Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи таблиғиҳо дар Қӯрғонтеппа


Мурофиаи додгоҳии 36 узви ҷараёни “Ҷамоати Таблиғ” дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон шурӯъ шуд.

Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2006-ум ба сабаби экстремистию террористӣ шинохта шудан, бо ҳукми Додгоҳи Олӣ мамнӯъ гардидааст. Аз миёни 36 гумонбар ба узвияти созмони “Ҷамоати табилиғ” 17 нафарашон алъон дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд ва 19 тани дигар ба шарти тарк накардани қаламрави маркази маъмурии вилояти Хатлон феълан дар озодӣ ба сар мебаранд.

Додситонии Хатлон ин афродро дар ташкили созмони ҷиноӣ бо ҳадафи барҳамзании сохти конститутсионии Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Анвар Назаров, намояндаи додситонии Хатлон, гуфт, тобистони имсол ба гумони узвият дар созмони экстремистии «Ҷамоати Таблиғ» 46 нафар дастгир шуда буданд.

Қозии мурофиаи додгоҳӣ тасмим гирифт, ки мурофиа дар бинои боздоштгоҳи муваққати Қӯрғонтеппа баргузор шавад, зеро, ба гуфтаи ӯ, бинои додгоҳи вилояти Хатлон имкони ғунҷоиши ин теъдоди бузурги муттаҳаминро надоштааст ва низ ҳар дафъа аз маҳкама ба додгоҳ расонидани гумонбарон барои мақомот мушкил эҷод мекардааст.

Дар мурофиа аз ҳуқуқи ин 36 нафар панҷ вакили мудофеъ ҳимоят мекунад. Адвокат Сайвалӣ Наврӯзов, ҳомии ҳуқуқи 12 нафари муттаҳам, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд муҳокимаи додгоҳӣ расман кушода эълон шудааст, аммо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққат иҷоза намедиҳад, ки пайвандони афроди муттаҳам вориди мурофиа шаванд. Ба гуфтаи оқои Наврӯзов, нафарони таҳти ҳимояташ иттиҳомоти додситониро комилан рад карда ва худро бегуноҳ ҳисоб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бародари яке аз нафарони маҳкумшуда дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки афроди муттаҳам дар баробари садҳо ҳазор мусалмони дигар дар яке аз масоҷиди Қӯрғонтеппа намоз гузорида, пайрави мазҳаби Ҳанафия, мазҳаби расман эътирофшуда дар Тоҷикистон, ҳастанд ва аслан ба умури сиёсӣ даст намезадаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонӣ мегӯяд, ҷамъомадҳои пайравони “Ҷамоати таблиғ” пушти дарҳои баста сурат гирифта ва онҳо бо аъмоли худ бехатарии кишвар ва шаҳрвандонро зери суол мебурданд. Варқа Зайниддинов, сухангӯи додситонии Хатлон, ин гурӯҳро бо салафиён як дониста, мегӯяд, мақсадашон баргашт ба Хилофати исломист. Ба гуфтаи ӯ, пайравони ин ҷараён таҳсилкардаи Покистон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳастанд.

Ба иттилои хадамоти амниятии вилояти Хатлон, дар миёни 36 нафари муттаҳам ба узвияти “Ҷамоаи таблиғ” танҳо 15 нафарашон дар Покистон ва Ҳиндустон таҳсил дидаанд. Ин афрод асосан сокинони навоҳии Бохтар, Вахш, Мӯъминобод буда, онҳоро Кумитаи амнияти миллӣ дар яке аз масоҷиди шаҳри Қӯрғонтеппа дастгир кардааст.

Сайвалӣ Наврӯзов, вакили дифоъи 12 тан аз муттаҳамин дар узвияти “Ҷамоати таблиғ”, мегӯяд, нафарони таҳти ҳимояташ дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфтаанд, ки ҳукми Додгоҳи Олӣ барои манъи фаъолияти созмони “Ҷамоати таблиғ” расман нашр нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳукми Додгоҳи Олӣ бидуни кадом як баррасӣ ва таҳқиқи амиқ содир гардидааст. Ҳамчунин, вакили дифоъ афзуд, ки қонуни нави афв дар нисбат ба муттаҳамин ба узвияти “Ҷамоати таблиғ” татбиқ нахоҳад шуд, зеро мувофиқи қонун афроде, ки дар халалдор кардани сиёсати давлат ва амнияти кишвар муттаҳам дониста мешаванд, умуман мавриди афв қарор намегиранд.

Дар сурати собит шудани гуноҳи муттаҳамин дар узвияти “Ҷамоати таблиғ” дар додгоҳ, онҳоро ҷазои ҳадди ақалл 25 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ҳадди аксар 8 соли зиндон интизор хоҳад буд.

Гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳӣ тоза шурӯъ шуда, ба эҳтимоли қавӣ то моҳҳои аввали соли 2010 идома хоҳад дошт.

Ин дуввумин як чунин муҳокимаи додгоҳии пайравони “Ҷамоати таблиғ” дар моҳи декабр аст. Феълан, дар маҳкамаи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе низ мурофиаи 56 нафари гумонбар ба узвияти “Ҷамоати таблиғ” ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG