Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти тоҷик дар гиребони тоҷик, мушти тоҷик ба сари тоҷик


Тоҷик қотили тоҷик?

Дар бораи ин ҳодиса қариб ҳама расонаҳои Русия хабар доданд – дар бинои ширкати ”Стрела”, воқеъ дар хиёбони ба номи Вернадскии шаҳри Маскав, гурӯҳи тоҷикон даст ба гиребон шуданд.

Аниқтараш, як гурӯҳ мавриди ҳамлаи гурӯҳи дигар қарор гирифт. Низоъ он қадар амиқ рафт, ки бар асари он се нафар бо ҷароҳатҳои вазнини сар ба бемористон интиқол ёфтанд ва аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд. Дилбар Хоҷаева, масъули бахши матбуоти намояндагии бахши муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузориҳои маҳаллӣ рух додани ин ҳодисаро таъйид кард ва гуфт, ҳар се ҷароҳатбардоштагон – Фаррух Шокиров, Исроили Исмоил ва Фаррух Амирхонов 17 ё 18 сол доранд ва баъди латукӯби шадид аз онҳо 79 ҳазор рубли русӣ, телефонҳои ҳамроҳ ва компутари дастии раиси ширкати “Стрела”-ро рабудаанд.

Чанд соат баъд аз ин ҳодиса се нафаре, ки тоҷиконро ба лату кӯб кашида буданд, боздошт шуданд. Кормандони милиса муқаррар карданд, ки ҳамларо собиқ корманди ширкати “Стрела”, сокини ноҳияи Қубодиён Ашрафҷон Ҳамробоев ташкил ва ба он ҳамдиёри худ Ҷӯрабой Эрназаров ва сокини ҷумҳурии Қалмиқистони Русия Арзуман Абдуллоевро ҷалб кардааст. Мақомоти тафтишот гуфтаанд, ки ҳадаф аз ҳамла фақат рабудани пул будааст.

...Ки бо ман ҳарчӣ кард, он ошно кард?

Назар Мирзода, раиси созмони тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, ин гуна бархурдҳо дар шаҳрҳои гуногуни Русия қариб ҳар рӯз рух медиҳанд ва фарҷоми ин низоъҳо – аксар вақт ҳалокати муҳоҷирон аст. Ӯ меафзояд, “мо дар шаҳри Петербург дар ду-се моҳи ахир қариб, ки 10-12 ҷасад фиристодем, ки бисёри онҳо дар низоъҳои байниҳамӣ барои маблағ ё ягон мушкили рӯзгор ё барои зану барои рафиқ занозанӣ кардаанд, ки бо куштор поён ёфтааст. Ҳамин дирӯз ду нафар дар ҳамин хел занозанӣ кушта шуданд, ки ҷасадҳояшонро ба Тоҷикистон фиристодем”.

Назар Мирзода мегӯяд, ин ҷангу ҷидолҳоро метавон аз паёмадҳои бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ номид, ки баъди вуқӯъи он даҳҳо ҳазор нафар аз ҷойҳои кори худ маҳрум монданд. Ӯ меафзояд, муҳоҷирон моҳҳо заҳмат кашида ва аммо маблағе дарёфт накарданд ва баъзеҳо аз интизорӣ хаста шуда, ба ватан баргаштанд ва аммо бархе барои баргардонидани пули худ пофишорӣ мекунанд ва ё роҳҳои дигари дарёфти маблағро меҷӯянд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Назар Мирзода, баъзе аз ин ҷангу ҷидолҳоро корфармоён доман мезананд: “Корфармоён бисёр вақт муҳоҷиронро фиреб мекунанд ва ин фиреб ба худфиребии муҳоҷирон сабаб мешавад. Ин ҳама боиси куштору лату кӯб мегардад. Ва аммо низоъҳо фақат миёни тоҷикҳо нестанд, моҳҳои ахир низоъ миёни тоҷикону узбакҳо ҳам шурӯъ шудааст ва дар ин ҳам асосан корфармоҳо айбдоранд. Бигирем, онҳо чанд узбакро барои кор дар як дӯкон даъват мекунанд ва мегӯянд, ки мо ба шумо ҳар моҳ ҳафт-ҳашт ҳазор рубли русӣ медиҳем. Онҳо розӣ мешаванд ва корфармоён чанд тоҷикеро, ки он ҷо кор карда, ҳар моҳ то 15 ҳазор рублӣ мегирифтанд, аз кор меронанд. Вақте одам бекор мемонад ба ҳама кор даст мезанад – ҳам ба дуздӣ ҳам ба куштор ҳам ба фиребгарӣ. Ин гуна ҳодисаҳо миёни худи тоҷикҳо ҳам рух медиҳанд, яъне як гурӯҳ ҷойи кори гурӯҳи дигарро мегиранд ва ин боиси бархурд мешавад. Низоъҳои байни тоҷикон дар чанд бозори Маскав ва дар Петербург рӯй доданд ва мо фақат баъд аз талоши зиёд тавонистем хомӯш кунем”.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик”, аз пайдо шудани гурӯҳҳое дар шаҳрҳои бузурги Русия изҳори нигаронӣ мекунад, ки маҳз ҳамватанҳои тоҷики худро мавриди азият қарор медиҳанд. Яке аз гурӯҳҳои муташаккил, ба қавли ӯ, аз ҷумла, дар вокзали Қазони Маскав амал мекунад ва чизу чораву пулу моли муҳоҷирҳоро ба зурӣ кашида мегирад ваё онҳоро лату кӯб мекунад.

