Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи марбут ба Мирзо Зиёев


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноии Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон, ва ҳамроҳони ӯро ба анҷом расонида, ҷиҳати муҳокима ва эълони ҳукм ба Додгоҳи олии ин кишвар ирсол кардааст.

Тафтишот Мирзо Зиёевро дар ғасби ҳукумат бо рози зӯрӣ, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қочоқи маводди мухаддир муттаҳам меҳисобад. Бино ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, Мирзо Зиёев дар моҳи июли соли ҷорӣ дар Тавилдара аз сӯи ҳаммаслакони худи ӯ кушта шудааст. Бино ба таъйиди мақомоти тафтишот, дар ҳоли ҳозир, 49 нафар аз ҳамроҳони Мирзо Зиёев боздошт шуда, ва интизори ҳукми додгоҳ мебошанд.

Бозрасии парвандаи ҷиноии Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи аршади нерӯҳои иттиҳоди мухолифони тоҷик буд, аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон анҷом шудааст. Аммо хабари хатми таҳқиқи ин қазия тавассути Юсуф Юсуфзода, корманди додсистонии кулли Тоҷикистон, ва аз тариқи шабакаи аввали телевизони ин кишвар дар шоми рӯзи 14-уми декабр мунташир шуд. Оқои Юсуфзода изҳор дошт, ки таҳқиқи ин парванда бомуваффақият анҷом ёфта ва дар ҷараёни тафтиш 49 тан аз ҳамроҳони Мирзо Зиёев бо шумули атбои Русия ва Ӯзбакистон дастгир шудаанд.

Тафтишот мегӯяд, Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Неъмат Азизов, бо ташкили як иттиҳоди мусаллаҳи ҷиноӣ қасд доштаанд, ки бо истифода аз зӯр ва силоҳ ҳокимият дар Тоҷикистонро ба даст оваранд. Вале ба ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар тобистони соли ҷорӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Тавилдара Мирзо Зиёев боздошт мешавад. Аммо ба таъйиди манобеи расмӣ, баъди боздошт Мирзо Зиёев аз сӯи ҳаммаслакони худаш ҳадафи тир қарор мегирад.

Зимнан, талошҳои мо барои пайдо кардани пайвандони афроди боздоштшуда ва вакилони дифои онҳо натиҷа надод, то бифаҳмем, ки ба кори тафтишот чӣ назар доранд. Аммо Фазлиддин Асозода, як хабарнигори маҳаллӣ, ки чанде пештар бо модари Неъмат Азизов вохӯрда буд, ба нақл аз қавли модари Неъмат гуфт, ки ӯ худ фарзандонаш, яъне бародарони Неъматро ба мақомот таслим карда буд. Зеро онҳо худро гунаҳкор намеҳисобиданд:

Ба таъйиди Далер Ғуфронов, хабарнигори нашрияи «Азия плюс», муаллифи охирин мусоҳибаи матбуотӣ бо Мирзо Зиёев, ҳанӯз ҳамон замон, яъне ду моҳ пеш аз маргаш эҳсос мешуд, ки Зиёев сахт дар ташвиш аст, аммо талош мекард, ки онро пинҳон дорад. Вале ба ҳеҷ сурат гумон надошт, ки ӯро хоҳанд кушт.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, ки дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Мирзо Зиёев ба унвони як шаҳид ном мебурд, гуфт, то ҷое ки Мирзо Зиёевро мешинохт, ӯ як шахси итоатпазир буд. Вале агар ӯ дар воқеъ даст ба талоши ғасби ҳокимият задааст, пас гурӯҳҳое ё аз берун ва ё аз дарун ӯро ба ин кор таҳрик кардаанд, ҳарчанд ки оқои Сайфуллозода ба сиҳҳатии ин иттиҳом итминон надорад.

Дар баҳор ва тобистони соли ҷорӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон як амалиёти вижаеро таҳти номи «Кӯкнор-2009» дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара дар шарқи ин кишвар роҳандозӣ карданд. Ин амалиёт дар пайи овозаҳои бархоста дар мавриди вуруди як гурӯҳи ношинос бо роҳбарии Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи оппозисиюни пешин, аз Афғонистон ба ин минтақа шурӯъ шуд. Мирзо Зиёев, фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, масъулияти миёнҷигӣ дар ин амалиётро бар ӯҳда гирифта буд, дар таърихи 11-уми июл баъди як рӯзи боздошт шуданаш дар як задухӯрди то ҳол пурасрор кушта шуд. Мақомот дар он рӯзҳо билофосила масъулияти марги Зиёевро ба дӯши ёрони ӯ бор карданд, вале бо гузашти беш аз 5 моҳ аз рӯйдодҳои Тавилдара ҷузъиёти боздошт ва ҳалокати Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо Ҷага ҳамчунон дар паси пардаи асрор боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG