Имрӯз дар ҳузури раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин як лӯлаи газе мавриди баҳбардорӣ қарор гирифт, ки гази Туркманистонро аз тариқи қаламрави Ӯзбакистону Қазоқистон ба вилояти Шинҷони Чин мерасонад. Маросими баҳбардорӣ дар Самантеппаи Туркманистон маҳалли оғози лӯла ва минтақаи ҳаммарз бо Ӯзбакистон баргузор шуд. Лӯлаи мазкур 1800 километр тӯл дошта ва қарор аст, то 2010 40 миллиард метри мукааб гази табииро ба Чин интиқол диҳад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон, Ҳу Ҷинтао – раиси ҷумҳури Чин, Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Ислом Каримов – раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ширкат доштанд.