Беҳуқуқӣ аз надонистани ҳуқуқ

Хушунату ҷангу ҷидол қариб дар ҳама манотиқи Русия, ки он ҷо тоҷикон кор мекунанд, ба як амри воқеӣ табдил шудааст. Ба гуфтаи Назар Мирзода, бештари онҳое, ки вориди низоъ мешаванд, “ҷавонҳои аз 17 то 25-солаанд – онҳо насиҳатгаре надоранд, зеро бародарону волидайнашон ин ҷо нестанд”.

Аз сӯи дигар, аксари ин бархурдҳои хунин яку якбора ва баъзан ғайриинтизор рух медиҳанд ва пешгӯӣ кардан, ки низоъҳо кай ва дар куҷо ва аз сӯи киҳо рух медиҳанд, ғайримумкин аст.

Фаррух Мирзоев, раиси созмони тоҷикони шаҳри Екатеринбург, афзоиши ҷангу ҷидол миёни тоҷиконро, қабл аз ҳама, бо фарҳанги поини ҳуқуқии муҳоҷирон марбут мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “бештари муҳоҷирон қавонини Русия ва ҳуқуқҳои худро намедонад ва, аз ҷумла, маблағи кори худро бидуни санад ба дигар афрод, аз ҷумла, миёнаравҳо, медиҳанд”.

Дар сурати рух додани қонуншиканӣ онҳо ҷуръати ба идораҳои маъмурӣ рафтан ва шикоят карданро ҳам надоранд, зеро бештари онҳо бидуни қарордод кор мекунанд ва аз ин рӯ ҳарос аз он доранд, ки кормандони ҳифзи тартибот на муҷримон, балки худи онҳоро боздошт ва аз кишвар берун хоҳанд кард.

Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ бояд...

Назар Мирзода, раиси созмони тоҷикони муқими Санкт-Петербург, мегӯяд, масъулони созмон аз идомаи ҷангу ҷидолҳо сахт хаста шудаанд ва ҳамдиёрони худро пайваста ба роҳи росту инсоф ва парҳез аз хушунат алайҳи ҳамдигар ҳидоят мекунанд. Ӯ меафзояд, “мо дар ду масҷиде, ки дар Петербург дорем, ҳар намози ҷумъа ҳамватанҳоро барои хештандорӣ, инсофу адолат даъват мекунем”.

Аз нигоҳи Ҳокимшоҳи Муҳаббат, сиёсатшиноси муқими шаҳри Маскав, фақат панду насиҳат кофӣ нест. Аз идомаи низоъ ва ҷангу ҷидолҳо фақат дар ҳоле метавон ҷилавгирӣ кард, ки дар Русия созмони муташаккил ва воқеъан дилсӯзи тоҷикон ташкил шавад. Ба гуфтаи ӯ, “то замоне, ки низоъ дар сатҳи раҳбарони созмонҳо боқӣ мемонад, ин низоъ то охирин тоҷики муқими ин кишвар мерасад. Яъне, низоъи миёни раҳбарони созмонҳо ба ҷанги миёни ҳама тоҷикони муқими Русия табдил шудааст”.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат меафзояд, бояд ба созмони ягона афроде шомил шаванд, ки муҳоҷирон ба онҳо эътимод дошта бошанд ва ба гапи онҳо гӯш андозанд. Аз таъсиси чунин як созмон ҳукумати Тоҷикистон низ набояд канор монад, зеро парокандагии тоҷикон ва идомаи ҷангу ҷидол миёни онҳо ба манфиати ҳукуматдорон нест.

Фаррух Мирзоев ба ташкили чунин як созмони тоҷик бо шубҳа менигарад ва мегӯяд, ки маҳалгароӣ ҳатман садди роҳи таъсиси ин гуна созмон хоҳад шуд - то имрӯз, ба гуфтаи ӯ, аксари созмонҳои муҳоҷирон дар Русия аз рӯи мансубият ба ин ё он маҳал ташкил шудаанд.

Мусоҳибони мо мегӯянд, ягона умеди онҳо ин аст, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ҳарчӣ зудтар хатм мешавад ва бо пайдо шудани ҷойҳои нави кор ҷангу ҷидол миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвари бегона ҳам ба тадриҷ коҳиш хоҳад ёфт. Дунё ба умед?
XS
SM
MD
LG