гулнора Каримова дипломат ва як корманди давлатӣ мебошад. Дар Ӯзбакистон маоши расмии як мақомдори сатҳи боло тақрибан 100-150 долларро ташкил медиҳад. Як таҳлилгари дигари ӯзбак, ки дар гузашта узви ҳукумати Каримов будааст гуфт, ҳарчанд дар Ӯзбакистон мардум исми доротаринҳоро бе ингуна рӯйхатҳо ҳам хуб медонанд, вале расман пайдо шудани исми Каримова дар як чунин феҳраст пеш аз ҳама аз лиҳози ахлоқиву инсонӣ вокунишҳои манфиро ба бор меорад. Камолиддин Рабимов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ингуна ҳолат мавқеи ду гурӯҳи ҷомеа – мардуми оддӣ ва бюрократҳои ҳукуматӣ аз ҳам бо андак тафовут фарқ хоҳад кард:
“Назари мардуми оддии Ӯзбакистон нисбати хонаводаи Каримов кайҳост ба таври собит интиқодӣ мебошад. Гурӯҳи дигар – бюрократҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки худ фасодзада мебошанд ва ба чунин феҳраст назар ба мардуми оддӣ бо интиқоди бештар муносибат хоҳанд кард. Онҳо на фақат атрофиёни Каримов, балки мақомдорони сатҳи вилоятиву минтақаӣ ҳастанд, яъне бюрократияи сатҳи миёнаро ташкил медиҳанд. Аз сӯе онҳо гурӯҳи бисёр огоҳ ҳастанд ва ҳамеша дар фикри кишвар, давлат, худ ва хешу наздикони худ мешаванд. Аз ин рӯ онҳо ҳамеша қишри пинҳонии мухолифонро ташкил хоҳанд дод. Танҳо гурӯҳе, ки дуогӯи дарозумрии Каримовҳо дар сари қудрат хоҳад буд, ин бюрократияи сатҳи баландтарин аст, чунки онҳо мефаҳманд, ки ҳифзи нуфуз ва қудрати онҳо ба пойдории ҳукумати Каримов вобастагии сахт дорад”.
Камолиддин Рабимов афзуд, ки агарчанд ҳам як қисми ин дороиҳои Гулнора Каримова сарвати хусусии ӯ бошад, аз тарафи дигар, вай аз саҳмгузорони аслии ришвату фасод дар кишвар аст, ки паёмадҳои ногуворе барои ин кишвар хоҳад дошт.
Бар тибқи як хабари дигар, Гулнора Каримова дар шаҳри Женева моҳи сентябр ҳавлие харидорӣ кардааст, ки 16-17 миллион франк ё ҳамин қадар доллари амрикоӣ арзиш дошта дар қаламрави 2471 метри квадратӣ ҷойгир шудааст.