Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талош барои ҷаҳонӣ кардани ҷашни Наврӯз


Эрон пешнависи қатъномаеро ба СММ пешниҳод кардааст ва хостааст, ки Наврӯз ҷашни байнулмилалӣ эълон шавад. Дар сурати тасвиб Наврӯз ба ҷашни байнулмилалӣ табдил хоҳад ёфт.

Бо вуҷуди он ки Эрон ҷумҳурии исломист ва Наврӯз ба давраи пеш аз Ислом тааллуқ дорад, вале Наврӯз дар ин кишвар ҷашни миллӣ ва оғози соли нав дониста мешавад.

Наврӯзро ҳамчунин дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва Туркияву Озарбойҷон ҷашни миллӣ эълон кардаанд. Пешнависи пешниҳодкардаи Эрон ба СММ ташаббуси ҳамин кишварҳо низ дониста мешавад.

Моҳи маи соли ҷорӣ ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон ворид карда буд.

Иди миллии мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна – Наврӯз ҳар сол дар рӯзи 21 март, ҳамчун рӯзи баробарии шабу рӯз ва фарорасии соли нави мардуми машриқзамин таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон Наврӯз ба ҳайси муҳимтарин ҷашни миллӣ талҷил мешавад ва ҳар сол яке аз шаҳрҳо ё ноҳияҳои кишвар мизбони Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ мегардад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 Наврӯз дар Данғара таҷлил хоҳад шуд.

Яке аз суннатҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон пухтани сумалак бо вижагиҳои хосаш аст ва навори зер, ки дар ҷашни Наврӯзи имсола таҳия шуда буд, аз ин вижагиҳо қисса мекунад.

Ҳамчунин, дар паҳлӯи рости ин саҳифа нигористонҳо ва аксу садоҳо аз ҷашнҳои наврӯзии қаблӣ интизори клики шумоянд.

Navruz in Tajikistan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

XS
SM
MD
LG